Тоҷикистон мехоҳад аз Эрон нафту маҳсулоти нафтӣ бихарад

© REUTERS /Mahmoud HassanoРазгрузка нефти на нефтяном терминале. Иллюстративное фото
Разгрузка нефти на нефтяном терминале. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2026
Обуна шудан
Тоҷикистону Эрон роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши тиҷорати нафт ва маҳсулоти нафтиро мавриди баррасӣ қарордоданд
ДУШАНБЕ, 24 июн – Sputnik. Шарифа Худобахш, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, зимни сафараш ба Теҳрон бо Сайид Алӣ Муҳаммад Мусавӣ, муовини вазири нафти Эрон дар умури корҳои байналмилалӣ ва тиҷорат ва Муҳаммад Содиқ Азимифар, муовини вазири нафт дар умури коркард ва тақсимоти маҳсулоти нафтӣ мулоқот кард, иттилоъ додааст Садо ва симо.
Қайд карда шудааст, ки ҷонибҳо роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахши тиҷорати нафт ва маҳсулоти нафтӣ баррасӣ карданд.
Дар ин мулоқот, ки бо ҳузури Низомуддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон баргузор шуд, ду тараф имконоти мавҷударо барои афзоиш додани ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва техникӣ дар бахши энержӣ баррасӣ карданд.
Қонеъ кардани қисме аз ниёзҳои Тоҷикистон ба нафт ва маҳсулоти нафтӣ аз ҷониби Эрон самти асосии музокироти ду ҷониб буд.
Ҳамчунин, дар ин мулоқотҳо имконоти мавҷуда барои густариши ҳамкориҳо байни ширкатҳои фаъоли ду кишвар дар занҷираи таъминот, тиҷорат ва интиқоли маҳсулоти нафтӣ баррасӣ шуд.
Цистерны с нефтью. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2024
Тоҷикистон мехоҳад аз Эрон бо тахфиф нафт бихарад
Ҳамчунин тарафҳо дар ин мулоқот ба манзури дастёбӣ ба созу корҳои амалиётӣ таъкид карданд.
Ду тараф бо ишора ба наздикии фарҳангии ду кишвар ва равобити дӯстона миёни Теҳрон ва Душанбе, тавсеаи ҳамкориҳо дар ҳавзаи энержиро яке аз заминаҳои муҳими тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ байни Эрону Тоҷикистон ва афзоиши ҳамкориҳои тиҷоратӣ арзёбӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0