https://sputnik.tj/20260619/tojikiston-sohibkoron-eronro-tasisi-korkhona-mushtarak-1078395723.html
Тоҷикистон соҳибкорони Эронро ба таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ даъват кард
Тоҷикистон соҳибкорони Эронро ба таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ даъват кард
Sputnik Тоҷикистон
Мақомот мегӯяд, ки гардиши савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Эрон соҳа ба соҳа босуръат рушд дорад
2026-06-19T12:41+0500
2026-06-19T12:41+0500
2026-06-19T12:41+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
равобит
иқтисод
коргоҳ
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/12/1078390347_119:111:1011:613_1920x0_80_0_0_e95249d9519146d315434b755a8c3c25.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июн - Sputnik. Масъалаи тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ дар мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Фарҳодшоҳ Раҳмонализода бо ҳайати бузурги тиҷоратию сармоягузории Эрон баррасӣ шуд.Дар ин бора дафтари матбуоти Утоқи савдо ва саноати Тоҷикистон забар додааст.Ба иттилои манбаъ, ҳайати Эронро раиси Палатаи муштараки савдои Эрону Тоҷикистон, Президенти Иттиҳодияи соҳибкорони Хуросони Разавӣ Муҳаммад Ҳусейн Рушанак роҳбарӣ кард.Зимни мулоқот тарафҳо раванди рушди муносибатҳои тиҷоратиро баланд арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки гардиши савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон соҳа ба соҳа босуръат рушд карда истодааст.“Соҳибкорони ду кишвар ҷиҳати тавсеаи ин рақамҳо ва роҳандозии лоиҳаҳои муштараки истеҳсолӣ ҳавасмандии ҷиддӣ доранд”, таъкид кард Фарҳодшоҳ Раҳмонализода.Вай қайд намуд, ки Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон омода аст ҳамкориҳоро бо соҳибкорони эронӣ дар самтҳои воридоти технологияҳои муосири саноатӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар қаламрави Тоҷикистон, бахусус дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо истифода аз имтиёзҳои мавҷудаи сармоягузорӣ тақвият диҳад.Дар ҳамин ҳол, Муҳаммад Ҳусейн Рошанак омодагии Палатаи муштарак ва соҳибкорони Эронро барои сармоягузории мустақим ва табодули таҷриба дар соҳаҳои кишоварзии устувор ва содироти маҳсулоти саноатӣ иброз дошт.Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷаласаи якуми Шӯрои кории муштараки Тоҷикистону Эронро дар шаҳри Теҳрон давоми соли 2026 баргузор намоянд.
https://sputnik.tj/20260616/eron-tijorat-kishvarhoi-idm-tavassuti-tojikiston-gustarish-1078329388.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/12/1078390347_145:76:979:701_1920x0_80_0_0_329ebcb95a02af62fd75e5b6a33192fb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, равобит, иқтисод, коргоҳ, саноат
дар тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, равобит, иқтисод, коргоҳ, саноат
Тоҷикистон соҳибкорони Эронро ба таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ даъват кард
Мақомот мегӯяд, ки гардиши савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Эрон соҳа ба соҳа босуръат рушд дорад
ДУШАНБЕ, 19 июн - Sputnik. Масъалаи тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ дар мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Фарҳодшоҳ Раҳмонализода бо ҳайати бузурги тиҷоратию сармоягузории Эрон баррасӣ шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Утоқи савдо ва саноати Тоҷикистон забар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳайати Эронро раиси Палатаи муштараки савдои Эрону Тоҷикистон, Президенти Иттиҳодияи соҳибкорони Хуросони Разавӣ Муҳаммад Ҳусейн Рушанак роҳбарӣ кард.
Зимни мулоқот тарафҳо раванди рушди муносибатҳои тиҷоратиро баланд арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки гардиши савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон соҳа ба соҳа босуръат рушд карда истодааст.
“Соҳибкорони ду кишвар ҷиҳати тавсеаи ин рақамҳо ва роҳандозии лоиҳаҳои муштараки истеҳсолӣ ҳавасмандии ҷиддӣ доранд”, таъкид кард Фарҳодшоҳ Раҳмонализода.
Вай қайд намуд, ки Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон омода аст ҳамкориҳоро бо соҳибкорони эронӣ дар самтҳои воридоти технологияҳои муосири саноатӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар қаламрави Тоҷикистон, бахусус дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо истифода аз имтиёзҳои мавҷудаи сармоягузорӣ тақвият диҳад.
Дар ҳамин ҳол, Муҳаммад Ҳусейн Рошанак омодагии Палатаи муштарак ва соҳибкорони Эронро барои сармоягузории мустақим ва табодули таҷриба дар соҳаҳои кишоварзии устувор ва содироти маҳсулоти саноатӣ иброз дошт.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷаласаи якуми Шӯрои кории муштараки Тоҷикистону Эронро дар шаҳри Теҳрон давоми соли 2026 баргузор намоянд.