Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон 13,4 фоиз афзоиш ёфт

© Foto / Министерство промышленности и новых технологий Республики ТаджикистанЗавод "ТАЛКО Голд" в Таджикистане
Завод ТАЛКО Голд в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2026
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон афзоиши истеҳсолоти саноатиро ба рушди устувори бахшҳои асосии соҳа рабт медиҳад
ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Дар моҳҳои январ–майи соли равон корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 27 млрд 597,0 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд.
Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои Агентӣ ҳаҷми истеҳсолот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,4 фоиз афзоиш ёфтааст.
Қайд карда шудааст, ки афзоиши истеҳсолоти саноатӣ аз рушди устувори бахшҳои асосии соҳа шаҳодат медиҳад.
“Саҳми назаррас дар ин равандро пеш аз ҳама саноати коркард гузошта, ҳаҷми истеҳсолоти он 26,9% афзоиш ёфтааст”, - қапйд кардааст Агентии омори кишвар.
Завод Современный высококачественный кирпич в Бустоне. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2026
БАОР: Тоҷикистон дар 10 соли охир босуръаттарин рушди иқтисод дар АвруОсиё дошт
Ин ниҳод ҳамчунин хабар додааст, ки дар бахши таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво афзоиши истеҳсолот 15,6% ва дар бахши таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва истеҳсоли маҳсулоти дуюмдараҷа 21% ба қайд гирифта шудааст.
Қайд карда шудааст, ки нишондиҳандаҳои мазкур аз рушди мусбати фаъолияти саноатӣ ва идома ёфтани тамоюли афзоиши истеҳсолот дар кишвар дар панҷ моҳи аввали соли 2026 шаҳодат медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0