Дар байни дарё мондаанд: наҷотдиҳандагони тоҷик се нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкПоисково-спасательные работы в природной среде.
Поисково-спасательные работы в природной среде. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2026
Обуна шудан
Одамоне, ки дуртар дар соҳили дарё истироҳат мекарданд, дар натиҷаи баландшавии ногаҳонии сатҳи об аз ҳар тараф дармонда монданд
ДУШАНБЕ, 14 июн - Sputnik. Се нафар аз ғарқшавӣ дар дарёи Вахш наҷот дода шуданд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии ҷумҳурӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
Қайд карда мешавад, ки мардоне, ки дар соҳили дарё истироҳат мекарданд, ҳангоми баланд шудани сатҳи об худро ба болои сангҳо гирифтанд, аммо об аз ҳар тараф балантар ва онҳоро иҳота кард.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда таъкид кард, ки як гурӯҳи махсуси наҷотдиҳӣ ба занги фаврӣ зуд посух дод ва пас аз расидан ба ҷои ҳодиса, ба шаҳрвандонро бо истифода аз таҷҳизоти ғаввосӣ наҷот додан.
Тонущий человек, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2026
Ғарқшавии корманди корхонаи истихроҷи тилло дар Шугнов
Таъкид шудааст, ки аз оғози мавсими шиноварӣ, мутахассисон нӯҳ маротиба сокинони Тоҷикистонро аз ғарқшавӣ наҷот додаанд.
Ғайр аз ин, кумита аҳамияти риояи чораҳои бехатариро ҳангоми дар об буданро таъкид кард.
Қаблан, дар Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода чораҳои пешгирии ғарқшавӣ анҷом дода мешуданд.
Дар доираи корҳои таблиғотӣ, ба кормандони якчанд ниҳодҳо филми кӯтоҳе дар бораи қоидаҳои рафтор дар об дар мавсими шиноварӣ низ намоиш дода шуд.
Лентаи хабарҳо
0