https://sputnik.tj/20260624/uzbekiston-hamkori-sanoati-belorus-iiao-taqviyat-1078528959.html
Узбекистон ҳамкориҳои саноатиро бо Белорусу ИИАО тақвият медиҳад
Узбекистон ҳамкориҳои саноатиро бо Белорусу ИИАО тақвият медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Узбекистон ба густариши ҳамкориҳои саноатӣ бо ширкатҳои Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё, аз ҷумла истеҳсоли муштараки таҷҳизоти кишоварзӣ ва коммуналӣ, манфиатдор аст
2026-06-24T10:41+0500
2026-06-24T10:41+0500
2026-06-24T10:41+0500
ииао
авруосиё
ҳамкорӣ
саноат
иқтисод
русия
узбекистан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102409/48/1024094870_116:102:1600:937_1920x0_80_0_0_5a0d06fcd722976e5e17e661cd77cc99.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июн – Sputnik. Дар ин бора Виттория Идрисова, ректори Академияи умумирусиягии тиҷорати хориҷӣ дар видеомости Маскав- Тошканд – Минск – Остона дар мавзӯи “Лоиҳаои нав ва дурнамои ҳамкории кишварҳои узви ИИАО”, ки аз ҷониби Sputnik ташкил карда шуд, изщори назар кард.Ба гуфтаи вай, самти асосии ҳамкорӣ метавонад истеҳсоли техникаи кишоварзӣ дар дохил, инчунин рушди таъминоти хизматрасонӣ ва таҷҳизот шавад.Вай илова кард, ки таваҷҷӯҳи хоси Узбекистон ба шарикии эҳтимолӣ бо ширкатҳои белорусӣ, аз ҷумла истеҳсолкунандагони техникаи кишоварзӣ, равона карда мешавад.Лоиҳаҳои умедбахш инчунин истеҳсоли таҷҳизоти сохтмонӣ ва роҳро дар бар мегиранд, ки бо рушди босуръати иқтисодии Узбекистон ва рушди инфрасохтор алоқаманд аст.Дар кишвар талабот ба техникаи муосир барои кишоварзӣ, сохтмон ва хизматрасонии коммуналӣ афзоиш меёбад.Лоиҳаҳои муштарак бо иштироки ширкатҳои белорусӣ, аз ҷумла тавлиди тракторҳо ва таҷҳизоти махсус, аллакай амалӣ шуда истодаанд. Коршиносон қайд мекунанд, ки Узбекистон яке аз бозорҳои босуръат рушдёбанда дар минтақа боқӣ мемонад, ки бо афзоиши демографӣ ва афзоиши талаботи дохилӣ алоқаманд аст.Рушди ҳамкориҳои саноатӣ бо Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ҳамчун абзоре барои афзоиши истеҳсолот, тавлиди дохилӣ дида мешавад.Виттория Идрисова қайд кард, ки ҳадафи афзоиши гардиши мол байни Русия ва Узбекистон то соли 2030 то 30 миллиард доллар комилан амалӣшаванда аст.Ба гуфтаи вай, тиҷорати ҷаҳонӣ тағйир меёбад ва Узбекистон ба шарофати иқтидори транзитӣ ва логистикии худ ба яке аз шарикони калидии Русия дар минтақаи ҷанубӣ табдил меёбад.
https://sputnik.tj/20260622/indoneziya-molho-bozori-rusiya-imzoi-sozishnoma-iiao-1078471214.html
русия
узбекистан
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102409/48/1024094870_180:0:1600:1065_1920x0_80_0_0_9f857c26260bdf06fc38091ff2fe6f4a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, авруосиё, ҳамкорӣ, саноат, иқтисод, русия, узбекистан
ииао, авруосиё, ҳамкорӣ, саноат, иқтисод, русия, узбекистан
Узбекистон ҳамкориҳои саноатиро бо Белорусу ИИАО тақвият медиҳад
Узбекистон ба густариши ҳамкориҳои саноатӣ бо ширкатҳои Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё, аз ҷумла истеҳсоли муштараки таҷҳизоти кишоварзӣ ва коммуналӣ, манфиатдор аст
ДУШАНБЕ, 24 июн – Sputnik. Дар ин бора Виттория Идрисова, ректори Академияи умумирусиягии тиҷорати хориҷӣ дар видеомости Маскав- Тошканд – Минск – Остона дар мавзӯи “Лоиҳаои нав ва дурнамои ҳамкории кишварҳои узви ИИАО”, ки аз ҷониби Sputnik ташкил карда шуд, изщори назар кард.
Ба гуфтаи вай, самти асосии ҳамкорӣ метавонад истеҳсоли техникаи кишоварзӣ дар дохил, инчунин рушди таъминоти хизматрасонӣ ва таҷҳизот шавад.
Вай илова кард, ки таваҷҷӯҳи хоси Узбекистон ба шарикии эҳтимолӣ бо ширкатҳои белорусӣ, аз ҷумла истеҳсолкунандагони техникаи кишоварзӣ, равона карда мешавад.
Лоиҳаҳои умедбахш инчунин истеҳсоли таҷҳизоти сохтмонӣ ва роҳро дар бар мегиранд, ки бо рушди босуръати иқтисодии Узбекистон ва рушди инфрасохтор алоқаманд аст.
Дар кишвар талабот ба техникаи муосир барои кишоварзӣ, сохтмон ва хизматрасонии коммуналӣ афзоиш меёбад.
Лоиҳаҳои муштарак бо иштироки ширкатҳои белорусӣ, аз ҷумла тавлиди тракторҳо ва таҷҳизоти махсус, аллакай амалӣ шуда истодаанд. Коршиносон қайд мекунанд, ки Узбекистон яке аз бозорҳои босуръат рушдёбанда дар минтақа боқӣ мемонад, ки бо афзоиши демографӣ ва афзоиши талаботи дохилӣ алоқаманд аст.
Рушди ҳамкориҳои саноатӣ бо Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ҳамчун абзоре барои афзоиши истеҳсолот, тавлиди дохилӣ дида мешавад.
Виттория Идрисова қайд кард, ки ҳадафи афзоиши гардиши мол байни Русия ва Узбекистон то соли 2030 то 30 миллиард доллар комилан амалӣшаванда аст.
Ба гуфтаи вай, тиҷорати ҷаҳонӣ тағйир меёбад ва Узбекистон ба шарофати иқтидори транзитӣ ва логистикии худ ба яке аз шарикони калидии Русия дар минтақаи ҷанубӣ табдил меёбад.