Танҳо дар як ноҳияи Тоҷикистон беш аз 6 ҳаз гектар ғалладонагӣ кишт карда шудааст

© Foto / Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПшеничное поле в Таджикистане.
Пшеничное поле в Таджикистане.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2026
Обуна шудан
Зафаробод аз калонтарин ноҳияҳои пахтакори вилояти Суғд буда, саҳми заркорони ноҳия дар ғанӣ гардонидани хирмани пурбори "тиллои сафед" назаррас аст
ДУШАНБЕ, 25 июн - Sputnik. Имсол дар ноҳияи Зафаробод беш аз 6,2 ҳаз. гектар ғалладонагӣ кишт гардидааст, ки айни замон ҷамъоварии он идома дорад.
Дар ин бора, хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Хоҷагии деҳқонии "Асилбек" дорои 30 гектар замин буда, кишоварзон баъд аз ҷамъоварии ҳосил кишти техникиро ба роҳ мондаанд. Инчунин имсол дар 18 гектари он пахта кишт намуданд.
Ҳамчунин дар хоҷагии деҳқонии "Раҳимҷон" дар майдони 2 гектар гандум, 1,5 гектар ҷав ва 4 гектар пахта парвариш карда мешавад.
Айни ҳол ҷамъоварии ғалла идома дошта, кишоварзон тасмим гирифтаанд, ки ҳосилро пурра ҷамъоварӣ карда, заминҳоро самаранок истифода баранд.
Зафаробод аз калонтарин ноҳияҳои пахтакори вилояти Суғд буда, саҳми заркорони ноҳия дар ғанӣ гардонидани хирмани пурбори "тиллои сафед" назаррас аст.
Сбор хлопка в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2026
Маълум шуд, ки дар Тоҷикистон чӣ қадар пахта корида мешавад
Таъмини амнияти озуқавории мамлакат яке аз ҳадафҳои муҳими давлат мебошад.
Аз ин рӯ, истифодаи оқилона ва самараноки замин, ҷамъоварии беталафи ҳосил ва гузаронидани кишти такрорӣ баъди ҷамъоварии ғалладона аз вазифаҳои аввалиндараҷаи кишоварзони ноҳия маҳсуб меёбад.
Лентаи хабарҳо
0