Бонувони Тоҷикистон ва Эрон нақши занонро баланд мебардоранд

© Foto / Комитет по делам женщин и семьи при Правительстве Республики ТаджикистанЗаседание общественного совета "Женщины Таджикистана" под руководством Файзиддинзоды Бунафши. Архивное фото
Заседание общественного совета Женщины Таджикистана под руководством Файзиддинзоды Бунафши. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2026
Обуна шудан
Тоҷикистон ва Эрон омодагии худро барои баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа иброз доштанд
ДУШАНБЕ, 25 июн - Sputnik. Бонувони Тоҷикистон ва Эрон нақши занонро якҷоя баланд мебардоранд.
Масоили ҳамкориро Заҳро Беҳрӯзозар, ноиби президенти Эрон оид ба умури занон ва оила, бо Банафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикстон зимни суҳбати телефонӣ баррасӣ кардаанд.

Ба гуфтаи намояндаи Эрон, кишварҳо на танҳо муносибатҳои дӯстона, балки як оилаи бузурги фарҳангӣ ва ҳамзабон мебошанд ва эътиқодҳои муштарак дар соҳаи оила қобилияти муҳимеро барои густариши ҳамкорӣ фароҳам меоранд.

Хонум Заҳро бо ишора ба Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ байни ду кишвар, зарурати таҳияи нақшаи амалисозии онро таъкид кард, хабар дод сафорати Эрон дар ҶТ.

Раиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон омодагияшро барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳо ба монанди таблиғи нақш ва роҳбарии занон, тақвияти арзишҳои оилавӣ, афзоиши огоҳии ҳуқуқӣ ва тавонмандсозии занон эълон кард.
Таджикские красавицы. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2026
Аз 40 то 110 ҳаз. сомонӣ: Грантҳои президентӣ барои занони ҳунарманду соҳибкор
Ин дар ҳолест, ки нақши занон дар ҳамсоякишвари Тоҷикистон - Афғонистон рӯз то рӯз паст мешавад. Макотиби занона баста мешаванд ва кор барои бонувон дар умури донишгоҳҳо ва ҳатто бемористонҳо номумкин мегардад.
Лентаи хабарҳо
0