Вазири иқтисод: Новобаста аз таъсири ду буҳрони глобалӣ иқтисоди Тоҷикистон рушд кард

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр экономики Таджикистана Завки Завкизода
Министр экономики Таджикистана Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2025
Обуна шудан
Вазири рушди иқтисоди кишвар таъкид кард, ки ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ арзёбӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқи Завқизода қайд кард, ки дар панҷ соли охир новобаста аз таъсири ду буҳрони шадиди глобалӣ ва омилҳои берунӣ суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7% (8,5% бе назардошти соли 2020 – соли паҳншавии пандемияи КОВИД-19)-ро ташкил дод.
Ба гуфтаи вай ин нишондиҳанда нисбат ба 5 соли қаблӣ (2015-2019) 0,7 (1,5) банди фоизӣ баланд аст.
Вазири тоҷик ин маълумотро дар ҷаласаи ахир дар вазорат, ки ба рӯзи иқтисодчиён бахшида шуда буд, баён намудааст.
Вай ҳамчунин дар ин ҷаласа гуфт, ки дар соли 2024-ум ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 153,4 млрд. сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4% расонида шуда, асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 20/%, кишоварзӣ 10,6 фоиз, гардиши савдо 13,6%, мусофиркашонӣ 13,4%, хизматрасонии пулакӣ 13%, боркашонӣ 11,5%, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ таъмин гардид.
Завқизода қайд кард, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат дар 5 соли охир 74,3 млрд. сомонӣ ё 2 маротиба ва даромади пулии аҳолӣ 99 млрд. сомонӣ ё 3 баробар афзоиш ёфтааст.
Министр экономики Таджикистана Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2024
Вазири иқтисод: даромади тоҷикистониҳо 113 баробар зиёд шуд
Сатҳи таваррум дар соли 2024-ум 3,6%-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023-юм (3,8 фоиз) 0,2 банди фоизӣ кам аст.

"Таваррум дар ин давра асосан аз ҳисоби баландшавии нархи маҳсулоти озуқа 3%, молҳои ғайриозуқа 4% ва хизматрасонӣ 4,8% ташаккул ёфтааст”, - қайд кард Завқизода.

Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар таъкид кард, ки ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ арзёбӣ намуданд.
Вазири тоҷик илова кард, ки ҳадафи олии давлат ва ҳукумат таъмин намудани рушди устувори иқтисодии кишвар тавассути баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда, дарёфти манбаъҳои нави рушд, тараққӣ додани соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, инкишофи нерӯи инсонӣ ва бо ҳамин роҳ мунтазам беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.
Лентаи хабарҳо
0