Боевое дежурство ЗРК Бук-М3 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

ВУХ Русия ташаббусҳои Ғарб бораи "сулҳ" дар Украинаро шарҳ дод

© Sputnik / Наталья СеливерстоваЗдание Министерства иностранных дел РФ в Москве.
Здание Министерства иностранных дел РФ в Москве. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.06.2026
Обуна шудан
Вазорати корҳои хориҷӣ ташаббусҳои навбатии сулҳи _арбро ба роҳ надодан ба гуфтушунидҳо равона кардааст
ДУШАНБЕ, 12 июн - Sputnik. Ташаббусҳои сулҳомези кишварҳои пешвои Бритоние Фаронса ва Олмон дар Украина ба нобуд кардани имконот барои гуфтушунидҳо равона карда шудааст.
Дар ин бора, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова гуфт.
"Аврупоиҳо (лидерҳои Британияи Кабир, Фаронса ва Олмон дар бораи Украина — муҳаррир) сиёсатеро пеш гирифтаанд, ки ба он равона шудааст, то эътибор додани шароит барои гуфтушунидҳо дар бораи сулҳи воқеан фарогир, одилона ва мустаҳкамро пешгирӣ кунад. Диққатнок он аст, ки худ онҳо инро пинҳон намедоранд", — омадааст дар изҳороти Мария Захарова, ки дар сайти вазорати корҳои хориҷӣ нашр шудааст.
Ин дар ҳолест, ки пештар, сарвазири Италия Ҷорҷия Мелони даъват кард, ки барои музокирот бо Русия дар бораи Украина як намояндаи ягонаи аврупоӣ таъин карда шавад.
Ӯ дар Палатаи вакилони Парлумони Италия пеш аз Саммити Аврупо суханронӣ карда, изҳор дошт, ки истифодаи "форматҳои намояндагии гуногун танҳо ба парокандагӣ, нофаҳмиҳо ва заъф оварда мерасонад".
"Мушкили воқеӣ дар он нест, ки кадом меъёр ба роҳандозӣ мешавад, балки он аст, ки ҳеҷ як шакл қонунияти сухан гуфтан аз номи тамоми Аврупоро надорад. Аз ин рӯ, ман муддати тӯлонӣ зарурати муайян кардани шахсияти бонуфузеро, ки аз ҷониби ҳамаи кишварҳои узв эътимод ва ваколатдор карда шудааст, барои расонидани нуқтаи назари Аврупо пешниҳод мекардам", - гуфт сарвазир.
Заседание Высшего Евразийского экономического совета в Астане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Анҷоми низоъ дар Украина, музокирот бо Ғарб: Нуктаҳои калидӣ аз суханронии Путин
Қаблан, президенти Русия Владимир Путин ҳангоми посух додан ба саволҳои рӯзноманигорон дар бораи ҳамсӯҳбати эҳтимолӣ дар музокироти байни Русия ва Аврупо, изҳор дошт, ки шахсан ӯ садри аъзами собиқи Олмон Герхард Шредерро афзалтар медонад.
Лентаи хабарҳо
0