“Эбола дар Тоҷикистон нест”: Шарҳи мақомот дар бораи дархости системаҳои ташхисӣ аз Русия

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкСотрудница лаборатории ГУ НИИ эпидемиологии и микробиологии имени Н.Ф. Гамалеи, где российские ученые разработали вакцину против лихорадки Эбола.
Сотрудница лаборатории ГУ НИИ эпидемиологии и микробиологии имени Н.Ф. Гамалеи, где российские ученые разработали вакцину против лихорадки Эбола.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2026
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз Русия барои шиносоии вируси Эболаи Бундибуҷио системаҳои ташхисӣ дархост кардааст
ДУШАНБЕ, 20 июн - Sputnik. Қаблан ҳамчунин системаҳои ташхисиро Русия кишварҳои дигар таҳвил дода буд.
Наврӯз Ҷафаров, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, як дархост дар ин маврид ба “Роспотребнадзор” – и Русия ирсол шудааст.
“Дар кишвари мо ҳеҷ нишоне аз ин навъи Эбола нест, аммо ба хотири омӯзиш ва ҳам эҳтиёт аз ҷониби Русия чунин дархост фиристодем”, - гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.
Медсотрудник на санитарно-карантинном посту на въезде в город Бишкек. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2026
Эбола меояд ё не? – шарҳи мақомот
Қаблан “Роспотребнадзор”, ниҳоди масъули Русия, хабар дод, ки барои шиносоии вируси Эболаи Бундибуҷио ба Кореяи Шимолӣ ва Туркманистон системаҳои ташхисӣ (тест-система) таҳвил додааст ва дар ҳоли ҳозир дархостҳое аз Уганда, Ҷумҳурии Конго, Ҷумҳурии Демократии Конго, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо дар ҳоли баррасӣ мебошанд.
Таби Эбола, ки аз вируси Бундибуҷио (BDBV) ба вуҷуд меояд, як бемории вирусии шадид ва бисёр сирояткунанда буда, нахуст дар кишвари африқоии Ҷумҳурии демократии Конго ва баъд ҳамсояи он - Уганда – сабти ном шудааст.
Ваксинаи махсус ё доруи тасдиқшудае, ки маҳз бар зидди навъи Бундибуҷио таҳия шуда бошад, вуҷуд надорад.
Вирус тавассути тамоси наздик бо моеъҳои бадани афроди мубтало ё ҳайвоноти ваҳшии сироятшуда, аз ҷумла маймуну кӯршапаракҳо интиқол меёбад.
Лентаи хабарҳо
0