https://sputnik.tj/20260528/tojikiston-istehsoli-gusht-ziyod-narkh-1077881307.html
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшт зиёд шуду нархаш ҳам боло рафтааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшт зиёд шуду нархаш ҳам боло рафтааст
Sputnik Тоҷикистон
Агентиии омори Тоҷикистон мегӯяд, ки истеҳсоли гӯшт дар саросари кишвар ба таври назаррас афзоиш ёфтааст
2026-05-28T13:41+0500
2026-05-28T13:41+0500
2026-05-28T13:41+0500
дар тоҷикистон
гӯшт
истеҳсол
саноат
омор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039139027_93:467:2818:2000_1920x0_80_0_0_8afc5c28fb0652355d03cfe17340d45d.jpg
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Ҳаҷми истеҳсоли гӯшти чорвои калон ва майда дар ҳамаи категорияҳои хоҷагидорӣ ба 68 ҳазору 17 тонна расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,5% зиёд мебошад.Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои агентӣ афзоиши истеҳсоли гӯшт дар вилояти Суғд 16,1%, вилояти Хатлон 10,7% ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 12,4%-ро ташкил додааст.Ҳамзамон ба иттилои агентии омори кишвар истеҳсоли гӯшти паранда ба 14 ҳазору 396 тонна расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,3% зиёд гардидааст.Ин ниҳоди давлати таъкид кардааст, ки рушди соҳаи парандапарварӣ дар натиҷаи васеъ гардидани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва зиёд шудани талаботи бозор таъмин гардидааст.Ёдовар мешавем, ки бо ин вуҷуд гароншавии нархи гӯшт яке аз мавзуъҳои баҳсбарангез дар кишвар боқӣ мемонад.Қаблан Хадамоти зиддиинҳисории кишвар арзиши баланди гӯшти дохилиро ба саршумори маҳдуди чорвои сергӯшт, хӯрокаи гарон, сатҳи пасти воридоти чорвои зотӣ ва норасоии мутахассисон марбут дониста буд.Қабл аз Иди Қурбон мақомот ба фурӯшандагон муроҷиат карда буд, ки нархи гӯштро беасосу ғайриқонуни набардоранд.Дар аввалин дӯконҳои шаҳри Душанбе дар арафаи Ид 1 кг гӯшти гов бо нархи аз сомонӣ аз 75-80 сомонӣ нархнома гузошта шуда буд.Аммо дар асл, нархи 1 кг гӯшти гову гӯсфанд дар кишвар беш аз 90 сомониро ташкил дода, дар баъзе то 120 сомонӣ мерасид.Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон дар ҳар сол дар арафаи Ид нархи гӯшт боло меравад ва баъд аз Идҳо нархи он дар ҳамон сатҳ боқӣ мемонад.Қаблан мақомот барои ба эътидол овардани вазъ дар бозор аз Белорус гӯшт харида ба бозори Тоҷикистон ворид карда буд.
https://sputnik.tj/20260522/id-nazdik-maqomot-bozornishinon-narkhro-garon-1077724103.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039139027_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_f99c9d9e0de91dd0c5d0d8c43ed67689.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, гӯшт, истеҳсол, саноат, омор
дар тоҷикистон, гӯшт, истеҳсол, саноат, омор
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшт зиёд шуду нархаш ҳам боло рафтааст
Агентиии омори Тоҷикистон мегӯяд, ки истеҳсоли гӯшт дар саросари кишвар ба таври назаррас афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Ҳаҷми истеҳсоли гӯшти чорвои калон ва майда дар ҳамаи категорияҳои хоҷагидорӣ ба 68 ҳазору 17 тонна расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,5% зиёд мебошад.
Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои агентӣ афзоиши истеҳсоли гӯшт дар вилояти Суғд 16,1%, вилояти Хатлон 10,7% ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 12,4%-ро ташкил додааст.
Ҳамзамон ба иттилои агентии омори кишвар истеҳсоли гӯшти паранда ба 14 ҳазору 396 тонна расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,3% зиёд гардидааст.
Ин ниҳоди давлати таъкид кардааст, ки рушди соҳаи парандапарварӣ дар натиҷаи васеъ гардидани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва зиёд шудани талаботи бозор таъмин гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки бо ин вуҷуд гароншавии нархи гӯшт яке аз мавзуъҳои баҳсбарангез дар кишвар боқӣ мемонад.
Қаблан Хадамоти зиддиинҳисории кишвар арзиши баланди гӯшти дохилиро ба саршумори маҳдуди чорвои сергӯшт, хӯрокаи гарон, сатҳи пасти воридоти чорвои зотӣ ва норасоии мутахассисон марбут дониста буд.
Қабл аз Иди Қурбон мақомот ба фурӯшандагон муроҷиат карда буд, ки нархи гӯштро беасосу ғайриқонуни набардоранд.
Дар аввалин дӯконҳои шаҳри Душанбе дар арафаи Ид 1 кг гӯшти гов бо нархи аз сомонӣ аз 75-80 сомонӣ нархнома гузошта шуда буд.
Аммо дар асл, нархи 1 кг гӯшти гову гӯсфанд дар кишвар беш аз 90 сомониро ташкил дода, дар баъзе то 120 сомонӣ мерасид.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон дар ҳар сол дар арафаи Ид нархи гӯшт боло меравад ва баъд аз Идҳо нархи он дар ҳамон сатҳ боқӣ мемонад.
Қаблан мақомот барои ба эътидол овардани вазъ дар бозор аз Белорус гӯшт харида ба бозори Тоҷикистон ворид карда буд.