https://sputnik.tj/20260621/sayyohon-kishvarho-tojikiston-meoyand-1078460974.html
Сайёҳон аз кадом кишварҳо ба Тоҷикистон меоянд?
Сайёҳон аз кадом кишварҳо ба Тоҷикистон меоянд?
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон ба рушди бахши сайёҳӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир мекунад, чун сол аз сол шумори сайёҳон ба кшвар меафзояд
2026-06-21T18:21+0500
2026-06-21T18:21+0500
2026-06-22T12:52+0500
дар тоҷикистон
сайёҳӣ
душанбе
хориҷӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/06/1076651019_0:294:3072:2022_1920x0_80_0_0_66b643de38e5edb751e713fc78a07c4e.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июн - Sputnik. Тоҷикистон барои сайёҳони хориҷӣ ҷолибтар гаштааст.Дар ҳамин ҳол, аз Тоҷикистон бештар аз ҳама сайёҳон аз Узбекистони боздид мекунад. Дар семоҳаи аввали соли 2026 беш аз 247 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвари ҳамсоя аз Тоҷикистон боздид карданд.Русҳо низ аз тамошои зебоиҳои Тоҷикистон лаззат мебаранд. Дар чор моҳи аввал 104 700 сайёҳ аз Русия омадаанд. Қирғизистон бо 40 ҳазор нафар дар сегонаи аввал қарор гирифт.Тоҷикистон ҳамчунин барои сайёҳони Қазоқистон, Туркманистон, Арманистон, Озарбойҷон, Молдова ва Беларус низ ҷолиб аст.Ба наздикӣ дар Тоҷикистон Ассотсиатсияи миллии сайёҳӣ таъсис дода шуд.Ин созмон ба хотири густариши ҳамкориҳо байни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ, ҳифзи манфиатҳои соҳибкорон ва беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ таъсис ёфтааст.Қарор аст, таъсиси ин ассотсиатсия бахши сайёҳии Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ таблиғ кунад.Дар ноҳияи Ховалинг Деҳкадаи сайёҳӣ бунёд шудҒайр аз ин, дар Душанбе " дастури QR" барои сайёҳон роҳандозӣ шудааст.Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, лоиҳаи махсус барои сайёҳон ба онҳо дар дарки беҳтари таърих ва фарҳанги Тоҷикистон кӯмак мекунад.Дар 45 макони муҳимтарини пойтахт лавҳаҳои мармарӣ бо рамзҳои QR насб карда шудаанд. Бо скан кардани онҳо, меҳмонон метавонанд ба маълумот бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, аз ҷумла матн ва аудио дастрасӣ пайдо кунанд.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/06/1076651019_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_b6ad590df54276474115930c66ad76a7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сайёҳӣ , душанбе, хориҷӣ
дар тоҷикистон, сайёҳӣ , душанбе, хориҷӣ
Сайёҳон аз кадом кишварҳо ба Тоҷикистон меоянд?
18:21 21.06.2026 (Навсозишуда: 12:52 22.06.2026) Мақомоти Тоҷикистон ба рушди бахши сайёҳӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир мекунад, чун сол аз сол шумори сайёҳон ба кшвар меафзояд
ДУШАНБЕ, 21 июн - Sputnik. Тоҷикистон барои сайёҳони хориҷӣ ҷолибтар гаштааст.
Дар ҳамин ҳол, аз Тоҷикистон бештар аз ҳама сайёҳон аз Узбекистони боздид мекунад. Дар семоҳаи аввали соли 2026 беш аз 247 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвари ҳамсоя аз Тоҷикистон боздид карданд.
Русҳо низ аз тамошои зебоиҳои Тоҷикистон лаззат мебаранд. Дар чор моҳи аввал 104 700 сайёҳ аз Русия омадаанд. Қирғизистон бо 40 ҳазор нафар дар сегонаи аввал қарор гирифт.
Тоҷикистон ҳамчунин барои сайёҳони Қазоқистон, Туркманистон, Арманистон, Озарбойҷон, Молдова ва Беларус низ ҷолиб аст.
Ба наздикӣ дар Тоҷикистон Ассотсиатсияи миллии сайёҳӣ таъсис дода шуд.
Ин созмон ба хотири густариши ҳамкориҳо байни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ, ҳифзи манфиатҳои соҳибкорон ва беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ таъсис ёфтааст.
Қарор аст, таъсиси ин ассотсиатсия бахши сайёҳии Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ таблиғ кунад.
Ғайр аз ин, дар Душанбе " дастури QR" барои сайёҳон роҳандозӣ шудааст.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, лоиҳаи махсус барои сайёҳон ба онҳо дар дарки беҳтари таърих ва фарҳанги Тоҷикистон кӯмак мекунад.
Дар 45 макони муҳимтарини пойтахт лавҳаҳои мармарӣ бо рамзҳои QR насб карда шудаанд. Бо скан кардани онҳо, меҳмонон метавонанд ба маълумот бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, аз ҷумла матн ва аудио дастрасӣ пайдо кунанд.