Иштироки 10 муштзани тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии бокс дар Тайланд

© Sputnik / Стас ЭтвешБоксерские перчатки, архивное фото
Боксерские перчатки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.03.2026
Обуна шудан
Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии бокс байни муштзанҳои то 19-сола, ки рӯзҳои 8-15-уми март дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 7 мар – Sputnik. Тавре Федератсияи бокси Тоҷикистон хабар додааст, дар ин мусобиқа Тоҷикистонро даҳ муштзани ҷавон (8 писар ва 2 духтар) муаррифӣ хоҳаннд кард.
Дар Ҷоми ҷаҳонии бокс байни муштзанҳои то 19-сола дар Бангкок иштироки ҳудуди 500 варзишгар аз 85 кишвари ҷаҳон дар назар аст.
Тоҷикистонро дар сабқати мардон Аъзамҷон Ҳасанов (-50 кг), Аъзам Одилзода (-55 кг), Амирбек Маҳрамов (-60 кг), Аҳмадшоҳ Ҳошимов (-65 кг), Муҳаммад Мамадалиев (-70 кг), Исфандиёр Ҳошимов (-75 кг), Хуҷамуъминҷон Холов (-80 кг), Ҷаҳонгир Рӯзибоев (-85 кг); дар сабқати занон Фариноз Абдуллоева (-54 кг) ва Мино Аъзамзода (-60 кг) муаррифӣ менамоянд.
Муштзанҳои тоҷик дар ин мусобиқа зери раҳбарии мураббиёнашон Рустам Музаффаров, Асомиддин Бурҳонов, Хуршед Абдуллоев ва Ҳасан Мусоев ҳунарнамоӣ мекунанд.
Таджикский боксёр Баходур Усмонов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.01.2026
Баҳодур Усмонов беҳтарин муштзани Тоҷикистон эътироф шуд
Ёдовар мешавем, ки қаблан Баҳодур Усмонов беҳтарин муштзани Тоҷикистон эълон шуд.
Раддабандӣ дар ин бора, аз ҷониби BoxRec нашр шудааст.
Ин вебсайт, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи Комиссияҳои бокс эътироф шудааст, мунтазам рейтинги ҷаҳонии муштзанҳоро, ҳам ҳаваскорон ва ҳам касбӣ, нав мекунад. Муштзанони тоҷик дар рейтинги касбӣ дохил карда шудаанд.
Айни замон, Баҳодур Усмонов, ки дар ин рӯйхат ҷои аввалро ишғол карда, муштзани пешсафи тоҷик ҳисобида мешавад.
Ӯ то кунун дар фаъолияти касбии худ ягон бор мағлуб нашудааст ва бо рекорди 12-0, фаъолона дар рейтинги ҷаҳонии бокс пеш меравад.
Таджикский дзюдоист Эмомали Нурали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.12.2025
Панҷ дастоварди беҳтарини варзишии Тоҷикистон дар соли 2025
Дар рӯйхати беҳтарин муштзанҳои Тоҷикистон Муҳаммад Яъқубов, ботаҷрибатарин аз 10 муштзани беҳтарин, ҷои дуюмро ишғол мекунад. Дар синни 30-солагӣ, ӯ 25 рақобат анҷом дода, дар 23-тои онҳо пирӯз шудааст ва худро ҳамчун муштзани устувор муаррифӣ кардааст.
Сегонаи беҳтаринро Шавкат Раҳимов, яке аз варзишгарони шинохташуда дар рейтинг, ҷамъбаст мекунад.
Лентаи хабарҳо
0