https://sputnik.tj/20260209/sarnavishti-norushani-zanon-kudakoni-tojik-suriya-asad-1075129329.html
Сарнавишти норушани занону кӯдакони тоҷик дар Сурия баъд аз фурупошии ҳукумати Асад
Сарнавишти норушани занону кӯдакони тоҷик дар Сурия баъд аз фурупошии ҳукумати Асад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон шумори занону кӯдакони ҷангиёни тоҷики узви гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ*-ро ҳудуди 250-300 тахмин задааст
2026-02-09T12:43+0500
2026-02-09T12:43+0500
2026-02-09T13:04+0500
дар тоҷикистон
сурия
занон
кӯдак
бозгардонӣ
бозгардонии кӯдакони тоҷик
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/09/1075130442_0:269:1280:989_1920x0_80_0_0_5a6aebcde9a2d9e2372c91a06c2ec314.jpg
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Мудири шуъбаи ҳуқуқҳои кӯдаки Ваколатдори ҳуқуқи инсон Суҳайлӣ Қодирӣ таъкид намуд, ки баъд аз ба сари қудрат омадани ҳукумати нав дар Сурия, мавзӯи бозгардонидани занону кӯдакони ҷангҷӯёни тоҷик аз урдугоҳҳои он кишвар норӯшан боқӣ мондааст.Вай дар ин бора ахиран дар нишасти матбуотӣ хабар дод.Вай гуфт, ки бо тағйир ёфтани ҳукумат дар Сурия, айни замон гуруҳи корӣ дигар дар ин самт фаъол нест ва тақдири занону кӯдакони боқимондаи тоҷик айни замон номуайян боқӣ мондааст.Дар ҳамин ҳол дар ин нишасти матбуотӣ қайд карда шуд, ки Тоҷикистон, дар фикри бозгардонидани шаҳрвандонаш ҳаст.Бино ба омори мақомоти Тоҷикистон, шумораи занону кӯдакони тоҷик дар Сурия беш аз 800 тан буд, ки дар чанд марҳила, аз ҷумла 84 кӯдак дар соли 2019, 184 зану кӯдак дар соли 2022 ва 104 зану кӯдаки дигар дар соли 2023 ва ахиран 47 зану кӯдак дар соли 2024, баргардонида шуданд.Мақомот мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир шумори занону кӯдакони ҷангиёни тоҷики узви гурӯҳи тундрави ДОИШ* дар Сурия ҳудуди 250-300 танро ташкил медиҳад.*-гурӯҳи террористии мамнӯъ дар қаламрави Тоҷикистон ва Русия.
https://sputnik.tj/20241208/bashor-asad-firor-hukumat-suqut-suriya-1065413860.html
сурия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/09/1075130442_0:58:1281:1018_1920x0_80_0_0_a1ba55dba24a58553099f61926afd647.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сурия, сарнавишт, занон кӯдакон, доиш,
тоҷикистон, сурия, сарнавишт, занон кӯдакон, доиш,
Сарнавишти норушани занону кӯдакони тоҷик дар Сурия баъд аз фурупошии ҳукумати Асад
12:43 09.02.2026 (Навсозишуда: 13:04 09.02.2026) Мақомоти Тоҷикистон шумори занону кӯдакони ҷангиёни тоҷики узви гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ*-ро ҳудуди 250-300 тахмин задааст
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Мудири шуъбаи ҳуқуқҳои кӯдаки Ваколатдори ҳуқуқи инсон Суҳайлӣ Қодирӣ таъкид намуд, ки баъд аз ба сари қудрат омадани ҳукумати нав дар Сурия, мавзӯи бозгардонидани занону кӯдакони ҷангҷӯёни тоҷик аз урдугоҳҳои он кишвар норӯшан боқӣ мондааст.
Вай дар ин бора ахиран дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Вай гуфт, ки бо тағйир ёфтани ҳукумат дар Сурия, айни замон гуруҳи корӣ дигар дар ин самт фаъол нест ва тақдири занону кӯдакони боқимондаи тоҷик айни замон номуайян боқӣ мондааст.
"Мутассифона баъзе занону кӯдакон то ҳол дар онҷо боқӣ мондаанд. Инҳо пеш аз ҳама бо айби худашон онҷо монданд. Зеро дар марҳилаи ахир мо дар назар доштем, ки тамоми занону кӯдакони боқимондаро бармегардонем. Аммо мутаассифона онҳо худашон розӣ нашуданд, ки баргарданд. Онҳо гумон мекарданд, ки ба Тоҷикистон баргарданд, алайҳи онҳо парванда боз мешавад",-гуфт Суҳайлӣ Қодирӣ.
Дар ҳамин ҳол дар ин нишасти матбуотӣ қайд карда шуд, ки Тоҷикистон, дар фикри бозгардонидани шаҳрвандонаш ҳаст.
Бино ба омори мақомоти Тоҷикистон, шумораи занону кӯдакони тоҷик дар Сурия беш аз 800 тан буд, ки дар чанд марҳила, аз ҷумла 84 кӯдак дар соли 2019, 184 зану кӯдак дар соли 2022 ва 104 зану кӯдаки дигар дар соли 2023 ва ахиран 47 зану кӯдак дар соли 2024, баргардонида шуданд.
Мақомот мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир шумори занону кӯдакони ҷангиёни тоҷики узви гурӯҳи тундрави ДОИШ* дар Сурия ҳудуди 250-300 танро ташкил медиҳад.
*-гурӯҳи террористии мамнӯъ дар қаламрави Тоҷикистон ва Русия.