https://sputnik.tj/20260526/emomali-rahmon-buhron-shadidi-ob-hushdor-1077824271.html
Эмомалӣ Раҳмон дар бораи бӯҳрони шадиди об дар ояндаи наздик ҳушдор дод
Эмомалӣ Раҳмон дар бораи бӯҳрони шадиди об дар ояндаи наздик ҳушдор дод
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақал ба 25% зиёд мешавад
2026-05-26T13:26+0500
2026-05-26T13:26+0500
2026-05-26T13:26+0500
эмомалӣ раҳмон
об
конфронси байналмилалии "об барои ҳаёт"
душанбе
сиёсат
норасоӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/1a/1077820120_168:380:1915:1363_1920x0_80_0_0_a871ebeac4f25302c411c8b88b4bec32.jpg
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон, зимни ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд "Об барои рушди устувор", қайд кард, ки ҳоло миллиардҳо нафар одамон ба оби нӯшокии бехатар ва хизматрасониҳои беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд.Вай гуфт, ки наздик ба 4 миллиард нафар ҳар сол ҳадди ақал як моҳ бо норасоии шадиди об дучор мешаванд.Раҳбари Тоҷикистон афзуд, ки тамоюлҳои ҷорӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ин мушкилиҳо дар оянда ба таври назаррас афзоиш хоҳанд ёфт.Эмомалӣ Раҳмон илова кард, ки талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақал ба 25% зиёд мешавад ва ин зарурати истеҳсоли 50% бештари ғизоро барои аҳолии рӯ ба афзоиш тақозо менамояд.Вай илова кард, ки шаҳрнишинӣ дар саросари ҷаҳон бо суръати баланд истеъмоли обро ба таври назаррас афзоиш медиҳад.Илова бар ин ба гуфтаи кишвардори Тоҷикистон, таъсири пайомадҳои тағйирёбии иқлим, аз ҷумла хушксолӣ, обхезиҳо, обшавии босуръати пиряхҳо ва баландшавии сатҳи баҳр вазъи ҷориро дучанд шиддат мебахшад.“Воқеияти зикршуда барои низомҳои аллакай осебпазир фишори иловагӣ эҷод мекунад”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.Раисҷумҳури Тоҷикистон қайд кард, ки ин нишондиҳандаҳо танҳо пешгӯӣ нестанд, балки ҳушдори ҷиддӣ ва даъват ба амал ба ҳар яки мо мебошанд.
https://sputnik.tj/20260526/rahmon-aholii-tojikiston-ob-tamin-1077822600.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/1a/1077820120_152:0:1972:1365_1920x0_80_0_0_ea0badf551fffd59c49ada60e4837306.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, об, конфронси байналмилалии "об барои ҳаёт", душанбе, сиёсат , норасоӣ
эмомалӣ раҳмон, об, конфронси байналмилалии "об барои ҳаёт", душанбе, сиёсат , норасоӣ
Эмомалӣ Раҳмон дар бораи бӯҳрони шадиди об дар ояндаи наздик ҳушдор дод
Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақал ба 25% зиёд мешавад
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон, зимни ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд "Об барои рушди устувор", қайд кард, ки ҳоло миллиардҳо нафар одамон ба оби нӯшокии бехатар ва хизматрасониҳои беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд.
Вай гуфт, ки наздик ба 4 миллиард нафар ҳар сол ҳадди ақал як моҳ бо норасоии шадиди об дучор мешаванд.
Раҳбари Тоҷикистон афзуд, ки тамоюлҳои ҷорӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ин мушкилиҳо дар оянда ба таври назаррас афзоиш хоҳанд ёфт.
Эмомалӣ Раҳмон илова кард, ки талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақал ба 25% зиёд мешавад ва ин зарурати истеҳсоли 50% бештари ғизоро барои аҳолии рӯ ба афзоиш тақозо менамояд.
Вай илова кард, ки шаҳрнишинӣ дар саросари ҷаҳон бо суръати баланд истеъмоли обро ба таври назаррас афзоиш медиҳад.
"Бо вуҷуди пешрафтҳо, ҷаҳон то ҳол бо мушкилот рӯбарӯ аст. Айни замон миллиардҳо нафар ба оби нӯшокӣ дастрасии мунтазам надоранд ва 4 млрд нафар ҳар сол ҳадди аққал як моҳ бо норасоии шадиди об рӯбарӯ мешаванд. Ва, чунон ки таҳқиқоти ахир нишон медиҳанд, ин мушкилот дар оянда бадтар хоҳанд шуд", — қайд кард роҳбари давлат.
Илова бар ин ба гуфтаи кишвардори Тоҷикистон, таъсири пайомадҳои тағйирёбии иқлим, аз ҷумла хушксолӣ, обхезиҳо, обшавии босуръати пиряхҳо ва баландшавии сатҳи баҳр вазъи ҷориро дучанд шиддат мебахшад.
“Воқеияти зикршуда барои низомҳои аллакай осебпазир фишори иловагӣ эҷод мекунад”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Раисҷумҳури Тоҷикистон қайд кард, ки ин нишондиҳандаҳо танҳо пешгӯӣ нестанд, балки ҳушдори ҷиддӣ ва даъват ба амал ба ҳар яки мо мебошанд.