https://sputnik.tj/20260528/garonii-narkhi-sement-prezident-rahmon-dastur-norasoi-1077886123.html
Гаронии нархи семент ба президент ҳам расид: Раҳмон дастур дод, норасоӣ бартараф шавад
Гаронии нархи семент ба президент ҳам расид: Раҳмон дастур дод, норасоӣ бартараф шавад
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон дар маҷлиси ҳукумат ба вазорату идораҳо дастур дод, ки барои ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъи бозори семент чораҳои зарурӣ андешанд 28.05.2026, Sputnik Тоҷикистон
2026-05-28T15:41+0500
2026-05-28T15:41+0500
2026-05-28T15:41+0500
семент
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
маҷлиси ҳукумат
саноат
истеҳсол
нарх
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/1c/1077887288_0:66:2048:1219_1920x0_80_0_0_217ff42503e5a744cc87550a166c3f67.jpg
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Гароншавии нархи семент ва камбуди он дар бозорҳои кишвар раисҷумҳури Тоҷикистонро нигарон кардааст.Ахиран дар кори Маҷлиси ҳукумат, вазъи истеҳсоли семент ва масъалаҳои вобаста ба таъмини бозори кишвар бо ин маҳсулот мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.Дар маҷлис қайд карда шуд, ки солҳои охир иқтидорҳои истеҳсолии семент дар кишвар ба таври назаррас афзоиш ёфта, ҳаҷми истеҳсоли он аз 300 ҳазор тоннаи соли 2014 ба зиёда аз 5 миллион тонна расидааст.Аммо новобаста аз ин имрӯзҳо дар бозорҳои кишвар гароншавии нархи семент ва норасоии он мушоҳида мешавад.Ба ҳамин хотир дар маҷлис кишвардори Тоҷикистон ба вазъи кунунии бозори семент, аз ҷумла болоравии нарх ва камчинии маҳсулот дар баъзе минтақаҳои кишвар таваҷҷуҳи хос зоҳир кард.Вай зикр кард, ки баъзе корхонаҳои истеҳсолӣ дар мавсими фаъоли сохтмон барои таъмир боздошта шуда, инчунин, фаъолияти миёнаравҳо ва дилерҳо дар баъзе ҳолатҳо ба болоравии нархи маҳсулот таъсир расондааст.Эмомалӣ Раҳмон қайд кардааст, ки болоравии нархи семент метавонад ба суръати корҳои сохтмонӣ, арзиши манзил, татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва рушди иқтисоди миллӣ таъсир расонад.Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин Маҷлис ба мақомоти масъул барои ба эътидол овардани вазъ ва таъмини бозори дохилӣ бо семент супоришҳои мушаххас дод.Аз ҷумла, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав супориш дод, ки истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти корхонаҳо ва ташкили низоми доимии мониторинги бозорро таъмин намояд.Ҳамчунин кишвардори Тоҷикистон супориш дод, ки фаъолияти шабакаҳои фурӯш ва миёнаравҳоро мавриди таҳлил ва санҷиш қарор диҳанд.Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъмини устувори бозор, рушди иқтидорҳои истеҳсолӣ, беҳтар намудани логистика, таъмини неруи барқ ва риояи меъёрҳои экологӣ ба ниҳодҳои марбут супориш.Президенти дар маҷлиси ҳукуматӣ таъкид намуд, ки мақомот бояд барои ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъи бозори семент, ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагон ва таъмини рушди устувори соҳаи сохтмон чораҳои амалӣ андешанд.Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон ба Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва ҷамъияти “Тоҷикматлубот” дастур дод, ки хариди сементро аз истеҳсолкунандагон ва фуруши онро дар минтақаҳои дурдаст ба роҳ монанд.Раҳбари кишварт ҳамчунин ба мақомот супориш дод, ки вазъи бозори сементро пурра таҳлилу баррасӣ намуда, дар муддати як ҳафта ба Ҳукумати пешниҳод манзур намоянд.Дар Маҷлиси ҳукумат таъкид шуд, ки аз ҳолатҳои ба таври сунъӣ болобарии нархи семент, ки аз ҷониби баъзе миёнаравону тоҷирон ба хотири даромади муфт ба миён оварда мешавад, ҷиддан пешгирӣ карда шавад.
https://sputnik.tj/20260520/istehsoli-sement-tojikiston-afzoish-1077679706.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/1c/1077887288_125:0:1945:1365_1920x0_80_0_0_a714e6c56cd0b446eaabcda2045f2692.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
семент, дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, маҷлиси ҳукумат, саноат, истеҳсол, нарх
семент, дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, маҷлиси ҳукумат, саноат, истеҳсол, нарх
Гаронии нархи семент ба президент ҳам расид: Раҳмон дастур дод, норасоӣ бартараф шавад
Президенти Тоҷикистон дар маҷлиси ҳукумат ба вазорату идораҳо дастур дод, ки барои ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъи бозори семент чораҳои зарурӣ андешанд
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Гароншавии нархи семент ва камбуди он дар бозорҳои кишвар раисҷумҳури Тоҷикистонро нигарон кардааст.
Ахиран дар кори Маҷлиси ҳукумат, вазъи истеҳсоли семент ва масъалаҳои вобаста ба таъмини бозори кишвар бо ин маҳсулот мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Дар маҷлис қайд карда шуд, ки солҳои охир иқтидорҳои истеҳсолии семент дар кишвар ба таври назаррас афзоиш ёфта, ҳаҷми истеҳсоли он аз 300 ҳазор тоннаи соли 2014 ба зиёда аз 5 миллион тонна расидааст.
Аммо новобаста аз ин имрӯзҳо дар бозорҳои кишвар гароншавии нархи семент ва норасоии он мушоҳида мешавад.
Ба ҳамин хотир дар маҷлис кишвардори Тоҷикистон ба вазъи кунунии бозори семент, аз ҷумла болоравии нарх ва камчинии маҳсулот дар баъзе минтақаҳои кишвар таваҷҷуҳи хос зоҳир кард.
“Сарфи назар аз афзоиши ҳаҷми истеҳсол, дар фаъолияти як қатор сохторҳои соҳавӣ вобаста ба ҳамоҳангсозии фаъолияти истеҳсолӣ, истифодаи иқтидорҳо, танзими бозор ва назорати фаъолияти шабакаҳои фурӯш камбудиҳо ҷой доранд”, - гуфт раҳбари кишвар.
Вай зикр кард, ки баъзе корхонаҳои истеҳсолӣ дар мавсими фаъоли сохтмон барои таъмир боздошта шуда, инчунин, фаъолияти миёнаравҳо ва дилерҳо дар баъзе ҳолатҳо ба болоравии нархи маҳсулот таъсир расондааст.
Эмомалӣ Раҳмон қайд кардааст, ки болоравии нархи семент метавонад ба суръати корҳои сохтмонӣ, арзиши манзил, татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва рушди иқтисоди миллӣ таъсир расонад.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин Маҷлис ба мақомоти масъул барои ба эътидол овардани вазъ ва таъмини бозори дохилӣ бо семент супоришҳои мушаххас дод.
Аз ҷумла, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав супориш дод, ки истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти корхонаҳо ва ташкили низоми доимии мониторинги бозорро таъмин намояд.
Ҳамчунин кишвардори Тоҷикистон супориш дод, ки фаъолияти шабакаҳои фурӯш ва миёнаравҳоро мавриди таҳлил ва санҷиш қарор диҳанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъмини устувори бозор, рушди иқтидорҳои истеҳсолӣ, беҳтар намудани логистика, таъмини неруи барқ ва риояи меъёрҳои экологӣ ба ниҳодҳои марбут супориш.
Президенти дар маҷлиси ҳукуматӣ таъкид намуд, ки мақомот бояд барои ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъи бозори семент, ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагон ва таъмини рушди устувори соҳаи сохтмон чораҳои амалӣ андешанд.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон ба Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва ҷамъияти “Тоҷикматлубот” дастур дод, ки хариди сементро аз истеҳсолкунандагон ва фуруши онро дар минтақаҳои дурдаст ба роҳ монанд.
Раҳбари кишварт ҳамчунин ба мақомот супориш дод, ки вазъи бозори сементро пурра таҳлилу баррасӣ намуда, дар муддати як ҳафта ба Ҳукумати пешниҳод манзур намоянд.
Дар Маҷлиси ҳукумат таъкид шуд, ки аз ҳолатҳои ба таври сунъӣ болобарии нархи семент, ки аз ҷониби баъзе миёнаравону тоҷирон ба хотири даромади муфт ба миён оварда мешавад, ҷиддан пешгирӣ карда шавад.