https://sputnik.tj/20260527/eron-tajriba-sohahoi-obu-energetika-tojikiston-mubodila-1077830775.html
Эрон омода аст, таҷрибаи худро дар соҳаҳои обу энергетика бо Тоҷикистон мубодила намояд
Эрон омода аст, таҷрибаи худро дар соҳаҳои обу энергетика бо Тоҷикистон мубодила намояд
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Эрон хостори густариши робитаҳо дар бахшҳои иқтисод, саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳсозӣ ва ҳамлу нақл ҳастанд
2026-05-27T10:41+0500
2026-05-27T10:41+0500
2026-05-27T10:41+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
равобит
иқтисод
эмомалӣ раҳмон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/1a/1077834638_0:112:2048:1265_1920x0_80_0_0_63ba1c3851d09faa45754e0bd2e97fd7.jpg
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири неруи Эрон Аббос Алиободӣ масоили рушди муносибатҳои ду кишварро баррасӣ кард.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.Бояд қайд кард, ки вазири эронӣ барои иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба Душанбе ташриф овардааст.Манбаъ қайд кардааст, ки зимни мулоқот ҷонибҳо ба густариши робитаҳо дар бахшҳои иқтисод, саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳсозӣ ва ҳамлу нақл таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.Дар навбати худ вазири эронӣ Аббос Алиободӣ таъкид кард, ки кишвараш омода аст, ки таҷрибаи худро дар соҳаи обу энергетика бо Тоҷикистон мубодила намояд.Вай гуфт, ки бо президенти Тоҷикистон масъалаҳои таҳкими дӯстиву бародарӣ, густариши ҳамкорӣ ва ҳамбастагии ду давлат баррасӣ гардиданд.Роҳбари ҳайати Эрон таъкид намуд, ки тоҷикону эрониёнро таъриху фарҳанг, забон ва арзишҳои муштарак ба ҳам мепайванданд. "Мо Рӯдакӣ, Ҳофиз, Саъдӣ ва Фирдавсиро шоирони як миллат медонем", — илова кард ӯ.Ба гуфтаи Аббос Алиободӣ , дар рафти суҳбат инчунин оид ба вазъи кунунии минтақа ва зарурати ҳамкории муштарак барои рафъи мушкилоти мавҷуда мубодилаи афкор доир гардид.Дар ин дидор раҳбари Тоҷикистон вобаста ба вазъи Ховари Миёна қайд кард, ки мушкилоти бавуҷудомада танҳо метавонад тавассути роҳҳои дипломатӣ ва музокирот м ҳаллу фасл гарданд.Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мавқеи устувори Тоҷикистон ба ҷонибдорӣ аз идомаи талошҳои сиёсӣ ва муколамаи созанда дар роҳи ҳалли осоиштаи ин ва дигар низоъҳо таъкид кард.
https://sputnik.tj/20260219/takid-eron-tojikiston-tavseai-hamkorihoi-sanati-tijori-1075391289.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/1a/1077834638_99:0:1919:1365_1920x0_80_0_0_94ae9fae68c9e30c41f1cbcff6755669.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, равобит, иқтисод, эмомалӣ раҳмон, сиёсат
дар тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, равобит, иқтисод, эмомалӣ раҳмон, сиёсат
Эрон омода аст, таҷрибаи худро дар соҳаҳои обу энергетика бо Тоҷикистон мубодила намояд
Тоҷикистону Эрон хостори густариши робитаҳо дар бахшҳои иқтисод, саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳсозӣ ва ҳамлу нақл ҳастанд
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири неруи Эрон Аббос Алиободӣ масоили рушди муносибатҳои ду кишварро баррасӣ кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Бояд қайд кард, ки вазири эронӣ барои иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба Душанбе ташриф овардааст.
Манбаъ қайд кардааст, ки зимни мулоқот ҷонибҳо ба густариши робитаҳо дар бахшҳои иқтисод, саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳсозӣ ва ҳамлу нақл таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
“Зимнан, таъсиси корхонаҳои муштарак, аз ҷумла дар соҳаҳои маъдан, дорусозӣ, нассоҷӣ, коркарди пахта, пашму пӯст, мувофиқи мақсад дониста шуд”, - хабар додааст Хадамоти матбуоти раисҷумҳур.
Дар навбати худ вазири эронӣ Аббос Алиободӣ таъкид кард, ки кишвараш омода аст, ки таҷрибаи худро дар соҳаи обу энергетика бо Тоҷикистон мубодила намояд.
“Эрон омода аст, ки таҷрибаи худро дар соҳаҳои обу энергетика бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мубодила намояд”, — иброз дошт Вазири неруи Эрон Аббос Алиободӣ пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон,.
Вай гуфт, ки бо президенти Тоҷикистон масъалаҳои таҳкими дӯстиву бародарӣ, густариши ҳамкорӣ ва ҳамбастагии ду давлат баррасӣ гардиданд.
Роҳбари ҳайати Эрон таъкид намуд, ки тоҷикону эрониёнро таъриху фарҳанг, забон ва арзишҳои муштарак ба ҳам мепайванданд. "Мо Рӯдакӣ, Ҳофиз, Саъдӣ ва Фирдавсиро шоирони як миллат медонем", — илова кард ӯ.
Ба гуфтаи Аббос Алиободӣ , дар рафти суҳбат инчунин оид ба вазъи кунунии минтақа ва зарурати ҳамкории муштарак барои рафъи мушкилоти мавҷуда мубодилаи афкор доир гардид.
Дар ин дидор раҳбари Тоҷикистон вобаста ба вазъи Ховари Миёна қайд кард, ки мушкилоти бавуҷудомада танҳо метавонад тавассути роҳҳои дипломатӣ ва музокирот м ҳаллу фасл гарданд.
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мавқеи устувори Тоҷикистон ба ҷонибдорӣ аз идомаи талошҳои сиёсӣ ва муколамаи созанда дар роҳи ҳалли осоиштаи ин ва дигар низоъҳо таъкид кард.