https://sputnik.tj/20260616/sjb-tojikistoniyon-osiyoi-miyona-mashrubot-istemol-1078324244.html
СҶБ: Тоҷикистониён дар Осиёи Миёна аз ҳама кам машрубот истеъмол мекунад
СҶБ: Тоҷикистониён дар Осиёи Миёна аз ҳама кам машрубот истеъмол мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз ҳами зиёд машруботро миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Казоқистон истеъмол мекунанд
2026-06-16T11:54+0500
2026-06-16T11:54+0500
2026-06-16T12:00+0500
дар тоҷикистон
машруботи спиртӣ
тандурустӣ
созмони ҷаҳонии беҳдошт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/10/1078324438_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_33b666644a6484788e07151aee84a612.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июн - Sputnik. Тибқи гузориши ахири Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (СҶТ) ва платформаи тадқиқотии Шарҳи Аҳолии Ҷаҳонӣ, дар Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ истеъмоли машрубот аз ҳама кам аст. Ба иттилои ҳамин созмон бештар аз ҳама машрубот миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қазоқистон истеъмол мешавад.Тақсимоти истеъмоли спирти холис ба сари аҳолӣ (дар тӯли 15 сол) чунин будааст аст: Қазоқистон - 5,4 литр; Қирғизистон - 3,9 литр; Ӯзбекистон - 2,1 литр; Тоҷикистон - 0,7 литр.Рақами Қазоқистон нисбат ба ҳамсоягони минтақавии худ ба таври назаррас баландтар аст, аммо нисбат ба баъзе кишварҳои дигари ИДМ ба таври назаррас пасттар аст. Масалан, Беларус - 11,4 литр.Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон дар се моҳи соли равон дар Тоҷикистон 93 ҳазор литр арақ истеҳсол шудааст.Дар моҳҳои январ–марти соли равон дар Тоҷикистон истеҳсоли арақ ва маҳсулоти ликёру арақ ба 9,3 ҳазор декалитр ё 93 ҳазор литр баробар гардидааст.Ба иттилои манбаъ, нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 82,4%-ро ташкил дода, коҳишёбиро дар ҳаҷми истеҳсолот инъикос менамояд.Қайд карда шудааст, ки дар моҳҳои январ–марти соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли арақ ва маҳсулоти ликёру арақ 11,2 ҳазор декалитрро ташкил дода буд.Ҳамин тариқ ба иттилои Агентии омор, дар давраи ҳисоботӣ коҳиш 1,9 ҳазор декалитр ё 19 ҳазор литр ба қайд гирифта шудааст.Ин ниҳод қайд карда буд, ки паст гардидани ҳаҷми истеҳсоли ин намуди маҳсулот метавонад ба як қатор омилҳо, аз ҷумла тағйирёбии талаботи бозор, танзими давлатӣ дар самти маҳдудсозии истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ ва ё бозсозии равандҳои истеҳсолӣ вобаста бошад.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/49002
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/10/1078324438_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_acb3f6c0ab0b0af495ba0b04b3ea4625.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, машруботи спиртӣ, тандурустӣ, созмони ҷаҳонии беҳдошт
дар тоҷикистон, машруботи спиртӣ, тандурустӣ, созмони ҷаҳонии беҳдошт
СҶБ: Тоҷикистониён дар Осиёи Миёна аз ҳама кам машрубот истеъмол мекунад
11:54 16.06.2026 (Навсозишуда: 12:00 16.06.2026) Ба иттилои Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз ҳами зиёд машруботро миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Казоқистон истеъмол мекунанд
ДУШАНБЕ, 16 июн - Sputnik. Тибқи гузориши ахири Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (СҶТ) ва платформаи тадқиқотии Шарҳи Аҳолии Ҷаҳонӣ, дар Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ истеъмоли машрубот аз ҳама кам аст.
Ба иттилои ҳамин созмон бештар аз ҳама машрубот миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қазоқистон истеъмол мешавад.
Тақсимоти истеъмоли спирти холис ба сари аҳолӣ (дар тӯли 15 сол) чунин будааст аст: Қазоқистон - 5,4 литр; Қирғизистон - 3,9 литр; Ӯзбекистон - 2,1 литр; Тоҷикистон - 0,7 литр.
Рақами Қазоқистон нисбат ба ҳамсоягони минтақавии худ ба таври назаррас баландтар аст, аммо нисбат ба баъзе кишварҳои дигари ИДМ ба таври назаррас пасттар аст. Масалан, Беларус - 11,4 литр.
Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон дар се моҳи соли равон дар Тоҷикистон 93 ҳазор литр арақ истеҳсол шудааст.
Дар моҳҳои январ–марти соли равон дар Тоҷикистон истеҳсоли арақ ва маҳсулоти ликёру арақ ба 9,3 ҳазор декалитр ё 93 ҳазор литр баробар гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 82,4%-ро ташкил дода, коҳишёбиро дар ҳаҷми истеҳсолот инъикос менамояд.
Қайд карда шудааст, ки дар моҳҳои январ–марти соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли арақ ва маҳсулоти ликёру арақ 11,2 ҳазор декалитрро ташкил дода буд.
Ҳамин тариқ ба иттилои Агентии омор, дар давраи ҳисоботӣ коҳиш 1,9 ҳазор декалитр ё 19 ҳазор литр ба қайд гирифта шудааст.
Ин ниҳод қайд карда буд, ки паст гардидани ҳаҷми истеҳсоли ин намуди маҳсулот метавонад ба як қатор омилҳо, аз ҷумла тағйирёбии талаботи бозор, танзими давлатӣ дар самти маҳдудсозии истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ ва ё бозсозии равандҳои истеҳсолӣ вобаста бошад.