https://sputnik.tj/20260619/rais-korgar-tojikiston-mansabdoron-mashq-hatmi-1078412690.html
Аз раис то коргар: Дар Тоҷикистон барои мансабдорон 20 дақиқа машқ ҳатмӣ мешавад
Аз раис то коргар: Дар Тоҷикистон барои мансабдорон 20 дақиқа машқ ҳатмӣ мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи қавонини нав мансабдорону кормандони Тоҷикистон барои пешгири аз фарбеҳӣ ва бемории қанд минбаъд бояд ҳар рӯз 20 дақиқа варзиш кунанд
2026-06-19T16:41+0500
2026-06-19T16:41+0500
2026-06-19T16:41+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
қанд
қонун
парлумон
сиёсат
варзиши сабук
мансабдорон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/13/1078415301_0:111:3072:1839_1920x0_80_0_0_ab5c5676c995faa6a23d9e8f9f330a20.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июн - Sputnik. Бар асоси Кодекси нави тандурустӣ, ки рӯзи ахиран Маҷлиси намояндагон қабул кард, кормандони тамоми идораҳои давлатӣ ё хусусӣ кормандони бояд на камтар аз 20 дақиқа варзиш кунанд.Тибқи ин санад минбаъд роҳбарони ҳамаи муассисаҳо вазифадоранд, ки барои кормандони худ шароити варзишро муҳайё кунанд ва худашон ҳам ба машқҳои ҷисмонӣ машғул шаванд.Дар кодекс банди нав илова кардаанд ва ба ин мазмун: “Ба масъулияти корфармоён, новобаста аз шакли моликият ва шахсони мансабдор, гузаронидани машқҳои мунтазами ҷисмонӣ на камтар аз 20 дақиқа дар як шабонарӯз илова карда шуд”. Риоя накардани ин талаботи кодекс мумкин аст, бо ҷазо додан ё танбеҳи онҳое анҷом ёбад.Музаффар Ашуриён, вазири адлия ҳангоми баррасии ин тарҳ дар парлумон, онро тавзеҳ дода, гуфтааст, ки ин уҳдадории мазкур ба тамоми идораҳо, ширкатҳо ва корхонаҳо - чӣ давлатӣ бошанд ва чӣ хусусӣ - дахл дорад.Мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши бемории қанд дар кишвар нигарон шудааст.Беморӣ ҳоло на фақат дар байни мардуми калонсол ва ё дорои вазни зиёд, балки дар байни аҳолии ҷавон ва коргар ва ҳатто кӯдакон зиёд шудааст ва ҳукуматро маҷбур кардааст, ки чораҳои пешгириро зиёдтар созад.Тибқи санади нав мақомот сатҳи огоҳии умумӣ дар бораи масъалаҳои бемории диабети қанд боло бурда барои кӯдакон ва калонсолони бемори диабети қанд ҳамчун чораҳои ҳимояи иҷтимоии беморони диабети қанд истироҳатгоҳҳои табобатӣ ташкил мекунад.Ҳамчунин барои беморон, аз ҷумла маъюбон ва пиронсолоне, ки ба хизматрасонии иҷтимоии доимӣ ё муваққатӣ ниёз доранд, хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ва муассисаҳои будубоши доимӣ аз ҷониби кормандони хадамоти иҷтимоӣ ташкил карда мешавад.Инчунин ҳукумат номгўйи доруҳои зиддидиабетӣ ва воситаҳои худназораткунӣ, ки ройгон дода мешаванд, таҳия кардааст.Кӯдаконе, ки бемори диабети қанд доранд, минбаъд ба онҳо дар як сол як маротиба табобати ройгони санаторию курортӣ аз рўйи нишондодҳои тиббӣ дар муассисаҳои санаторию курортии махсусгардонидашуда кафолат дода мешаванд.Дар маҷмуъ, лоиҳаи пешниҳодгардида барои пешгирии пайдоиш ва табобати бемории диабети қанд мусоидат менамояд.Ба гуфтаи мақомоти расмии Тоҷикистон, соли2025 дар кишвар тақрибан 82 ҳазор гирифторони бемории диабети қанд сабти ном шуда буд.Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ гуфтааст, қисми зиёди беморонро ҷавонон ва мардуми миёнсол ташкил медиҳанд.
https://sputnik.tj/20260529/nigaronii-vazir-afzoish-bemoroni-qand-rahmon-peshgiri-1077892670.html
https://sputnik.tj/20230620/nigaroni-rahmon-afzoish-giriftoron-bemori-qand-tojikiston-1057812572.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/13/1078415301_108:0:2839:2048_1920x0_80_0_0_5fed5963a373b8d669be7d3399ba5753.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, тандурустӣ, қанд, қонун, парлумон, сиёсат , варзиши сабук, мансабдорон
дар тоҷикистон, тандурустӣ, қанд, қонун, парлумон, сиёсат , варзиши сабук, мансабдорон
Аз раис то коргар: Дар Тоҷикистон барои мансабдорон 20 дақиқа машқ ҳатмӣ мешавад
Тибқи қавонини нав мансабдорону кормандони Тоҷикистон барои пешгири аз фарбеҳӣ ва бемории қанд минбаъд бояд ҳар рӯз 20 дақиқа варзиш кунанд
ДУШАНБЕ, 19 июн - Sputnik. Бар асоси Кодекси нави тандурустӣ, ки рӯзи ахиран Маҷлиси намояндагон қабул кард, кормандони тамоми идораҳои давлатӣ ё хусусӣ кормандони бояд на камтар аз 20 дақиқа варзиш кунанд.
Тибқи ин санад минбаъд роҳбарони ҳамаи муассисаҳо вазифадоранд, ки барои кормандони худ шароити варзишро муҳайё кунанд ва худашон ҳам ба машқҳои ҷисмонӣ машғул шаванд.
Дар кодекс банди нав илова кардаанд ва ба ин мазмун: “Ба масъулияти корфармоён, новобаста аз шакли моликият ва шахсони мансабдор, гузаронидани машқҳои мунтазами ҷисмонӣ на камтар аз 20 дақиқа дар як шабонарӯз илова карда шуд”. Риоя накардани ин талаботи кодекс мумкин аст, бо ҷазо додан ё танбеҳи онҳое анҷом ёбад.
Музаффар Ашуриён, вазири адлия ҳангоми баррасии ин тарҳ дар парлумон, онро тавзеҳ дода, гуфтааст, ки ин уҳдадории мазкур ба тамоми идораҳо, ширкатҳо ва корхонаҳо - чӣ давлатӣ бошанд ва чӣ хусусӣ - дахл дорад.
“Ба масъулияти корфармоён, новобаста аз шакли моликият ва шахсони мансабдор, гузаронидани машқҳои мунтазами ҷисмонӣ на камтар аз 20 дақиқа дар як шабонарӯз илова карда шуд”, - гуфтааст Ашуриён.
Мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши бемории қанд дар кишвар нигарон шудааст.
Беморӣ ҳоло на фақат дар байни мардуми калонсол ва ё дорои вазни зиёд, балки дар байни аҳолии ҷавон ва коргар ва ҳатто кӯдакон зиёд шудааст ва ҳукуматро маҷбур кардааст, ки чораҳои пешгириро зиёдтар созад.
Тибқи санади нав мақомот сатҳи огоҳии умумӣ дар бораи масъалаҳои бемории диабети қанд боло бурда барои кӯдакон ва калонсолони бемори диабети қанд ҳамчун чораҳои ҳимояи иҷтимоии беморони диабети қанд истироҳатгоҳҳои табобатӣ ташкил мекунад.
Ҳамчунин барои беморон, аз ҷумла маъюбон ва пиронсолоне, ки ба хизматрасонии иҷтимоии доимӣ ё муваққатӣ ниёз доранд, хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ва муассисаҳои будубоши доимӣ аз ҷониби кормандони хадамоти иҷтимоӣ ташкил карда мешавад.
Инчунин ҳукумат номгўйи доруҳои зиддидиабетӣ ва воситаҳои худназораткунӣ, ки ройгон дода мешаванд, таҳия кардааст.
Кӯдаконе, ки бемори диабети қанд доранд, минбаъд ба онҳо дар як сол як маротиба табобати ройгони санаторию курортӣ аз рўйи нишондодҳои тиббӣ дар муассисаҳои санаторию курортии махсусгардонидашуда кафолат дода мешаванд.
Дар маҷмуъ, лоиҳаи пешниҳодгардида барои пешгирии пайдоиш ва табобати бемории диабети қанд мусоидат менамояд.
Ба гуфтаи мақомоти расмии Тоҷикистон, соли2025 дар кишвар тақрибан 82 ҳазор гирифторони бемории диабети қанд сабти ном шуда буд.
Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ гуфтааст, қисми зиёди беморонро ҷавонон ва мардуми миёнсол ташкил медиҳанд.