https://sputnik.tj/20260613/dushanbe-majma-nav-boks-1078269332.html
Дар Душанбе Маҷмааи нави бокс сохта мешавад
Дар Душанбе Маҷмааи нави бокс сохта мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Барои мусоид кардани мусобиқаҳои дарпешистода, дар паҳлӯи майдони варзишӣ меҳмонхонаи панҷситорадор бо 340 ҳуҷра сохта мешавад
2026-06-13T15:23+0500
2026-06-13T15:23+0500
2026-06-15T13:44+0500
навигариҳои варзиши тоҷикистон
дар тоҷикистон
душанбе
рустами эмомалӣ
бокс
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/0d/1078271878_0:66:1280:786_1920x0_80_0_0_c106248117a974268f06ad084177faf3.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июн - Sputnik. Дар Душанбе Маҷмааи нави бокс сохта мешавад.Дар ин бора, хадамоти матбуотии раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.Гуфта мешавад, ки санги асосро шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ ва раиси IBA Умар Кремлев дар ноҳияи Сино гузоштаанд.Маҷмааи бокс дар масоҳати 2,15 гектар сохта шуда, аз 3 ошёна бо 7000 ҷойи нишаст ва таваққуфгоҳ иборат мебошад. Ҳамчунин барои мусоид кардани мусобиқаҳои дарпешистода, дар паҳлӯи майдони варзишӣ меҳмонхонаи панҷситорадор бо 340 ҳуҷра сохта мешавад.Ин дар ҳолест, ки чанде пеш дар Душанбе санги асоси IT-Hub гузошта шуд.Дар ин маҷмаа, мактаби махсусгардонидашуда, парки IT, маркази тиҷоратӣ ва маркази рушди зеҳни сунъӣ ҷойгир хоҳанд шуд.Лоиҳа барои васеъ кардани истифодаи технологияҳои муосир ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ равона шудааст.Ҳамчунин шаҳрдор, дар шаҳраки академии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансур, бинои нави Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияро ба баҳрабардорӣ расонд.
https://sputnik.tj/20260307/ishtiroki-mushtzani-tojik-jomi-jahoni-boks-tayland-1075824310.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/0d/1078271878_129:17:1166:794_1920x0_80_0_0_3276137a9ce1e11dbe361cec993fe130.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
навигариҳои варзиши тоҷикистон, дар тоҷикистон, душанбе, рустами эмомалӣ, бокс
навигариҳои варзиши тоҷикистон, дар тоҷикистон, душанбе, рустами эмомалӣ, бокс
Дар Душанбе Маҷмааи нави бокс сохта мешавад
15:23 13.06.2026 (Навсозишуда: 13:44 15.06.2026) Барои мусоид кардани мусобиқаҳои дарпешистода, дар паҳлӯи майдони варзишӣ меҳмонхонаи панҷситорадор бо 340 ҳуҷра сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 13 июн - Sputnik. Дар Душанбе Маҷмааи нави бокс сохта мешавад.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки санги асосро шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ ва раиси IBA Умар Кремлев дар ноҳияи Сино гузоштаанд.
Маҷмааи бокс дар масоҳати 2,15 гектар сохта шуда, аз 3 ошёна бо 7000 ҷойи нишаст ва таваққуфгоҳ иборат мебошад.
Ҳамчунин барои мусоид кардани мусобиқаҳои дарпешистода, дар паҳлӯи майдони варзишӣ меҳмонхонаи панҷситорадор бо 340 ҳуҷра сохта мешавад.
Ин дар ҳолест, ки чанде пеш дар Душанбе санги асоси IT-Hub гузошта шуд.
Дар ин маҷмаа, мактаби махсусгардонидашуда, парки IT, маркази тиҷоратӣ ва маркази рушди зеҳни сунъӣ ҷойгир хоҳанд шуд.
Лоиҳа барои васеъ кардани истифодаи технологияҳои муосир ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ равона шудааст.
Ҳамчунин шаҳрдор, дар шаҳраки академии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансур, бинои нави Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияро ба баҳрабардорӣ расонд.