Аз 40 то 110 ҳаз. сомонӣ: Грантҳои президентӣ барои занони ҳунарманду соҳибкор

© FotoТаджикские красавицы.
Таджикские красавицы. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2026
Обуна шудан
Бонувони ҳунарманд ва соҳибкор дар Тоҷикистон имсол метавонанд соҳиби гранти президентӣ ба маблағи аз 40 то 110 ҳазор сомонӣ шаванд
ДУШАНБЕ, 26 мар - Sputnik. Дар соли 2026- 200 зани ҳунарманду соҳибкор метавонад соҳиби гранти президентӣ шавад.
Дар ин бора, Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон хабар додааст.
Имсол ғолибон соҳиби гранти президентӣ ба маблағи аз 40 то 110 ҳазор сомонӣ мегарданд.

Талабот барои лоиҳа

Лоиҳа бояд дар ҳаҷми на зиёда аз 5 саҳифа, дар барномаи MS Word бо истифода аз шрифти Times New Roman андозаи 14, ба забони тоҷикӣ, инчунин бо мувофиқати пурра ба талаботи озмун пешниҳод карда шавад.
Хоҳишмандон метавонанд ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Академикҳо Раҷабовҳо, 3 ва ё ба телефонҳои 227-91-17, 221-34-71, 227-24-38 e-mail: info@comwom.tj муроҷиат намоянд. Қабули ҳуҷҷатҳо то 15 апрел идома меёбад.
Манбаъ афзуда, ки дар ҳолати нопурра будани ҳуҷҷатҳо лоиҳа аз тарафи кумита қабул карда намешавад ва ҳангоми дар озмун ғолиб нагардидан ҳуҷҷатҳо баргардонида намешаванд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2025 бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон шумораи грантҳо ба 200 ва маблағи он ба 15 млн сомонӣ расонида шуд (соли 2024 120 грант ба маблағи 5 млн сомонӣ), яъне ҳаҷми грантҳои президентӣ 3 баробар зиёд карда шуд.
Раҷаббой Аҳмадзода ба бонувони ҳунарманд грант дод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2025
Аҳмадзода ба бонувони хирадманд грант дод
Тибқи ин қарор, аз соли 2025 то соли 2030 ҳар сол ба андозаи 15 млн сомонӣ 200 грант, ки ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон равона мегардад, ҷудо карда мешавад.
Интизор меравад, ки ин иқдом ба ҷалб ва ҳавасмандгардонии занон ба истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, кишоварзӣ ва саноатӣ мусоидат мекунад.
Лентаи хабарҳо
0