Индонезия метавонад молҳояшро ба бозори Русия пас аз имзои созишнома бо ИИАО ворид кунад

© Sputnik / Владислав Воднев / Гузариш ба медиабонкФлаги России, Киргизии, Казахстана, Белоруссии, Армении, а также с символикой Евразийского экономического союза (ЕАЭС)
Флаги России, Киргизии, Казахстана, Белоруссии, Армении, а также с символикой Евразийского экономического союза (ЕАЭС)  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2026
Обуна шудан
Созишнома дар бораи тиҷорати озод метавонад дастрась ба дегафзор, маҳсулоти баҳрӣ, меваю сабзавот ва таҷҳизоти барқӣ аз Индонезияро осон кунад
ДУШАНБЕ, 22 июн – Sputnik. Як қатор маҳсулоти Индонезия пас аз эътибор пайдо кардани созишномаи тиҷорати озод бо Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё (ИИАО) метавонанд дар мағозаҳои Русия пайдо шаванд.
Дар ин бора Лубарто Сартойо, роҳбари Иттиҳоди сохторҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, ба РИА Новости хабар дод.
Ӯ ба намудҳои маҳсулоти хӯрокворӣ, ки метавонанд ба Русия содир карда шаванд, таъкид кард.
"Аз нигоҳи таърихӣ, ҷазираҳои мо аз дегафзор, яъне ҳама намуди адвия бойанд. Мо кишвари баҳрӣ ҳастем, аз ин рӯ, маҳсулоти моҳигӣ зиёд дорем. Ин ҳамчунин бешубҳа меваю сабзавотро низ дар бар мегирад, ки метавонанд ба миқдори зиёд содирот шавад”, - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Сартойо, Индонезия инчунин омода аст, ки дигар молҳои истеъмолиро, аз ҷумла таҷҳизоти барқӣ ва маҳсулоти кимиёвиро содир кунад.
Вай афзуд, Индонезия теъдоди зиёди корхонаҳои миёна дорад ва Русияро як бозори шарики рушди муносибатҳои тиҷоратӣ медонанд.
Флаги в конгресс-центре в Сочи, в котором пройдут мероприятия саммита Россия — АСЕАН.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2026
ИИАО метавонад бо кишварҳои АСЕАН минтақаи озоди тиҷоратӣ дошта бошад
Қаблан раисиҷумҳури Русия Владимир Путин қонунеро имзо кард. Вай созишномаи тиҷорати озод миёни Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва ин давлатро тасвиб кард. Дар айни замон, ҳуҷҷат эътибор пайдо накардааст - он бояд аввал аз расмиёти зарурии ҳуқуқӣ гузарад.
Созишнома барои равобити тичоратии байни кишвархо режими имтиёзнок мукаррар мекунад, ки беш аз 98% муомилоти дутарафаи байни Русия ва Индонезияро фаро мегирад.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.
Лентаи хабарҳо
0