ИИАО метавонад бо кишварҳои АСЕАН минтақаи озоди тиҷоратӣ дошта бошад

© Sputnik / Фотохост-агентство / Гузариш ба медиабонкФлаги в конгресс-центре в Сочи, в котором пройдут мероприятия саммита Россия — АСЕАН.
Флаги в конгресс-центре в Сочи, в котором пройдут мероприятия саммита Россия — АСЕАН.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2026
Обуна шудан
Раиси утоқи савдо ва саноати Русия ахиран гуфт, ки ин созишномаҳо имкониятҳои "бештари ҳамкорӣ"-ро фароҳам месозанд
ДУШАНБЕ, 19 июн - Sputnik. Сергей Катирин, раиси утоқи савдо ва саноати Русия гуфт, ки ҷонибдори бастани созишномаҳо дар бораи тиҷорати озод байни Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ва ҳамаи кишварҳои узки АСЕАН мебошад.
"Дар ҳолати беҳтарин, ман фикр мекунам, ки ҳамаи кишварҳои АСЕАН бо ИИАО дар минтақаи тиҷорати озод қарор доранд", - гуфт Катирин дар ҳошияи нишасти Русия ва АСЕАН ба хабаргузории ТАСС.
Вай изҳори боварӣ кард, ки ин созишномаҳо имкониятҳои "ҳамкории бештар"-ро фароҳам меоранд.
Дар айни замон, раиси утоқи савдо ва саноати Русия эътироф кард, ки "ин як масъалаи мураккаб аст", зеро ин қарор бояд якҷоя аз ҷониби ҳамаи панҷ узви ИИАО (Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон) қабул карда шавад.
"Ҳар кас манфиатҳои худро дорад ва табиист, ки ҳар кас манфиатҳои кишвари худро ҳимоя мекунад", - шарҳ дод Катирин.
Флаги Узбекистана и ЕАЭС  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2026
Русия омодааст ба Узбекистон барои узвияти комилаш дар ИИАО кумак кунад
Вай афзуд, ки ин як раванди мутақобила, як кӯчаи дуҷониба аст ва ҳамаи ҷиҳатҳои мусбат ва манфиро бояд арзёбӣ кард.
Вай таъкид кард, ки созишномаҳои тиҷорати озод мконияти ворид шудан ба бозорҳо дар саросари АСЕАН ва ҳатто берун аз онро фароҳам меоранд.
Лентаи хабарҳо
0