https://sputnik.tj/20260529/nigaronii-vazir-afzoish-bemoroni-qand-rahmon-peshgiri-1077892670.html
Нигаронии вазир аз афзоиши беморони қанд ва тавсияҳои Раҳмон барои пешгирӣ аз он
Нигаронии вазир аз афзоиши беморони қанд ва тавсияҳои Раҳмон барои пешгирӣ аз он
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар маҷлиси ҳукумат ба сокиноне, ки бемории қанд доранд тасия дод, ки ба ғизои солим варзишу тарбияи ҷисмонӣ рӯ биёранд
2026-05-29T09:39+0500
2026-05-29T09:39+0500
2026-05-29T09:39+0500
эмомалӣ раҳмон
тандурустӣ
қанд
бемор
маҷлиси ҳукумат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/1c/1077893153_0:62:2048:1215_1920x0_80_0_0_683ce2302c57e04201d28264deb6e49a.jpg
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Дар маҷлиси ҳукумат, таҳти раҳбарии раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон масъалаи пешгирӣ ва назорати диабети қанд дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.Вазири тандурустии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода дар нишасти матбуотӣ таъкид гардид, ки барои пешгирӣ ва назорати бемориҳои қанд то соли 2030 барномаи махсус таҳия шудааст.Вай қайд кард, ки ин барнома бо мақсади коҳиш додани гирифторшавӣ ба бемории қанд ва фавти аҳолӣ аз он, истифодаи захираҳои мавҷуда барои ташхиси бармаҳал, мукаммалсозии ёрии махсуси эндокринологӣ, таъмини дастрасӣ ба ҳама намуди табобат, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои тандурустӣ, тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва амалӣ таҳия шудааст.Эмомалӣ Раҳмон дар ин маҷлис қайд кардааст, ки барои пешгирии самарабахш аз бемории қанд дар баробари чораҳои анъанавӣ, ҳамчунин рӯ овардан ба ғизои солим ва тарзи ҳаёти солим муҳим аст.Вай ҳамчунин таъкид кард, ки сокинон барои пешгирӣ аз бемориҳои қанд бояд ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ ва сайру гашт дар боғҳои фарҳангӣ ва табиати биҳиштосои кишвар, машғул шаванд.Зимни баррасии лоиҳаи Барномаи рушди саноати фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки мақсад аз таҳия ва қабули он фароҳам овардани заминаи мусоид барои фаъолияти илмию тадқиқотӣ, истеҳсоли доруворӣ, рушди устувори саноати дорусозӣ дар асоси технологияҳои муосир, зиёд намудани маҳсулоти ивазкунандаи воридот, таъмини аҳолӣ ва соҳаи тандурустӣ бо дору ва молҳои тиббии ватанӣ, ба роҳ мондани парвариш, ҷамъоварӣ ва коркарди рустаниҳои шифобахш, инчунин ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди соҳа мебошад.Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои бумисозии истеҳсоли доруворӣ дар дохили кишвар ва дастгирии соҳибкорони тавлидгари ин маҳсулот аз имконоти мавҷуда бояд ба таври васеъ истифода кард.
https://sputnik.tj/20260528/garonii-narkhi-sement-prezident-rahmon-dastur-norasoi-1077886123.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/1c/1077893153_110:0:1930:1365_1920x0_80_0_0_f76db57cdaeb6757e422248b24d0e73e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, тандурустӣ, қанд, бемор, маҷлиси ҳукумат
эмомалӣ раҳмон, тандурустӣ, қанд, бемор, маҷлиси ҳукумат
Нигаронии вазир аз афзоиши беморони қанд ва тавсияҳои Раҳмон барои пешгирӣ аз он
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар маҷлиси ҳукумат ба сокиноне, ки бемории қанд доранд тасия дод, ки ба ғизои солим варзишу тарбияи ҷисмонӣ рӯ биёранд
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Дар маҷлиси ҳукумат, таҳти раҳбарии раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон масъалаи пешгирӣ ва назорати диабети қанд дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Вазири тандурустии кишвар Ҷамолиддин Абдуллозода дар нишасти матбуотӣ таъкид гардид, ки барои пешгирӣ ва назорати бемориҳои қанд то соли 2030 барномаи махсус таҳия шудааст.
Вай қайд кард, ки ин барнома бо мақсади коҳиш додани гирифторшавӣ ба бемории қанд ва фавти аҳолӣ аз он, истифодаи захираҳои мавҷуда барои ташхиси бармаҳал, мукаммалсозии ёрии махсуси эндокринологӣ, таъмини дастрасӣ ба ҳама намуди табобат, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои тандурустӣ, тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва амалӣ таҳия шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин маҷлис қайд кардааст, ки барои пешгирии самарабахш аз бемории қанд дар баробари чораҳои анъанавӣ, ҳамчунин рӯ овардан ба ғизои солим ва тарзи ҳаёти солим муҳим аст.
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки сокинон барои пешгирӣ аз бемориҳои қанд бояд ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ ва сайру гашт дар боғҳои фарҳангӣ ва табиати биҳиштосои кишвар, машғул шаванд.
Зимни баррасии лоиҳаи Барномаи рушди саноати фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки мақсад аз таҳия ва қабули он фароҳам овардани заминаи мусоид барои фаъолияти илмию тадқиқотӣ, истеҳсоли доруворӣ, рушди устувори саноати дорусозӣ дар асоси технологияҳои муосир, зиёд намудани маҳсулоти ивазкунандаи воридот, таъмини аҳолӣ ва соҳаи тандурустӣ бо дору ва молҳои тиббии ватанӣ, ба роҳ мондани парвариш, ҷамъоварӣ ва коркарди рустаниҳои шифобахш, инчунин ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди соҳа мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои бумисозии истеҳсоли доруворӣ дар дохили кишвар ва дастгирии соҳибкорони тавлидгари ин маҳсулот аз имконоти мавҷуда бояд ба таври васеъ истифода кард.