Эмомалӣ Раҳмон Ҷоизаи байналмилалӣ дар соҳаи обро таъсис дод

© Foto / Пресс-служба президента Таджикистана
Обуна шудан
Ҳукумати Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки дар давоми ду моҳ низомномаи ҷоизаро таҳия ва тасдиқ кунад, инчунин комиссияи ҷоизаро ташкил диҳад
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии президенти дар соҳаи об таъсис дода шуд.
Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон имрӯз 15 июн содир шуд, хабар дод, дафтари матбуоти кишвардор.
Мувофиқи фармони , ҷоизаи президентӣ барои ҳавасмандгардонӣ ва эътирофи саҳми назаррас дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳқиқоти илмӣ, сиёсати устувор ва ҳалли масъалаҳои захираҳои оби ҷаҳонӣ ва тағйирёбии иқлим таъсис дода шудааст.
Таъкид шудаст, ки маблағгузории ҷоиза аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, анҷом дода шавад.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти президент, ҳукумати Тоҷикистон бояд дар давоми ду моҳ низомномаи ҷоизаро таҳия ва тасдиқ кунад, инчунин комиссияи ҷоизаро ташкил диҳад.
Ба асоси тавзеҳоти фармон, таъсиси ҷоизаи мазкур, идомаи мантиқии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об ба ҳисоб меравад ва аз иқдомҳои дурбинонаи президенти кишвар сарчашма мегирад.
"Ҳамзамон бо ин, таваҷҷуҳи муҳаққиқон ва ниҳодҳои илмиву таҳқиқотии соҳавиро ҷиҳати таҳкими омӯзиши масъалаҳои марбут ба об бештар гардонида, раванди мубодилаи технологияҳо ва ҷалби сармоягузориро барои ҳифзи пиряхҳо ва дастрасӣ ба оби тоза тақвият мебахшад",- таъкид кардааст манбаъ.
Барои муайян кардани номзадҳо барои дарёфти ҷоизаи мазкур комиссияи босалоҳият таъсис ёфта, ба ҳайати он намояндагони Донишкадаи об, муҳити зист ва тандурустии Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид низ шомил карда мешаванд ва маросими ҷоизасупорӣ дар доираи чорабиниҳои байналмилалӣ дар соҳаи об, ки дар Тоҷикистон баргузор мегарданд, сурат хоҳад гирифт.