https://sputnik.tj/20260628/forum-sanati-maqom-namangon-aks-1078648324.html
Форуми байналмилалии санъати мақом дар Намангон баргузор шуд – ҷолибтарин аксҳо аз ҳамоиш
Форуми байналмилалии санъати мақом дар Намангон баргузор шуд – ҷолибтарин аксҳо аз ҳамоиш
Sputnik Тоҷикистон
Дар доираи ин форум чанд ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкории байналмилалӣ ба имзо расид 28.06.2026, Sputnik Тоҷикистон
2026-06-28T16:33+0500
2026-06-28T16:33+0500
2026-06-28T16:31+0500
акс
узбекистон
мақом
фарҳанг
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/1c/1078648501_0:68:1280:788_1920x0_80_0_0_8dd49ac9201bd688ee68892c959e0d81.jpg
Сеюмин Форуми байналмилалии санъати мақом дар Намангон таҳти сарпарастии ЮНЕСКО ва Созмони маориф, илм ва фарҳанги исломӣ баргузор шуд, хабар медиҳад Sputnik Узбекистон.Дар ин форум роҳбарони ЮНЕСКО, Созмони маориф, илм ва фарҳанги исломӣ, ИДМ, СҲШ, ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, инчунин вазирони фарҳанг ва сафирони кишварҳои хориҷӣ ва тақрибан 250 намояндаи фарҳанг ва санъат аз беш аз 80 кишвар иштирок намуданд.Барномаи форум озмуни байналмилалиро бо иштироки иҷрокунандагон аз 18 кишвар, инчунин конфронси илмӣ-амалии "Тамоюлҳои нав дар мақоми шарқӣ: ҳамоҳангии анъана ва навоварӣ" дар бар мегирад, ки тақрибан 100 мусиқишинос, таърихшиносони санъат ва олимони машҳурро аз қариб 50 кишвар муттаҳид кардааст.Онҳо омӯзиши анъанаҳои мақомҳои шарқӣ бар асоси равишҳои муосири илмӣ, таҳлили робитаҳои таърихӣ, назариявӣ ва иҷроӣ мусиқии марбут ба монанди мақом, инчунин ҳамоҳангии анъанаҳо ва навовариҳо дар санъати мақомро баррасӣ карданд.Дар форум имзои ёддоштҳои ҳамкорӣ сурат гирифт.Расулзода: Тоҷикистону Узбекистон то соли 2028 гардиши молро ба 2 млрд доллар мерасонондФоруми байналмилалии санъати мақом аз соли 2018 инҷониб ҳар ду сол баргузор мешавад.Ҳадафи ин чорабинии бузург нигоҳ доштани мероси мусиқии миллии узбекӣ, рушди он бо истифода аз равишҳои муосир ва тақвияти ҳамкории илмӣ ва фарҳангии байналмилалӣ мебошад.Ғолибони озмун дипломҳо, туҳфаҳои хотиравӣ ва ҷоизаҳои пулӣ гирифтанд. Ҷоизаи асосӣ 15 ҳазор доллар буд. Ҷоизаи аввал 10 ҳазор доллар (ба ду иштирокчӣ), ҷои дуюм 7 000 доллар ва ҷои сеюм 5 000 доллар буд.Ҷоизаҳои махсуси иловагӣ дар бахшҳои "Беҳтарин сарояндаи мақом", "Беҳтарин навозандаи мақом", "Беҳтарин устоди мақом", "Беҳтарин маъруфкунандаи мақом", "Беҳтарин иҷрокунандаи ҷавони мақом" ва "Беҳтарин оҳангсози мақом" дода мешаванд.
узбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/1c/1078648501_70:0:1210:855_1920x0_80_0_0_c95d47d5c423c2fb14a3544f1789c01d.jpg Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фото, акс, узбекистон, мақом, фарҳанг, осиёи марказӣ
фото, акс, узбекистон, мақом, фарҳанг, осиёи марказӣ
Форуми байналмилалии санъати мақом дар Намангон баргузор шуд – ҷолибтарин аксҳо аз ҳамоиш Дар доираи ин форум чанд ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкории байналмилалӣ ба имзо расид
Сеюмин Форуми байналмилалии санъати мақом дар Намангон таҳти сарпарастии ЮНЕСКО ва Созмони маориф, илм ва фарҳанги исломӣ баргузор шуд, хабар медиҳад Sputnik Узбекистон.
Дар ин форум роҳбарони ЮНЕСКО, Созмони маориф, илм ва фарҳанги исломӣ, ИДМ, СҲШ, ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, инчунин вазирони фарҳанг ва сафирони кишварҳои хориҷӣ ва тақрибан 250 намояндаи фарҳанг ва санъат аз беш аз 80 кишвар иштирок намуданд.
Барномаи форум озмуни байналмилалиро бо иштироки иҷрокунандагон аз 18 кишвар, инчунин конфронси илмӣ-амалии "Тамоюлҳои нав дар мақоми шарқӣ: ҳамоҳангии анъана ва навоварӣ" дар бар мегирад, ки тақрибан 100 мусиқишинос, таърихшиносони санъат ва олимони машҳурро аз қариб 50 кишвар муттаҳид кардааст.
Онҳо омӯзиши анъанаҳои мақомҳои шарқӣ бар асоси равишҳои муосири илмӣ, таҳлили робитаҳои таърихӣ, назариявӣ ва иҷроӣ мусиқии марбут ба монанди мақом, инчунин ҳамоҳангии анъанаҳо ва навовариҳо дар санъати мақомро баррасӣ карданд.
Дар форум имзои ёддоштҳои ҳамкорӣ сурат гирифт.
Форуми байналмилалии санъати мақом аз соли 2018 инҷониб ҳар ду сол баргузор мешавад.
Ҳадафи ин чорабинии бузург нигоҳ доштани мероси мусиқии миллии узбекӣ, рушди он бо истифода аз равишҳои муосир ва тақвияти ҳамкории илмӣ ва фарҳангии байналмилалӣ мебошад.
Ғолибони озмун дипломҳо, туҳфаҳои хотиравӣ ва ҷоизаҳои пулӣ гирифтанд. Ҷоизаи асосӣ 15 ҳазор доллар буд. Ҷоизаи аввал 10 ҳазор доллар (ба ду иштирокчӣ), ҷои дуюм 7 000 доллар ва ҷои сеюм 5 000 доллар буд.
Ҷоизаҳои махсуси иловагӣ дар бахшҳои "Беҳтарин сарояндаи мақом", "Беҳтарин навозандаи мақом", "Беҳтарин устоди мақом", "Беҳтарин маъруфкунандаи мақом", "Беҳтарин иҷрокунандаи ҷавони мақом" ва "Беҳтарин оҳангсози мақом" дода мешаванд.
© Sputnik Дар Намангон сеюмин Форуми байналмилалии санъати мақом баргузор шуд.
Дар Намангон сеюмин Форуми байналмилалии санъати мақом баргузор шуд.
© Sputnik Сеюмин Форуми байналмилалии санъати мақом дар Намангон таҳти сарпарастии ЮНЕСКО ва Созмони маориф, илм ва фарҳанги исломӣ баргузор шуд.
Сеюмин Форуми байналмилалии санъати мақом дар Намангон таҳти сарпарастии ЮНЕСКО ва Созмони маориф, илм ва фарҳанги исломӣ баргузор шуд.
© Sputnik Дар ин форум роҳбарони ЮНЕСКО, Созмони маориф, илм ва фарҳанги исломӣ, ИДМ, СҲШ, ва дигар созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Дар ин форум роҳбарони ЮНЕСКО, Созмони маориф, илм ва фарҳанги исломӣ, ИДМ, СҲШ, ва дигар созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
© Sputnik Дар Форум тақрибан 250 намояндаи фарҳанг ва санъат аз беш аз 80 кишвар иштирок намуданд.
Дар Форум тақрибан 250 намояндаи фарҳанг ва санъат аз беш аз 80 кишвар иштирок намуданд.
© Sputnik Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи сеюмин Форуми байналмилалии санъати мақом ширкат варзид.
Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи сеюмин Форуми байналмилалии санъати мақом ширкат варзид.
© Sputnik Форум тақрибан 100 мусиқишинос, таърихшиносони санъат ва олимони машҳурро аз қариб 50 кишвар муттаҳид кардааст.
Форум тақрибан 100 мусиқишинос, таърихшиносони санъат ва олимони машҳурро аз қариб 50 кишвар муттаҳид кардааст.
© Sputnik Дар форум имзои ёддоштҳои ҳамкорӣ сурат гирифт.
Дар форум имзои ёддоштҳои ҳамкорӣ сурат гирифт.
© Sputnik Форуми байналмилалии санъати мақом аз соли 2018 инҷониб ҳар ду сол баргузор мешавад.
Форуми байналмилалии санъати мақом аз соли 2018 инҷониб ҳар ду сол баргузор мешавад.
© Sputnik Ҳадафи ин чорабинии бузург нигоҳ доштани мероси мусиқии миллии узбекӣ, рушди он мебошад.
Ҳадафи ин чорабинии бузург нигоҳ доштани мероси мусиқии миллии узбекӣ, рушди он мебошад.
© Sputnik Ғолибони озмун дипломҳо, туҳфаҳои хотиравӣ ва ҷоизаҳои пулӣ гирифтанд.
Ғолибони озмун дипломҳо, туҳфаҳои хотиравӣ ва ҷоизаҳои пулӣ гирифтанд.
© Sputnik Ҷоизаи асосӣ 15 ҳазор доллар аст. Ҷоизаи аввал 10 ҳазор доллар (ба ду иштирокчӣ), ҷои дуюм 7 000 доллар ва ҷои сеюм 5 000 доллар гирифтанд.
Ҷоизаи асосӣ 15 ҳазор доллар аст. Ҷоизаи аввал 10 ҳазор доллар (ба ду иштирокчӣ), ҷои дуюм 7 000 доллар ва ҷои сеюм 5 000 доллар гирифтанд.