https://sputnik.tj/20260629/belousov-samaranoki-pahpodschoi-rusiya-arzyobi-1078670353.html
Белоусов самаранокии паҳподҳои Русияро арзёбӣ кард
Белоусов самаранокии паҳподҳои Русияро арзёбӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазири дифои Русия гуфт, ки самаранокии нерӯҳои паҳподии артиш нисбат ба воҳидҳои анъанавӣ се маротиба зиёдтар аст
2026-06-29T16:59+0500
2026-06-29T16:59+0500
2026-06-29T17:57+0500
украина
амалиёти вижа
дар русия
русия
паҳпод
вазири дифоъ
андрей белоусов
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/1d/1078671557_0:0:2969:1670_1920x0_80_0_0_15301e2c56df752091329bfe20379487.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июн - Sputnik. Вазири дифои Русия Андрей Белоусов дар мулоқот бо хабарнигорони низомӣ изҳор дошт, ки самаранокии системаҳои паҳподии артиш нисбат ба воҳидҳои анъанавӣ се маротиба зиёдтар аст."Дар системаҳои паҳподӣ на сарбозон, балки мошинҳо меҷанганд. Масалан, агар вазифа ҷудо кардани минтақа ё қатъ кардани роҳҳои таъминот бошад, онҳо ҳамин корро мекунанд. Самаранокии онҳо тақрибан се маротиба зиёдтар аз нерӯҳои анъанавӣ аст", - қайд кард ӯ.Вазорати дифоъ бо вазифаи ҳамгироии зеҳни сунъӣ ба артиш, аз ҷумла системаи дифоъи ҳавоӣ рӯбарӯ аст.Белоусов гуфт, ки вазорат маълумоти гуногунро барои истифодаи ин сестемаҳо дар ҳамаи воҳидҳоро таҳлил дорад, айни замон ба он ҳамгиро карда мешавад."Мо инчунин дар Қувваҳои дифоъи ҳавоӣ дар ин самт фаъолона кор мекунем. Ин яке аз ҳафт лоиҳаест, ки мо бояд то охири соли ҷорӣ амалӣ кунем", - гуфт ӯ.Дар мавриди озмоишгоҳҳои истеҳсол ва такмили дронҳо дар хатти пеш, онҳо аллакай қариб дар ҳар як воҳиди асосӣ таъсис дода шудаанд ва Вазорат аз онҳо дастгирӣ мекунад, таъкид кард ӯ.Белоусов бо хабарнигорони низомӣ, аз ҷумла хабарнигорони расонаҳои федералӣ, мулоқот кард. Онҳо масъалаҳои муошират дар мавқеъҳои хатти ҷабҳа, муқовимат ба ҳавопаймоҳои бесарнишини Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина, таҳаввулоти низомӣ ва дастгирии логистикии воҳидҳоро баррасӣ карданд.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/57403
украина
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/1d/1078671557_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_d95c676b061833a80dbdd9edf55ca9e0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амалиёти вижа, дар русия, русия, паҳпод, вазири дифоъ, андрей белоусов
украина, амалиёти вижа, дар русия, русия, паҳпод, вазири дифоъ, андрей белоусов
Белоусов самаранокии паҳподҳои Русияро арзёбӣ кард
16:59 29.06.2026 (Навсозишуда: 17:57 29.06.2026) Вазири дифои Русия гуфт, ки самаранокии нерӯҳои паҳподии артиш нисбат ба воҳидҳои анъанавӣ се маротиба зиёдтар аст
ДУШАНБЕ, 29 июн - Sputnik. Вазири дифои Русия Андрей Белоусов дар мулоқот бо хабарнигорони низомӣ изҳор дошт, ки самаранокии системаҳои паҳподии артиш нисбат ба воҳидҳои анъанавӣ се маротиба зиёдтар аст.
"Дар системаҳои паҳподӣ на сарбозон, балки мошинҳо меҷанганд. Масалан, агар вазифа ҷудо кардани минтақа ё қатъ кардани роҳҳои таъминот бошад, онҳо ҳамин корро мекунанд. Самаранокии онҳо тақрибан се маротиба зиёдтар аз нерӯҳои анъанавӣ аст", - қайд кард ӯ.
Вазорати дифоъ бо вазифаи ҳамгироии зеҳни сунъӣ ба артиш, аз ҷумла системаи дифоъи ҳавоӣ рӯбарӯ аст.
Белоусов гуфт, ки вазорат маълумоти гуногунро барои истифодаи ин сестемаҳо дар ҳамаи воҳидҳоро таҳлил дорад, айни замон ба он ҳамгиро карда мешавад.
"Мо инчунин дар Қувваҳои дифоъи ҳавоӣ дар ин самт фаъолона кор мекунем. Ин яке аз ҳафт лоиҳаест, ки мо бояд то охири соли ҷорӣ амалӣ кунем", - гуфт ӯ.
Дар мавриди озмоишгоҳҳои истеҳсол ва такмили дронҳо дар хатти пеш, онҳо аллакай қариб дар ҳар як воҳиди асосӣ таъсис дода шудаанд ва Вазорат аз онҳо дастгирӣ мекунад, таъкид кард ӯ.
Белоусов бо хабарнигорони низомӣ, аз ҷумла хабарнигорони расонаҳои федералӣ, мулоқот кард. Онҳо масъалаҳои муошират дар мавқеъҳои хатти ҷабҳа, муқовимат ба ҳавопаймоҳои бесарнишини Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина, таҳаввулоти низомӣ ва дастгирии логистикии воҳидҳоро баррасӣ карданд.