Эбола меояд ё не? – шарҳи мақомот

© Sputnik / Табылды КадырбековМедсотрудник на санитарно-карантинном посту на въезде в город Бишкек. Архивное фото
Медсотрудник на санитарно-карантинном посту на въезде в город Бишкек. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2026
Обуна шудан
Эксклюзив
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хатари воридшавии таби эболаро бисёр пойин ва аз эҳтимол дур арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 29 мая — Sputnik. Дар бархе кишварҳои собиқ Шӯравӣ дар пайи хуруҷи эбола дар Африқо дар гузаргоҳҳои марзӣ назорати санитарӣ ва карантинӣ пурзӯр карда шудааст.
Наврӯз Ҷафаров, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Тоҷикистон дар шарҳи вазъ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, идораҳои масъули вазорат тамоми таҳаввулоти вобаста ба маризиҳои сирояткунандаро дар саросари дунё, аз ҷумла Африқо, таҳти назорат доранд.
“Он чӣ равшан аст, вуруди эбола ба Тоҷикистон қатъан имкон надорад, чун равуои шаҳрвандони ин кишвар ба Аврупо, бахусус, манотиқи хезиши маризӣ дар ҳадди сифр аст. Вақте равуо нест, табъан хатари омадани маризӣ вуҷуд надорад”, - гуфт Наврӯз Ҷафаров.

Вай афзуд, ҳамзамон эҳтимоли вуруди он аз қаламравҳои дуввум, ки бо кишварҳои Африқо робитаи наздик доранд, низ баъид аст.
“Масалан, кишваре, ки шаҳрвандони мо равуо мекунанд, Русия аст. Он кишвар як гуруҳи муназзами мутахассисони соҳаи санитарӣ-эпидемиологии худро дар Африқо дорад. Аммо дар Русия чунин хатари ҷиддӣ нест, ҳарчанд шаҳрвандонаш ба Африқо бештар равуо мекунанд”, - гуфт муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Тоҷикистон.
Здание штаб-квартиры Всемирной организации здравоохранения в Женеве.   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2026
ТУТ бинобар хуруҷи Эбола вазъияти фавқулодаи байналмилалиро эълон кард
Қаблан “Роспотребнадзор” – и Русия хабар дода буд, ки дар пайи хуруҷи эбола дар Африқо, дар гузаргоҳҳои марзии Русия назорати санитарӣ ва карантинӣ пурзӯр карда шудааст. Ин идора ҳамчунин аз роҳандозии низоми махсуси ташхисӣ барои муайян намудани таби Эбола, ки аз штамми Бундибуджио ба вуҷуд меояд ва истеҳсоли ваксина хабар дод, ҳарчанд ягон мавриди воридотии ин маризӣ дар Русия сабт нашудааст.
Мутахассисони тоҷик мегӯянд, бемории эбола танҳо зимни тамоси мустақим ва наздик бо моеъҳои биологӣ - хун, оби даҳон, арақи инсон ё ҳайвони сироятшуда интиқол ёфта, вирус бо ҳаво паҳн намешавад ва аз тариқи меваҳои тропикӣ, мисли банан, низ намегузарад.
Ҳамзамон дар фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбеву Хуҷанд ва гузаргоҳҳои бузурги марзӣ таҷҳизоти махсуси тиббӣ барои муайян намудани ҳарорати бадан ва нишонаҳои бемориҳои сироятӣ дар байни мусофирони воридшаванда насб шудааст
Лентаи хабарҳо
0