https://sputnik.tj/20260618/tojikistonu-urali-janubii-rusiya-ravobiti-iqtisodi-taqviyat-1078367668.html
Тоҷикистону Урали Ҷанубии Русия равобити иқтисодӣ ва башардӯстонаро тақвият медиҳанд
Тоҷикистону Урали Ҷанубии Русия равобити иқтисодӣ ва башардӯстонаро тақвият медиҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳайати Тоҷикистон аз вилояти Челябинск боздид кард, то робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратиро бо ин вилояти Русия рушд диҳанд
2026-06-18T12:41+0500
2026-06-18T12:41+0500
2026-06-18T12:41+0500
дар тоҷикистон
русия
ҳамкорӣ
равобит
челябинск
иқтисод
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/11/1078367497_0:51:1000:614_1920x0_80_0_0_5c702f5707f8b06bce59a596d85672ea.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июн - Sputnik. Ҳадафҳои асосии сафари ҳайати Тоҷикистон ба вилояти Челябинск рушди тиҷорат, ҳамкорӣ дар бахши саноатӣ, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, сиёсати ҷавонон ва фарҳанг мебошад.Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Челябинск хабар додааст.Қайд карда шудааст, ки ахиран дар бинои ҳукумати вилоят ҳайати Тоҷикистон бо муовини губернатор ва вазири кишоварзӣ Алексей Кобилин, вазири ҳамкории байналмилалӣ Дмитрий Глухарев, вазири саноат ва тиҷорат Михаил Кнауб ва роҳбарони шӯъбаҳои меҳнат, маориф ва робита бо ҷомеа дидору мулоқот карданд.Ҷонибҳо самтҳои мушаххас ва нақшаҳои амиқсозии ҳамкориро баррасӣ карданд."Мо дурнамои назарраси ҳамкорӣ дар соҳаҳои металлургия, мошинсозӣ ва комплекси агросаноатӣ мебинем", - қайд кард Алексей Кобилин.Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург Ғоиб Холназар таъкид кард, ки Русия шарики стратегӣ барои Тоҷикистон аст ва муносибатҳои мустаҳками дӯстона минбаъд низ рушд хоҳанд кард."Ҳамкории мо ҳам иқтисод ва ҳам соҳаи башардӯстиро дар бар мегирад, ки заминаи мустаҳками шарикии дарозмуддатро фароҳам меорад", - афзуд ӯ.Намояндагони мақомоти Тоҷикистон аз якчанд корхонаҳои бузург дидан карданд ва инчунин бо донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи аграрии Урали Ҷанубӣ мулоқот анҷом доданд.Ҳукумати вилояти Челябинск таъкид кард, ки ин сафар заминаи лоиҳаҳои муштаракро барои афзоиши тиҷорати мутақобила, таъсиси ҷойҳои корӣ ва густариши робитаҳои фарҳангӣ фароҳам меорад.
https://sputnik.tj/20260615/jarayon-asosi-muhojirat-rusiya-tojikiston-titov-1078303506.html
русия
челябинск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/11/1078367497_78:0:967:667_1920x0_80_0_0_491741e7c13fd991ce3f18b698f0663f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, равобит, челябинск, иқтисод, тиҷорат
дар тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, равобит, челябинск, иқтисод, тиҷорат
Тоҷикистону Урали Ҷанубии Русия равобити иқтисодӣ ва башардӯстонаро тақвият медиҳанд
Ҳайати Тоҷикистон аз вилояти Челябинск боздид кард, то робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратиро бо ин вилояти Русия рушд диҳанд
ДУШАНБЕ, 18 июн - Sputnik. Ҳадафҳои асосии сафари ҳайати Тоҷикистон ба вилояти Челябинск рушди тиҷорат, ҳамкорӣ дар бахши саноатӣ, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, сиёсати ҷавонон ва фарҳанг мебошад.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Челябинск хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки ахиран дар бинои ҳукумати вилоят ҳайати Тоҷикистон бо муовини губернатор ва вазири кишоварзӣ Алексей Кобилин, вазири ҳамкории байналмилалӣ Дмитрий Глухарев, вазири саноат ва тиҷорат Михаил Кнауб ва роҳбарони шӯъбаҳои меҳнат, маориф ва робита бо ҷомеа дидору мулоқот карданд.
Ҷонибҳо самтҳои мушаххас ва нақшаҳои амиқсозии ҳамкориро баррасӣ карданд.
"Мо дурнамои назарраси ҳамкорӣ дар соҳаҳои металлургия, мошинсозӣ ва комплекси агросаноатӣ мебинем", - қайд кард Алексей Кобилин.
Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург Ғоиб Холназар таъкид кард, ки Русия шарики стратегӣ барои Тоҷикистон аст ва муносибатҳои мустаҳками дӯстона минбаъд низ рушд хоҳанд кард.
"Ҳамкории мо ҳам иқтисод ва ҳам соҳаи башардӯстиро дар бар мегирад, ки заминаи мустаҳками шарикии дарозмуддатро фароҳам меорад", - афзуд ӯ.
Намояндагони мақомоти Тоҷикистон аз якчанд корхонаҳои бузург дидан карданд ва инчунин бо донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи аграрии Урали Ҷанубӣ мулоқот анҷом доданд.
Ҳукумати вилояти Челябинск таъкид кард, ки ин сафар заминаи лоиҳаҳои муштаракро барои афзоиши тиҷорати мутақобила, таъсиси ҷойҳои корӣ ва густариши робитаҳои фарҳангӣ фароҳам меорад.