https://sputnik.tj/20260626/tojikiston-zanu-kudak-mintaqahoi-dargiri-khovari-miyona-1078614454.html
Тоҷикистон 380 зану кӯдакро аз минтақаҳои даргири Ховари Миёна ба Ватан баргардонидааст
Тоҷикистон 380 зану кӯдакро аз минтақаҳои даргири Ховари Миёна ба Ватан баргардонидааст
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон ҳамаи занону кудаконе, ки баргардонидашуда аз Ховари Миёна ба оилаҳои худ дубора муттаҳид ва ба таҳсил фаро гирифта шудаанд
2026-06-26T17:31+0500
2026-06-26T17:31+0500
2026-06-26T17:31+0500
дар тоҷикистон
смм
занон
кӯдакон
сурия
ироқ
бозгардонии кӯдакони тоҷик
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/1a/1078621805_0:317:3076:2047_1920x0_80_0_0_8a7a81d67af78344c1e28b2b94b7ad0d.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июн - Sputnik. Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат дар ҷаласаи бози Шурои Амният дар мавзӯи "Тақвияти ҳифзи ҳуқуқии байналмилалии кӯдакон дар низоъҳои мусаллаҳона" аз чаҳор амалиёти баргардонидани шаҳрвандон ба Ватан, ки аз соли 2019 инҷониб анҷом ёфтааст, хабар дод.Дар ин бора Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар додааст.Вай дар ин ҷаласа таъкид кард, ки дар ин муддат беш аз 380 шаҳрванди кишвар, асосан занон ва кӯдакон, аз минтақаҳои даргири Ховари Миёна ба Ватан баргардонида шуданд.“Ҳамаи онҳо ба оилаҳои худ дубора муттаҳид ва ба таҳсил фаро гирифта шуданд”, - гуфт ӯ.Ҳамчунин намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ дар ин ҷаласа аз нақши калидии СММ дар ҳифзи кӯдакони аз низоъ осебдида таъкид карда, барои дастгирии пайвастаи ваколатҳои марбут ба ҳифзи кӯдакон даъват кард.Қайд карда шудааст, ки намояндаи доимӣ бо ишора ба раёсати муваффақонаи Тоҷикистон дар Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ дар соли 2025 амалҳои ҳамоҳангшудаи Созмонро барои таъмини амният, барқарорсозӣ ва ҳамгироии кӯдакон муҳим арзёбӣ намуд.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мудири шуъбаи ҳуқуқҳои кӯдаки Ваколатдори ҳуқуқи инсон Суҳайлӣ Қодирӣ гуфта буд, ки баъд аз ба сари қудрат омадани ҳукумати нав дар Сурия, мавзӯи бозгардонидани занону кӯдакони ҷангҷӯёни тоҷик аз урдугоҳҳои он кишвар норӯшан боқӣ мондааст.Вай гуфт, ки бо тағйир ёфтани ҳукумат дар Сурия, айни замон гуруҳи корӣ дигар дар ин самт фаъол нест ва тақдири занону кӯдакони боқимондаи тоҷик айни замон номуайян боқӣ мондааст.Бино ба омори мақомоти Тоҷикистон, шумораи занону кӯдакони тоҷик дар Сурия беш аз 800 тан буд, ки дар чанд марҳила, аз ҷумла 84 кӯдак дар соли 2019, 184 зану кӯдак дар соли 2022 ва 104 зану кӯдаки дигар дар соли 2023 ва 47 зану кӯдак дар соли 2024, баргардонида шуданд.Мақомот мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир шумори занону кӯдакони ҷангиёни тоҷики узви гурӯҳи тундрави ДОИШ* дар Сурия ҳудуди 250-300 танро ташкил медиҳад.*-гурӯҳи террористии мамнӯъ дар қаламрави Тоҷикистон ва Русия.
https://sputnik.tj/20260209/sarnavishti-norushani-zanon-kudakoni-tojik-suriya-asad-1075129329.html
сурия
ироқ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/1a/1078621805_173:0:2902:2047_1920x0_80_0_0_322cc8c02ae37a3879d6d66a7a042a4b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, смм, занон, кӯдакон, сурия, ироқ, бозгардонии кӯдакони тоҷик
дар тоҷикистон, смм, занон, кӯдакон, сурия, ироқ, бозгардонии кӯдакони тоҷик
Тоҷикистон 380 зану кӯдакро аз минтақаҳои даргири Ховари Миёна ба Ватан баргардонидааст
Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон ҳамаи занону кудаконе, ки баргардонидашуда аз Ховари Миёна ба оилаҳои худ дубора муттаҳид ва ба таҳсил фаро гирифта шудаанд
ДУШАНБЕ, 26 июн - Sputnik. Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат дар ҷаласаи бози Шурои Амният дар мавзӯи "Тақвияти ҳифзи ҳуқуқии байналмилалии кӯдакон дар низоъҳои мусаллаҳона" аз чаҳор амалиёти баргардонидани шаҳрвандон ба Ватан, ки аз соли 2019 инҷониб анҷом ёфтааст, хабар дод.
Дар ин бора Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар додааст.
Вай дар ин ҷаласа таъкид кард, ки дар ин муддат беш аз 380 шаҳрванди кишвар, асосан занон ва кӯдакон, аз минтақаҳои даргири Ховари Миёна ба Ватан баргардонида шуданд.
“Ҳамаи онҳо ба оилаҳои худ дубора муттаҳид ва ба таҳсил фаро гирифта шуданд”, - гуфт ӯ.
Ҳамчунин намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ дар ин ҷаласа аз нақши калидии СММ дар ҳифзи кӯдакони аз низоъ осебдида таъкид карда, барои дастгирии пайвастаи ваколатҳои марбут ба ҳифзи кӯдакон даъват кард.
Қайд карда шудааст, ки намояндаи доимӣ бо ишора ба раёсати муваффақонаи Тоҷикистон дар Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ дар соли 2025 амалҳои ҳамоҳангшудаи Созмонро барои таъмини амният, барқарорсозӣ ва ҳамгироии кӯдакон муҳим арзёбӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мудири шуъбаи ҳуқуқҳои кӯдаки Ваколатдори ҳуқуқи инсон Суҳайлӣ Қодирӣ гуфта буд, ки баъд аз ба сари қудрат омадани ҳукумати нав дар Сурия, мавзӯи бозгардонидани занону кӯдакони ҷангҷӯёни тоҷик аз урдугоҳҳои он кишвар норӯшан боқӣ мондааст.
Вай гуфт, ки бо тағйир ёфтани ҳукумат дар Сурия, айни замон гуруҳи корӣ дигар дар ин самт фаъол нест ва тақдири занону кӯдакони боқимондаи тоҷик айни замон номуайян боқӣ мондааст.
Бино ба омори мақомоти Тоҷикистон, шумораи занону кӯдакони тоҷик дар Сурия беш аз 800 тан буд, ки дар чанд марҳила, аз ҷумла 84 кӯдак дар соли 2019, 184 зану кӯдак дар соли 2022 ва 104 зану кӯдаки дигар дар соли 2023 ва 47 зану кӯдак дар соли 2024, баргардонида шуданд.
Мақомот мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир шумори занону кӯдакони ҷангиёни тоҷики узви гурӯҳи тундрави ДОИШ* дар Сурия ҳудуди 250-300 танро ташкил медиҳад.
*-гурӯҳи террористии мамнӯъ дар қаламрави Тоҷикистон ва Русия.