Рустами Эмомалӣ: Мо вазифадорем, манфиатҳои миллату давлатро ҳимоя кунем

© Foto / Пресс-служба Рустама ЭмомалиДвадцать первая сессия Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан
Двадцать первая сессия Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2025
Обуна шудан
Раиси шаҳри Душанбе таъкид кардааст аз сокинони кишвар даъват кард, ки зери Парчами миллӣ бояд муттаҳид шаванд
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар паёмаш ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон, қайд кард, ки ин ҷашн барои миллати тоҷик яке аз санаҳои муҳими таърихӣ маҳсуб меёбад.
Вай гуфт, ки қабули парчами кишвар мардумро муттаҳид сохт ва барои барқарории сулҳу суботи миллӣ заминаи устувор гузошт.
“Парчам эҳсоси ифтихор, ватандӯстӣ ва худшиносии ҳар шаҳрвандро бедор мекунад ва арҷгузорӣ ба он нишонаи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ мебошад”, - гуфт ӯ.
Дар Тоҷикистон 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мешавад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2022
Ҳама бо байрақ: Рӯзи парчам дар Душанбе чӣ гуна таҷлил шуд?
Вай илова кард, ки наврасону ҷавонони кишвар имрӯз ба парчам бо эҳтироми хос муносибат карда, онро рамзи осудагии Ватан медонанд ва ҳамеша талош доранд.
“Мо вазифадорем, ки зери Парчами миллӣ муттаҳид бошем, манфиатҳои миллату давлатро ҳимоя кунем, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро тақвият диҳем ва мақому нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем”, - қайд кард Рустами Эмомалӣ.
Раиси шаҳр дар паёмаш кулли ҳамдиёрон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бо Рӯзи Парчами давлатиии Тоҷикистон табрик кард ва хоҳани сулҳу суботи ҷовидона шуд.
Лентаи хабарҳо
0