Вуруди сайёҳон ба шимоли Тоҷикистон афзудааст

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкМавзолей и памятник поэту Камолу Худжанди в городе Худжанд.
Мавзолей и памятник поэту Камолу Худжанди в городе Худжанд.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2026
Обуна шудан
Дар вилоят 210 масири сайёҳӣ барои меҳмонони ин минтақа таҳия шудааст, ки таъриху дастовардҳои онро нишон медиҳад
ДУШАНБЕ, 8 июн – Sputnik. Таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба шимоли Тоҷикистон сар аз аввали соли ҷорӣ афзудааст.
Ба гузориши дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, аз тайи моҳҳи январ-апрели соли ҷорӣ тақрибан 300 ҳазор сайёҳ аз минтақа боздид кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, ин дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, 70 ҳазор нафар бештар аст.
Таъкид шудааст, ки вилоят яке аз самтҳои мавриди таваҷҷуҳ барои сайёҳони хориҷӣ боқӣ монда, ҳоло дар он беш аз 1090 макони таърихӣ ва фарҳангӣ буда, сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро ҷалб мекунад.
Барои хидматрасонӣ ба меҳмонон дар вилоят тақрибан 100 субъекти сайёҳӣ, 65 меҳмонхона, 30 истироҳатгоҳ ва беш аз 50 ширкати сайёҳӣ мебошад, ки ба сайёҳон хидмат мерасонанд.
Летний отдых на курорте Роза Хутор. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2026
Тоҷикистон минбаъд низ имкониятҳои сайёҳии худро рушд медиҳад
Ҳамчунин 210 масири сайёҳӣ барои меҳмонони ин минтақа таҳия шудааст, ки таъриху дастовардҳои онро нишон медиҳад.
Ба гузориши оҷонсии омори кишвар ҳоло дар ҷумҳурӣ 191 ширкатҳои сайёҳии бақайдгирифта мавҷуданд.
Шумораи миёнаи кормандони субъектҳои хизматрасонӣ 3821 нафар ва даромад аз пешниҳоди хизматрасонӣ дар моҳҳои январ-марти соли ыорь аз ин бахш дар кишвар ба 72737,2 ҳазор сомонӣ расидааст.
Лентаи хабарҳо
0