https://sputnik.tj/20260619/sarvaziri-tojikiston-taqviyati-hamkori-farhangi-idm-1078418592.html
Даъвати сарвазири Тоҷикистон барои тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ дар доираи ИДМ
Даъвати сарвазири Тоҷикистон барои тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ дар доираи ИДМ
Sputnik Тоҷикистон
Қоҳир Расулзода таъкид кард, ки Тоҷикистон ба муносибатҳои дӯстона, ҳамсоягии нек бо дигар давлатҳо афзалият медиҳад ва барои мубодилаи фарҳангӣ ҳамеша омодааст
2026-06-19T18:41+0500
2026-06-19T18:41+0500
2026-06-19T18:41+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
русия
сиёсат
идм
қоҳир расулзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/12/1078395901_0:13:3015:1709_1920x0_80_0_0_fa572e2ce36860faf231ea32a6eba51f.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июн - Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Конфронси байналмилалӣ оид ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва рушди соҳаҳои эҷодӣ, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд гуфт, ки бахши фарҳанг дар кишвар давраи рушди босуръатро аз сар мегузаронад.Зимни суханронӣ Сарвазири кишвар инчунин иброз дошт, ки кишварҳои ИДМ-ро арзишҳову таърихи муштарак, эҳтироми мутақобила ва арҷ гузоштан ба анъанаҳои якдигар ба ҳам мепайванданд.“Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бештар дарк мекунад, ки фарҳанг ва санъат на танҳо унсурҳои ҳаёти маънавӣ, балки воситаест барои рушди устувори иқтисодӣ ва муттаҳидии иҷтимоӣ. Аз ин рӯ, тақвияти робитаҳои мо дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба як вазифаи муҳим табдил меёбад”, - таъкид кард сарвазири Тоҷикистон.Қоҳир Расулзода ҳамчунин таъкид кард, ки Тоҷикистон ба ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ диққати махсус медиҳад.“Бахши фарҳанг дар кишвари мо давраи рушди босуръатро аз сар мегузаронад”, - гуфт ӯ.Вай илова кард, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳамкорӣ дар ин самт бо дигар кишварҳо буда, ба муносибатҳои дӯстона, ҳамсоягии нек бо дигар давлатҳо афзалият медиҳад ва барои мубодилаи фарҳангӣ ҳамеша омодааст.Дар Конфронси байналмилалӣ оид ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва рушди соҳаҳои эҷодӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории байналмиллалӣ дар самти робитаҳои фарҳангӣ баррасӣ гардида, ба масъалаҳои ҳифзи мероси муштараки таърихӣ, тақвияти робитаҳои башардӯстона, тавсеаи муколамаи байнидавлатӣ ва таҳияи механизмҳои муосири ҳамкорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
https://sputnik.tj/20260322/rahmon-javononi-tarikh-farhang-arzishhoi-millat-omuzand-1076232282.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/12/1078395901_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_d176fc67f825f48136390aab7f5435df.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, фарҳанг, русия, сиёсат , идм, қоҳир расулзода
дар тоҷикистон, фарҳанг, русия, сиёсат , идм, қоҳир расулзода
Даъвати сарвазири Тоҷикистон барои тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ дар доираи ИДМ
Қоҳир Расулзода таъкид кард, ки Тоҷикистон ба муносибатҳои дӯстона, ҳамсоягии нек бо дигар давлатҳо афзалият медиҳад ва барои мубодилаи фарҳангӣ ҳамеша омодааст
ДУШАНБЕ, 19 июн - Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Конфронси байналмилалӣ оид ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва рушди соҳаҳои эҷодӣ, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд гуфт, ки бахши фарҳанг дар кишвар давраи рушди босуръатро аз сар мегузаронад.
Зимни суханронӣ Сарвазири кишвар инчунин иброз дошт, ки кишварҳои ИДМ-ро арзишҳову таърихи муштарак, эҳтироми мутақобила ва арҷ гузоштан ба анъанаҳои якдигар ба ҳам мепайванданд.
“Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бештар дарк мекунад, ки фарҳанг ва санъат на танҳо унсурҳои ҳаёти маънавӣ, балки воситаест барои рушди устувори иқтисодӣ ва муттаҳидии иҷтимоӣ. Аз ин рӯ, тақвияти робитаҳои мо дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба як вазифаи муҳим табдил меёбад”, - таъкид кард сарвазири Тоҷикистон.
Қоҳир Расулзода ҳамчунин таъкид кард, ки Тоҷикистон ба ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ диққати махсус медиҳад.
“Бахши фарҳанг дар кишвари мо давраи рушди босуръатро аз сар мегузаронад”, - гуфт ӯ.
Вай илова кард, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳамкорӣ дар ин самт бо дигар кишварҳо буда, ба муносибатҳои дӯстона, ҳамсоягии нек бо дигар давлатҳо афзалият медиҳад ва барои мубодилаи фарҳангӣ ҳамеша омодааст.
Дар Конфронси байналмилалӣ оид ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва рушди соҳаҳои эҷодӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории байналмиллалӣ дар самти робитаҳои фарҳангӣ баррасӣ гардида, ба масъалаҳои ҳифзи мероси муштараки таърихӣ, тақвияти робитаҳои башардӯстона, тавсеаи муколамаи байнидавлатӣ ва таҳияи механизмҳои муосири ҳамкорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.