https://sputnik.tj/20260623/shons-nadorad-ima--zelenskiy-1078521135.html
"Шонс надорад": Дар ИМА сабаби амали номуносиби Зеленскийро ошкор карданд
"Шонс надорад": Дар ИМА сабаби амали номуносиби Зеленскийро ошкор карданд
Sputnik Тоҷикистон
Коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, ки раҳбари режими Киев дар назди милатгароён қарздор аст
2026-06-23T17:59+0500
2026-06-23T17:59+0500
2026-06-23T17:59+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
амалиёти вижа
миллатгаро
нозӣ
има
владимир зеленский
низоъ
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/17/1078524432_0:305:3071:2032_1920x0_80_0_0_1f4f1b3d21fa3309a8d9b36a6afbf88c.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июн – Sputnik. Рей Макговерн, таҳлилгари собиқи Хадамоти Марказии Иктишофӣ (CIA), дар шабакаи YouTube-и худ, изҳор дошт, ки Владимир Зеленский ба неонатсистҳо хизмат мекунад, зеро ӯ пеши онҳо қарздор аст."Ба Зеленский нигоҳ кунед. Ба он чизе, ки ӯ мекунад -баровардани ҷасадҳои фашистҳо ва эҳтиромгузорӣ ба онҳо. Ман намедонам, ки оё ӯ худ ба ин ҷаҳонбинии фашистӣ ҷалб шудааст ё танҳо аз ягона воҳидҳои омода ба ҷанг дар артиши Украина - воҳидҳое, ки таҳти роҳбарии фашистон боқӣ мондаанд, вобаста аст... Аммо ба назар мерасад, ки ӯ пеши онҳо қарздор аст. Ва маълум мешавад, ки мардуми Украина дар ин маврид аслан шонсе надоранд", - қайд кард ӯ.Дар айни замон, Макговерн таъкид кард, ки ИМА аз фишанги мавҷудаи худ бар сари режими Киев истифода намебарад."ИМА ба Зеленский нуфузи махсус дорад, то ӯро водор кунад, ки амалҳои муайянеро анҷом диҳад. Аммо ин таъсир нокифоя аст, ё Вашингтон намехоҳад онро барои иҷрои ваъдаи Трамп дар Анкориҷ истифода барад", - афзуд коршинос.Дар охири моҳи май Зеленский дар дафни дубораи боқимондаҳои Андрей Мелник, яке аз роҳбарони ОУН-УПА* ва ҳамсараш дар минтақаи Киев иштирок кард. Ӯ инчунин Маркази амалиёти махсуси “Шимол”-и Нерӯҳои Мусаллаҳи Украинаро "Ба номи Қаҳрамонони УПА" номгузорӣ кард.Моҳи март расонаҳои Украина хабар доданд, ки боқимондаҳои дигар роҳбарони ОУН-УПА* низ метавонанд дубора дафн карда шаванд.* - Созмонҳои экстремистӣ дар Русия манъ карда шудаанд.
https://sputnik.tj/20260623/shoygu-ruydod-avrupo-ukraina-ifrotgaroi-1078510190.html
украина
има
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/17/1078524432_159:0:2890:2048_1920x0_80_0_0_2523d519d4f648d7aaa93e6de695ec47.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амалиёти вижа, миллатгаро, нозӣ, има, владимир зеленский, низоъ, русия
украина, амалиёти вижа, миллатгаро, нозӣ, има, владимир зеленский, низоъ, русия
"Шонс надорад": Дар ИМА сабаби амали номуносиби Зеленскийро ошкор карданд
Коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, ки раҳбари режими Киев дар назди милатгароён қарздор аст
ДУШАНБЕ, 23 июн – Sputnik. Рей Макговерн, таҳлилгари собиқи Хадамоти Марказии Иктишофӣ (CIA), дар шабакаи YouTube-и худ, изҳор дошт, ки Владимир Зеленский ба неонатсистҳо хизмат мекунад, зеро ӯ пеши онҳо қарздор аст.
"Ба Зеленский нигоҳ кунед. Ба он чизе, ки ӯ мекунад -баровардани ҷасадҳои фашистҳо ва эҳтиромгузорӣ ба онҳо. Ман намедонам, ки оё ӯ худ ба ин ҷаҳонбинии фашистӣ ҷалб шудааст ё танҳо аз ягона воҳидҳои омода ба ҷанг дар артиши Украина - воҳидҳое, ки таҳти роҳбарии фашистон боқӣ мондаанд, вобаста аст... Аммо ба назар мерасад, ки ӯ пеши онҳо қарздор аст. Ва маълум мешавад, ки мардуми Украина дар ин маврид аслан шонсе надоранд", - қайд кард ӯ.
Дар айни замон, Макговерн таъкид кард, ки ИМА аз фишанги мавҷудаи худ бар сари режими Киев истифода намебарад.
"ИМА ба Зеленский нуфузи махсус дорад, то ӯро водор кунад, ки амалҳои муайянеро анҷом диҳад. Аммо ин таъсир нокифоя аст, ё Вашингтон намехоҳад онро барои иҷрои ваъдаи Трамп дар Анкориҷ истифода барад", - афзуд коршинос.
Дар охири моҳи май Зеленский дар дафни дубораи боқимондаҳои Андрей Мелник, яке аз роҳбарони ОУН-УПА* ва ҳамсараш дар минтақаи Киев иштирок кард. Ӯ инчунин Маркази амалиёти махсуси “Шимол”-и Нерӯҳои Мусаллаҳи Украинаро "Ба номи Қаҳрамонони УПА" номгузорӣ кард.
Моҳи март расонаҳои Украина хабар доданд, ки боқимондаҳои дигар роҳбарони ОУН-УПА* низ метавонанд дубора дафн карда шаванд.
* - Созмонҳои экстремистӣ дар Русия манъ карда шудаанд.