https://sputnik.tj/20260527/idi-qurbon-rahmon-mardumi-tojik-sarfa-sarishtakori-1077838498.html
Иди Қурбон тӯй нест: Раҳмон мардуми тоҷикро ба сарфаю сариштакорӣ даъват кард
Иди Қурбон тӯй нест: Раҳмон мардуми тоҷикро ба сарфаю сариштакорӣ даъват кард
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ба хонадони тоҷикистониён ва ҳамватанони бурунмарзӣ, тандурустӣ, хушбахтӣ ва дили шоду хонаи обод орзу намуд
2026-05-27T09:31+0500
2026-05-27T09:31+0500
2026-05-27T09:31+0500
дар тоҷикистон
иди қурбон
сарфакорӣ
эмомалӣ раҳмон
ислом
дин ва оин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/1a/1077824669_0:17:2048:1170_1920x0_80_0_0_3d0cacd4b7ea147f64068c1cbc886485.jpg
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро ба муносибати фарорасии Иди сайиди Қурбон муборакбод гуфта, сокинонро ба сариштакорӣ даъват кард.Дар паёми шодбошии худ, президант қайд кард, ки тақвияти дӯстиву муҳаббати байниҳамдигарӣ, тарғиби арзишҳои ахлоқӣ, анҷом додани амалҳои хайр, поси эҳтироми падару модарон ва калонсолон, дастгирии камбизоатҳову ниёзмандон ва сарфаю сариштакорӣ аз зумраи фазилатҳои ин ид мебошанд.Вай таъкид кард, ки шарт нест, қурбонӣ дар як рӯз бо издиҳому бенизомӣ анҷом дода шавад, балки беҳтар аст, ки забҳи чорво дар ҷойҳои муқарраршуда ва бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ сурат гирад.Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки дастгирии эҳтиёҷмандон, ятимону маъюбон ва камбизоатҳову беморон на танҳо як амали савоб, балки нишонаи имони комил, ахлоқи ҳамида ва масъулияти иҷтимоии афроди ҷомеа дар назди ҳамдигар мебошад.Раҳбари Тоҷикистон қайд кард, ки тақрибан ду даҳсола қабл дар ҷумҳурӣ Қонун "Дар бораи танзими ҷашну маросим" амал мекенад, ки он дар роҳи ба низоми муайян даровардани фарҳанги баргузории маъракаҳо ва пешгирӣ кардани зиёдаравию исрофкорӣ нақши назаррас гузошт.Вай илова кард, ки сарфаи маблағҳо ва худдорӣ кардан аз хароҷоти беҳуда ба оилаҳо имконият медиҳад, ки ба таълиму тарбияи фарзандон, фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ барои аҳли хонадон ва ободонии рӯзгори хеш таваҷҷуҳи бештар диҳанд.Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки мардум аз вазъияти ноорому буҳронии ҷаҳони муосир хуб огоҳанд.“Маҳсулоти ғизоӣ дар бисёр кишварҳои олам рӯз ба рӯз камчин ва нархҳо босуръат боло рафта истодаанд”, - гуфт ӯ.Кишвардори Тоҷикистон зикр кард, ки дар чунин шароит тоҷикон бояд, қабл аз ҳама, ба рушди иқтисоди ватанӣ, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин диққати аввалиндараҷа дода, дар фикри захираи дусолаи маводи ғизоӣ, яъне таъмини фарзандон ва аҳли оилаи худ бошанд.Раҳбари Тоҷикистон бори дигар таъкид кард, ки иди Қурбон тӯй нест, балки як маросими динӣ ва ойини эътиқодӣ аст, ки бояд дар асоси арзишҳои ахлоқӣ ва бо риояи меъёрҳои сарфаю сариштакорӣ баргузор карда шавад.
https://sputnik.tj/20260525/pulisi-dushanbe-volidon-ovoragardi-kudakon-id-qurbon-peshgiri-1077801524.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/1a/1077824669_167:0:1987:1365_1920x0_80_0_0_63ea6779d4a73f1fd92b56fc620f8671.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иди қурбон, сарфакорӣ, эмомалӣ раҳмон, ислом, дин ва оин
дар тоҷикистон, иди қурбон, сарфакорӣ, эмомалӣ раҳмон, ислом, дин ва оин
Иди Қурбон тӯй нест: Раҳмон мардуми тоҷикро ба сарфаю сариштакорӣ даъват кард
Эмомалӣ Раҳмон ба хонадони тоҷикистониён ва ҳамватанони бурунмарзӣ, тандурустӣ, хушбахтӣ ва дили шоду хонаи обод орзу намуд
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро ба муносибати фарорасии Иди сайиди Қурбон муборакбод гуфта, сокинонро ба сариштакорӣ даъват кард.
Дар паёми шодбошии худ, президант қайд кард, ки тақвияти дӯстиву муҳаббати байниҳамдигарӣ, тарғиби арзишҳои ахлоқӣ, анҷом додани амалҳои хайр, поси эҳтироми падару модарон ва калонсолон, дастгирии камбизоатҳову ниёзмандон ва сарфаю сариштакорӣ аз зумраи фазилатҳои ин ид мебошанд.
Вай таъкид кард, ки шарт нест, қурбонӣ дар як рӯз бо издиҳому бенизомӣ анҷом дода шавад, балки беҳтар аст, ки забҳи чорво дар ҷойҳои муқарраршуда ва бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ сурат гирад.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки дастгирии эҳтиёҷмандон, ятимону маъюбон ва камбизоатҳову беморон на танҳо як амали савоб, балки нишонаи имони комил, ахлоқи ҳамида ва масъулияти иҷтимоии афроди ҷомеа дар назди ҳамдигар мебошад.
Раҳбари Тоҷикистон қайд кард, ки тақрибан ду даҳсола қабл дар ҷумҳурӣ Қонун "Дар бораи танзими ҷашну маросим" амал мекенад, ки он дар роҳи ба низоми муайян даровардани фарҳанги баргузории маъракаҳо ва пешгирӣ кардани зиёдаравию исрофкорӣ нақши назаррас гузошт.
“Дар асоси муқаррароти ин қонун мо бояд ҳангоми баргузории ҷашну маъракаҳо ва хусусан дар рӯзҳои ид сарфаю сариштакор бошем, ба намоишкориву исрофкорӣ роҳ надиҳем ва маросими диниву эътиқодиро, ки мардумро ба хайру саховат ва сарфаю сариштакорӣ ҳидоят мекунад, ба намоиши хурофоту таассуб табдил насозем”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Вай илова кард, ки сарфаи маблағҳо ва худдорӣ кардан аз хароҷоти беҳуда ба оилаҳо имконият медиҳад, ки ба таълиму тарбияи фарзандон, фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ барои аҳли хонадон ва ободонии рӯзгори хеш таваҷҷуҳи бештар диҳанд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки мардум аз вазъияти ноорому буҳронии ҷаҳони муосир хуб огоҳанд.
“Маҳсулоти ғизоӣ дар бисёр кишварҳои олам рӯз ба рӯз камчин ва нархҳо босуръат боло рафта истодаанд”, - гуфт ӯ.
Кишвардори Тоҷикистон зикр кард, ки дар чунин шароит тоҷикон бояд, қабл аз ҳама, ба рушди иқтисоди ватанӣ, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин диққати аввалиндараҷа дода, дар фикри захираи дусолаи маводи ғизоӣ, яъне таъмини фарзандон ва аҳли оилаи худ бошанд.
“Мо бояд бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза амал кунем, бештар заҳмат кашем, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем ва амнияти озуқавории кишварамонро, ки яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ мебошад, таъмин намоем”,- гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Раҳбари Тоҷикистон бори дигар таъкид кард, ки иди Қурбон тӯй нест, балки як маросими динӣ ва ойини эътиқодӣ аст, ки бояд дар асоси арзишҳои ахлоқӣ ва бо риояи меъёрҳои сарфаю сариштакорӣ баргузор карда шавад.