Дар Варзоб Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон ифтитоҳ шуд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаТехнический центр Федерации футбола Таджикистана.
Технический центр Федерации футбола Таджикистана.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2026
Обуна шудан
Дар наздикии шаҳри Душанбе Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистонро ифтитоҳ шуд
ДУШАНБЕ, 23 июн – Sputnik. Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистонро президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб ифтитоҳ намуданд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, иншоот бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи футболи кишвар бунёд шудаааст.
Дар ин Марказ, барои тамрини футболбозон, омодасозии мураббиён, доварон, мутахассисони соҳа, рушди футболи кӯдакону наврасон, ҷавонон, бонувон ва дастаҳои касбӣ, инчунин оммавигардонии футбол ва тарғиби тарзи ҳаёти солим шароити зарурӣ фароҳам карда шудааст.
Қайд карда шудааст, ки Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон бо кумаку дастгирии техникӣ ва молиявии Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA), Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) ва он шарикони дохилӣ бунёд гардидааст.
Игорь Ангеловский, главный тренер национальной сборной Таджикистана по футболу.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2026
Сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон таъйин шуд: Ӯ кист?
Бунёди чунин маҷмаа бо мақсади оммавигардонии варзиш, бахусус футбол дар кишвар роҳандозӣ гардида, ҳамовоз ба иқдомҳои наҷибу созандаи роҳбарияти олии сиёсии кишвар мебошад.
Лентаи хабарҳо
0