Пешниҳоди Қазоқистон дар бораи рақамисозии муҳоҷират дар ҳудуди ИИАО

© Sputnik / Евгений Епанчинцев / Гузариш ба медиабонкВыдача разрешения на работу в России иностранным гражданам
Выдача разрешения на работу в России иностранным гражданам - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2026
Обуна шудан
Вазири меҳнати Қазоқистон пешниҳод кард, ки мубодилаи маълумот дар бораи ҷараёни муҳоҷират байни кишварҳои узви ИИАО ба таври маҷози сурат бигирад
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Қазоқистондар бораи рақамисозии бахши муҳоҷирати Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёро пешниҳод кард.
Ин ибтикор аз сӯйи вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон Аскарбек Ертаев ҳангоми Форуми иқтисодии АвруОсиё, ки дар Остона мегузарад пешниҳод шудааст.
Вай таъкид кард, маълумот дар бораи ҷараёни муҳоҷират байни кишварҳои узв бояд ба таври маҷозӣ сурат бигирад.
"Ман чор пешниҳоди мушаххас пешниҳод мекунам: аввал, ҷорӣ кардани шакли ягонаи рақамии стандартӣ бароимуҳоҷирони киории ИИАО; дуюм, таъсиси мубодилаи рақамии маълумот дар бораи ҷараёни муҳоҷирати меҳнатӣ дар вақти воқеӣ; сеюм, ташкили мубодилаи иттилоотии маълумоти шуғл ва тахассус барои пешгӯии ниёзҳои бозори меҳнати ИИАО ва чорум, таҳияи меъёрҳои нави ҳамоҳангшудаи ҳуқуқӣ барои ҳифзи ҳуқуқи коргарон, бо назардошти платформаҳои рақамӣ дар дохили ИИАО", - гуфт ӯ.
Флаги ЕАЭС. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2026
Песков ғамхорӣ нисбати ИИАО барои Русия авлавият дорад
Ертаев дар бораи таҷрибаи Қазоқистон дар рақамикунонии соҳаи меҳнат таъкид кард.
Вай қайд кард, ки бозори меҳнати ИИАО ва таъсири рақамикунонӣ дар сурати ҳамкорӣ бо кишварҳо ба таври назаррас бештар хоҳад буд.
"Имрӯз рақамикунонии бозори меҳнати ИИАО дигар масъалаи рушди технологӣ нест; ин масъалаи рақобатпазирии фазои умумии иқтисодии мост", - гуфт ӯ.
Лентаи хабарҳо
0