https://sputnik.tj/20240926/tojikiston-mekhohad-eron-takhfif-naft-bikharad-1064489954.html
Тоҷикистон мехоҳад аз Эрон бо тахфиф нафт бихарад
Тоҷикистон мехоҳад аз Эрон бо тахфиф нафт бихарад
Sputnik Тоҷикистон
Ҳайати Тоҷикистон дар Теҳрон бо мақомоти Эрон масоили густариши ҳамкориҳои соҳавӣ, аз ҷумла, ҷалби сармоя ба бахши нафту газро баррасӣ кард
2024-09-26T13:11+0500
2024-09-26T13:11+0500
2024-09-26T13:11+0500
дар тоҷикистон
энергетика
нафт
газ
харидорӣ
тахфиф
эрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101444/71/1014447141_0:107:3086:1843_1920x0_80_0_0_acb7c2346befb6144a8c119bf75f61af.jpg
ДУШАНБЕ, 26 сен – Sputnik. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба Эрон бо вазири навтаъини нафти ин кишвар Муҳсин Покнажод мулоқот намуд.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати энергетика ва захоири оби Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, тарафҳо дар меҳвари суҳбати масоили густариши ҳамкориҳои соҳавӣ, аз ҷумла, ҷалби сармоя ба бахши нафту газ, таҳвили нафти хом аз Эрон ба Тоҷикистон бо пешниҳоди тахфифҳоро баррасӣ намуданд.Ҳамчунин тафарафҳо дар бораи табодули таҷрибаи мутахассисони кишварҳо низ табодули назар карданд.Қайд карда шудааст, вазири энергетика ва захоири оби Тоҷикистон бо вазири навтаъини нафти Эрон вобаста ба омӯзиши чоҳҳои нафту газдори Тоҷикистон табодули назар карданд.Ёдовар мешавем, ки тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар дар дидори вазири неруи Эрон Аббос Алӣ Ободӣ бо вазири энергетика захоири оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа, баррасӣ шуд.Алии Ободӣ баъд аз ин мулоқот бо баёни инки бархе аз мабоҳиси матраҳшуда дар ин ҷаласа марбут ба ҳавзаи об ва барқ мешавад, ба пешбурду иҷрои пружаҳои мутаъаддид тавассути ширкатҳои Эронӣ дар Тоҷикистон ишора кард.“Пружаи Сангтуда-2 аз ҷумлаи ин пружаҳост, ки мабоҳисе барои рафъи мавонеъи пешрафти ин пружа матраҳ шуд", - афзуд ӯ.Алии Ободӣ бо ишора ба табодули назар дар заминаи тавсеа ва тақвияти ҳамкориҳо дар ҳавзаи энергетикӣ ва соири мабоҳис изҳор кард, ки Эрон ва Тоҷикистон ба лиҳози таърихӣ дорои иштирокоти дерина фаровоне ҳастанд ва умед аст ин равобит бо тавсеаи гардишгарӣ ва соири мабоҳис тақвият шавад.“Мутмаинам дар давраи мудирияти вазири ҷадиди неруи Эрон ҳамкории ду ҷонибаи Эрон ва Тоҷикистон дар ҳавзаи энержӣ тақвият дода мешавад”, иброз дошт Далер Ҷумъа дар дидор бо вазири неруи Эрон.Вазири энергетика ва захоири оби кишвар таъкид кард, ки Тоҷикистон ба манзури ҷазби сармоягузорӣ ва низ баҳрамандӣ аз дониши фаннӣ ва мутахассисони эронӣ, ки ҷузви бартаринҳо дар дунё ба шумор мераванд истиқбол мекунад.
https://sputnik.tj/20240926/bahsi-sangtuda-muloqoti-vaziri-energetika-shirkati-farob-1064488778.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101444/71/1014447141_120:0:2851:2048_1920x0_80_0_0_b1806280eac876e72536e504bc215a35.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, нафт, харид, тахфиф, ҳамкорӣ, гуфтари, энергетика
тоҷикистон, эрон, нафт, харид, тахфиф, ҳамкорӣ, гуфтари, энергетика
Тоҷикистон мехоҳад аз Эрон бо тахфиф нафт бихарад
Ҳайати Тоҷикистон дар Теҳрон бо мақомоти Эрон масоили густариши ҳамкориҳои соҳавӣ, аз ҷумла, ҷалби сармоя ба бахши нафту газро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 26 сен – Sputnik. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба Эрон бо вазири навтаъини нафти ин кишвар Муҳсин Покнажод мулоқот намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати энергетика ва захоири оби Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, тарафҳо дар меҳвари суҳбати масоили густариши ҳамкориҳои соҳавӣ, аз ҷумла, ҷалби сармоя ба бахши нафту газ, таҳвили нафти хом аз Эрон ба Тоҷикистон бо пешниҳоди тахфифҳоро баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин тафарафҳо дар бораи табодули таҷрибаи мутахассисони кишварҳо низ табодули назар карданд.
Қайд карда шудааст, вазири энергетика ва захоири оби Тоҷикистон бо вазири навтаъини нафти Эрон вобаста ба омӯзиши чоҳҳои нафту газдори Тоҷикистон табодули назар карданд.
Ёдовар мешавем, ки тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар дар дидори вазири неруи Эрон Аббос Алӣ Ободӣ бо вазири энергетика захоири оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа, баррасӣ шуд.
Алии Ободӣ баъд аз ин мулоқот бо баёни инки бархе аз мабоҳиси матраҳшуда дар ин ҷаласа марбут ба ҳавзаи об ва барқ мешавад, ба пешбурду иҷрои пружаҳои мутаъаддид тавассути ширкатҳои Эронӣ дар Тоҷикистон ишора кард.
“Пружаи Сангтуда-2 аз ҷумлаи ин пружаҳост, ки мабоҳисе барои рафъи мавонеъи пешрафти ин пружа матраҳ шуд", - афзуд ӯ.
Алии Ободӣ бо ишора ба табодули назар дар заминаи тавсеа ва тақвияти ҳамкориҳо дар ҳавзаи энергетикӣ ва соири мабоҳис изҳор кард, ки Эрон ва Тоҷикистон ба лиҳози таърихӣ дорои иштирокоти дерина фаровоне ҳастанд ва умед аст ин равобит бо тавсеаи гардишгарӣ ва соири мабоҳис тақвият шавад.
“Мутмаинам дар давраи мудирияти вазири ҷадиди неруи Эрон ҳамкории ду ҷонибаи Эрон ва Тоҷикистон дар ҳавзаи энержӣ тақвият дода мешавад”, иброз дошт Далер Ҷумъа дар дидор бо вазири неруи Эрон.
Вазири энергетика ва захоири оби кишвар таъкид кард, ки Тоҷикистон ба манзури ҷазби сармоягузорӣ ва низ баҳрамандӣ аз дониши фаннӣ ва мутахассисони эронӣ, ки ҷузви бартаринҳо дар дунё ба шумор мераванд истиқбол мекунад.