Парвандаҳо нисбати волидайн: Ошкоршавии ҳудуди 15 мавриди никоҳи ноболиғон дар Душанбе

© Sputnik / Михаил МаркивЦеремония бракосочетания, архивное фото
Церемония бракосочетания, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2026
Обуна шудан
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ва наврасон талаботи қонунгузориро қатъиян риоя намоянд
ДУШАНБЕ, 21 июн - Sputnik. Мувофиқи талаботи моддаи 13 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон синни никоҳӣ аз 18-солагӣ муқаррар гардидааст.
Ахиран Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар додааст, ки дар шаҳри Душанбе аз аввали соли 2026 панҷ ҳолати ба шавҳар додани духтарони ба синни никоҳ нарасида аз ҷониби падару модарон ба қайд гирифта шудааст.
Бо вуҷуди ин, баъзе волидон талаботи қонунро сарфи назар намуда, духтарони ноболиғи худро ба шавҳар медиҳанд.
ВКД қайд кардааст, ки танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ ва бо қарори суд синни никоҳӣ метавонад як сол кам карда шавад.
Ин ниҳоди қудратӣ хабар додааст, ки нисбати панҷ нафар падару модар барои чунин кирдор тибқи моддаи 168 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Свадебная церемония. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2026
Дар Тоҷикистон никоҳу талоқ кам шуд: Мақомот сабабашро гуфт
Ҳамзамон хабар дода шудааст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт давоми соли ҷорӣ нӯҳ ҳолати барпо намудани ақди никоҳ бо шахсони ба синни никоҳӣ нарасида ва бастани ақди никоҳ бо ноболиғонро ошкор намудаанд.
“Вобаста ба ин ҳолатҳо тибқи моддаи 169 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон низ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шудаанд”, -қайд кардааст Раёсати ВКД шаҳри Душанбе.
Дар ҳамин ҳол ВКД аз шаҳрвандон, бахусус падарону модарон ва шахсони ба бастани ақди никоҳ машғулбуда, даъват намудааст, ки бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ва наврасон талаботи қонунгузории Тоҷикистонро қатъиян риоя намоянд.
Лентаи хабарҳо
0