Содироти 160 тонна моҳӣ ва гӯшт аз Калинингради Русия ба кишварҳои ИИАО ва ИДМ

© Sputnik / Рамиль СитдиковРыба на прилавке торгового ряда
Рыба на прилавке торгового ряда  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2026
Обуна шудан
Моҳи ва гӯшт аз Каленингради Русия асосан ба Қазоқистон, Молдова ва Узбекистон содирот шудааст
ДУШАНБЕ, 23 июн – Sputnik. Аз 1 то 18 июни соли 2026, тақрибан 160 тонна маҳсулоти баҳрӣ, моҳӣ ва гӯшт ва ҳасиб аз вилояти Калинингради Русия ба кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва ИДМ содир шудааст.
Содирот аз ҷониби Росселхознадзор назорат карда шудаанд.
Маҳсулоти ин вилоят асосан ба Қазоқистон, Молдова ва Узбекистон содир шудааст.
“90 тонна моҳии консервшуда ва 38 тонна гӯшт ва маҳсулоти ҳасиб ба Қазоқистон фиристода шуд. 19 тонна маҳсулоти моҳии тайёр ба Молдова ва 16 тонна моҳӣ ва маҳсулоти баҳрӣ ба Узбекистон содир шудааст”, - иттилоъ додааст Росселхознадзор.
Пеш аз интиқол, мутахассисон ҳуҷҷатҳоро аз рӯи мувофиқат бо шаҳодатномаҳои байторӣ, санаҳои истеҳсол, ҳолати санитарии маҳсулот ва тозагии воситаҳои нақлиёт тафтиш карданд.
Флаги России, Киргизии, Казахстана, Белоруссии, Армении, а также с символикой Евразийского экономического союза (ЕАЭС)  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2026
Индонезия метавонад молҳояшро ба бозори Русия пас аз имзои созишнома бо ИИАО ворид кунад
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.
Лентаи хабарҳо
0