Мирзиёев бо Расулзода чиро баррасӣ кард?

© Foto / Пресс-служба президента УзбекистанаВстреча премьер-министра Республики Таджикистан Кохира Расулзода и президента Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёева.
Встреча премьер-министра Республики Таджикистан Кохира Расулзода и президента Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёева.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2026
Обуна шудан
Тоҷикистону Узбекистон ба дурнамои рушди муносибатҳо дар самтҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, энергетика ва фарҳанг таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд
ДУШАНБЕ, 17 июн - Sputnik. Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Тошканд қарор дорад, дидору мулоқот намуд.
Дар ин мулоқот сарвазири кишвар иброз дошт, ки ҳар ду кишвари ҳамсояро анъанаҳои неки чандинасра ва эҳтироми ҳамдигарӣ муттаҳид мекунад.
Ба иттилои мақомоти ҳукумати Тоҷикистон дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд.
Тарафҳо таваҷҷуҳи хос ба дурнамои рушди муносибатҳо дар самтҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, энергетика ва фарҳанг зоҳир намуданд.
Дар ҳамин ҳол дафтари матбуоти раисҷумҳури Узбекистон хабар додааст, ки Шавкат Мирзиёев бо Қоҳир Расулзода масъалаи таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва иттифоқии Узбекистону Тоҷикистон дар заминаи татбиқи созишномаҳои сатҳи баландро баррасӣ кард.
Трехсторонняя встреча глав органов управления водными ресурсами Таджикистана, Узбекистана и Казахстана.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2026
Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон реҷаи кори обанбори "Баҳри Тоҷик" мувофиқа карданд
Ҳамчунин тарафҳо аз суръати баланди рушди шарикии дуҷониба дар ҳама соҳаҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Раисҷумҳури Узбекистон дар ин дидор қайд кардааст, ки ҳаҷми тиҷорат дар ҳоли афзоишёбист ва лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ ва идоракунии об дар марҳилаҳои фаъол қарор доранд.
Ҳамзамон раисҷумҳури Узбекистон дар мулоқот бо сарвазири Тоҷикистон дар бораи таҳияи ташаббусҳои нав, аз ҷумла тавассути мубодилаи байниминтақавӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ, таъкид кард.
Лентаи хабарҳо
0