Раҳмон бо сафари корӣ ба Ховалинг рафта фурудгоҳи навро ба баҳрабардорӣ расонд

© Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳадафи сафар ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ, гузоштани санги асос ба сохтмони иншооти оянда, суҳбат бо мардуми касбу кори гуногун ва шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии аҳолӣ аст
ДУШАНБЕ, 20 июн - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон сафар кард.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии раисиҷумҳур гузориш додааст. Гуфта мешавад, ки ҳадаф ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ суҳбат бо мардуми касбу кори гуногун ва шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии аҳолӣ аст
Дар оғози сафари корӣ президент нахуст бинои маъмурии фурудгоҳи Ховалингро пас аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Гуфта мешавад, ки он аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ навсозӣ шудааст.
Дар оғози сафари корӣ президент нахуст бинои маъмурии фурудгоҳи Ховалингро пас аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Гуфта мешавад, ки он аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ навсозӣ шудааст.

Фурудгоҳи навсозишудаи Ховалинг
© Хадамоти матбуотии президенти ҶТ
Хадамоти матбуотии президент ҳамчунин хабар дод, ки ноҳияи Ховалинг аз лиҳози маҳсулоти шириву гӯштӣ худтаъминкун мешавад.
Зеро дар ин ҷо бо ширкати Раҳмон коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти шириву гӯштии Асри ваҳдат боз шуд.
Таъкид шудааст, ки дар ин коргоҳи нави саноатӣ истеҳсоли зиёда аз 10 номгӯй маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, творог, кефир, ҷурғот, панир, йогурт, кефири мевагӣ, дуғ, дуғоб, маска ва дигар навъҳои маҳсулоти ширӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳамчунин дар ин макон қарор аст, ки истеҳсоли ҳасиб ба роҳ монда шавад, ки раисҷумҳур ба лоиҳаи бунёди он шинос шуд.

Корхонаи коркарди шир дар Ховалинг
© Хадамоти матбуотии президенти ҶТ