https://sputnik.tj/20260622/maqomot-tojikiston-iqtidori-barq-obi-istifoda-1078471633.html
Мақомот: Тоҷикистон ҳанӯз аз иқтидори барқи обии худ истифода накардааст
Мақомот: Тоҷикистон ҳанӯз аз иқтидори барқи обии худ истифода накардааст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки бо вуҷуди он ки кишвар аз бузургтарин иқтидори гидроэнергетикӣ дар Осиёи Марказӣ бархурдор аст, тақрибан 95% иқтидори барқ обӣ ҳанӯз истифода нашудааст
2026-06-22T11:41+0500
2026-06-22T11:41+0500
2026-06-23T13:33+0500
дар тоҷикистон
энергетика
барқ
барқи обӣ
сармоягузорӣ
истеҳсолу тавлиди барқ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/09/1064254950_0:79:1280:799_1920x0_80_0_0_fee9559d955ae4ca07f28dd1b696ffdc.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон эълон кард, ки қисми зиёди захираҳои энергетикии кишвар ҳанӯз истифода нашудааст.Тибқи гузориши ин ниҳод, Тоҷикистон аз назари зарфияти тавлиди барқи обӣ дар рутбаи нахуст дар Осиёи Марказӣ қарор дорад ва дар шумори кишварҳои дорои бузургтарин захоири энержии барқи обӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад.Бароварда нишон медиҳанд, ки иқтидори солонаи истеҳсоли нерӯи барқи обии кишвар ба 527 миллиард киловатт-соат мерасад.Ҳамчунин, тақрибан 60% захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ҷойгиранд, аммо бо вуҷуди ин бартарии беназир, қариб 95 фоизи иқтидори нерӯи барқи обии кишвар ҳанӯз истифода нашудааст.Иқтидори потенсиалии энергияи офтобии Тоҷикистон, дар навбати худ, тақрибан 369 ҳазор ва 600 мегаватт арзёбӣ мешавад, аммо то кунун бахши умда аз он тавсеа наёфтааст.Иқтидори энергияи бодии кишвар низ 4 ҳазору 458 мегаватт эълон шуда,ҳамчунин дар марҳила авалия тавсеа қарор гирифтааст.Дар ҳоли ҳозир, ҳудуди 98% барқи тавлидшуда дар Тоҷикистон аз манобеи таҷдидпазир таъмин мешавад.Ҳукумат дар доираи Стратегияи миллии рушди бахши энергетика ҳадаферо муқаррар кардааст, ки то соли 2032 100% нерӯи барқи худро аз манобеи таҷдидпазир тавлид кунад ва то соли 2037 унвони "кишвари сабз"-ро ба даст орад.Бар пояи ин гузориш, бахши энержии Тоҷикистон зарфиятҳои густарда барои ҷазб сармоягузорӣ дар ҳавзаи барқ обӣ, энержии офтобӣ ва бодӣ, тавсеаи зерасохтори энержӣ, эҷоди сомонаҳои захирасозии барқ ва ҳамчунин иҷрои пружаҳои содироти барқи пок ба кишварҳои минтақа дорад.
https://sputnik.tj/20260527/eron-tajriba-sohahoi-obu-energetika-tojikiston-mubodila-1077830775.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/09/1064254950_143:0:1280:853_1920x0_80_0_0_238c79b0897ae7b438c5bc5cd1ece405.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, энергетика, барқ, барқи обӣ, сармоягузорӣ, истеҳсолу тавлиди барқ
дар тоҷикистон, энергетика, барқ, барқи обӣ, сармоягузорӣ, истеҳсолу тавлиди барқ
Мақомот: Тоҷикистон ҳанӯз аз иқтидори барқи обии худ истифода накардааст
11:41 22.06.2026 (Навсозишуда: 13:33 23.06.2026) Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки бо вуҷуди он ки кишвар аз бузургтарин иқтидори гидроэнергетикӣ дар Осиёи Марказӣ бархурдор аст, тақрибан 95% иқтидори барқ обӣ ҳанӯз истифода нашудааст
ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон эълон кард, ки қисми зиёди захираҳои энергетикии кишвар ҳанӯз истифода нашудааст.
Тибқи гузориши ин ниҳод, Тоҷикистон аз назари зарфияти тавлиди барқи обӣ дар рутбаи нахуст дар Осиёи Марказӣ қарор дорад ва дар шумори кишварҳои дорои бузургтарин захоири энержии барқи обӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад.
Бароварда нишон медиҳанд, ки иқтидори солонаи истеҳсоли нерӯи барқи обии кишвар ба 527 миллиард киловатт-соат мерасад.
Ҳамчунин, тақрибан 60% захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ҷойгиранд, аммо бо вуҷуди ин бартарии беназир, қариб 95 фоизи иқтидори нерӯи барқи обии кишвар ҳанӯз истифода нашудааст.
Иқтидори потенсиалии энергияи офтобии Тоҷикистон, дар навбати худ, тақрибан 369 ҳазор ва 600 мегаватт арзёбӣ мешавад, аммо то кунун бахши умда аз он тавсеа наёфтааст.
Иқтидори энергияи бодии кишвар низ 4 ҳазору 458 мегаватт эълон шуда,ҳамчунин дар марҳила авалия тавсеа қарор гирифтааст.
Дар ҳоли ҳозир, ҳудуди 98% барқи тавлидшуда дар Тоҷикистон аз манобеи таҷдидпазир таъмин мешавад.
Ҳукумат дар доираи Стратегияи миллии рушди бахши энергетика ҳадаферо муқаррар кардааст, ки то соли 2032 100% нерӯи барқи худро аз манобеи таҷдидпазир тавлид кунад ва то соли 2037 унвони "кишвари сабз"-ро ба даст орад.
Бар пояи ин гузориш, бахши энержии Тоҷикистон зарфиятҳои густарда барои ҷазб сармоягузорӣ дар ҳавзаи барқ обӣ, энержии офтобӣ ва бодӣ, тавсеаи зерасохтори энержӣ, эҷоди сомонаҳои захирасозии барқ ва ҳамчунин иҷрои пружаҳои содироти барқи пок ба кишварҳои минтақа дорад.