Тоҷикистон бо Русия масъалаи таъмини маҳсулоти нафтӣ ва газро баррасӣ кард

© Sputnik / Юрий Сомов / Гузариш ба медиабонкЦистерны с нефтью. Архивное фото
Цистерны с нефтью. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2026
Обуна шудан
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо ҳамтои русаш дар ҳошияи ҷаласаи шашуми вазирони энергетикаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Бишкек мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 21 июн - Sputnik. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири энергетикаи Русия Сергей Тсивилев масоили воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъро баррасӣ намуд .
Дар ин бора дафтари матбуои вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар дод.
Ин мулоқот дар ҳошияи ҷаласаи шашуми вазирони энергетикаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Бишкек баргузор шуд.
“Дар рафти гуфтушунидҳо вазирон нақшаи тавозуни индикативии воридоти маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъро баррасӣ кард”, - қайд кардааст манбаъ.
Онҳо инчунин ба ҳамкории ду кишвар дар бахши энергетика, аз ҷумла фаъолияти нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1-и Русия ва Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
Русия таъминкунандаи асосии маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Челябинскую область посетила делегация Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2026
Тоҷикистону Урали Ҷанубии Русия равобити иқтисодӣ ва башардӯстонаро тақвият медиҳанд
Беш аз 80%-и маҳсулоти нафтии воридшуда ба Тоҷикистон аз Русия ворид мешавад.
Тоҷикистону Русия созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи таъмини маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла бензин, сӯхти дизелӣ, сӯхт барои ҳавопаймо ва дигар намудҳо доранд.
Кишварҳо ҳамасола дар гуфтугӯҳо дар бораи ақшаи тавозуни индикативии воридоти маҳсулоти нафтӣ, ки рушди иқтисодии кишварро ба назар мегиранд, санад ба имзо мерсонанд.
Тибқи иттилои Вазорати энергетикаи Тоҷикистон, дар соли 2025 кишвар аз Русия беш аз 1,2 миллион тонна маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ворид кардааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли қаблӣ 17,5% бештар аст.
Лентаи хабарҳо
0