Тоҷикистониён дар Рӯзи Ваҳдати Миллӣ чанд рӯз истироҳат мекунанд?

© Sputnik Праздничное мероприятие на День национального единства в Душанбе
Праздничное мероприятие на День национального единства в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2026
Обуна шудан
Дар моҳи июн тоҷиконро ду ҷашни бузург интизор аст - дар ҷумҳурӣ Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи Ошӯро таҷлил мешавад
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Дар охири моҳи июн дар Тоҷикистон ду ҷашни муҳим таҷлил мешавад.
Чун анъана дар кишвар Рӯзи Ваҳдати миллӣ 27 июн таҷлил мешавад.
Он тибки фармони Президенти Точикистон таъсис ёфта, тибқи Конуни Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998 "Дар бораи рӯзҳои ид" ва моддаи 83-и қонунгузории меҳнат қайд карда шудааст.
Ин рӯз як иди миллӣ аст, ки дар он сокинони Тоҷикистон дар чорабиниҳои ҷашнӣ ва ҷашнҳои оммавӣ иштирок мекунанд.
Имсол ин санаи муҳим ба рӯзи шанбе рост меояд, аз ин рӯ, ин ид ба душанбе гузаронида мешавад ва шаҳрвандон се рӯзи пайдарпай аз 27 то 29 июн истироҳат мекунанд.
© SputnikҲафтаи кӯтоҳи корӣ дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Ҳафтаи кӯтоҳи корӣ дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2026
Ин ид пас аз ҷанги тӯлонии шаҳрвандӣ, ки бо имзои "Созишномаи умумӣ дар бораи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон" 27 июни соли 1997 дар Маскав ба поён расид, ҷашн гирифта мешавад.
Дар ин моҳ инчунин як иди дигари динӣ дар кишвар ҷашн гирифта мешавад: Ошӯро ё Рӯзи ёдбуди пайғамбарон, ки ба рӯзи 10-уми моҳи Муҳаррам рост меояд.
Дар соли 2026, он ба рӯзи панҷшанбе, 25 июн рост омад буд.
Муҳим он аст, ки ҳамаи идҳо ва рӯзҳои истироҳат, инчунин интиқоли онҳо дар қонун инъикос ёфта, бо фармони дахлдори ҳукумат, ки аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имзо шудааст, тасдиқ карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0