https://sputnik.tj/20260530/anjomi-nizo-ukraina-muzokirot-gharb-sukhanronii-putin-1077931070.html
Анҷоми низоъ дар Украина, музокирот бо Ғарб: Нуктаҳои калидӣ аз суханронии Путин
Анҷоми низоъ дар Украина, музокирот бо Ғарб: Нуктаҳои калидӣ аз суханронии Путин
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Русия дар нишасти матбуотӣ пас аз сафари давлатии худ ба Қазоқистон бархе масъалаҳоро ба рӯзноманигорон шарҳ дод 30.05.2026, Sputnik Тоҷикистон
2026-05-30T12:41+0500
2026-05-30T12:41+0500
2026-05-30T12:41+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
дар русия
владимир путин
сиёсат
амалиёти вижа
украина
музокирот
низоъ
қазоқистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/1d/1077928012_0:0:3084:1736_1920x0_80_0_0_e2be113fa0c2661cb3fb252edde10708.jpg
ДУШАНБЕ, 30 май - Sputnik. Дар асоси таҳлили вазъ дар майдони ҷанг дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ мо метавонем, бигӯем, ки низоъ дар Украина ба охир мерасад.Владимир Путин дар ин бора дар нишасти матбуотӣ пас аз сафари давлатии худ ба Қазоқистон баён кард.Раҳбари Русия инчунин дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар Остона иштирок кард.Аммо, президент қайд кард, ки дар шароити идомаи амалиёти низомӣ муайян кардани мӯҳлати мушаххас барои анҷоми ин низоъ ғайриимкон аст.Путин таъкид кард, ки артиши Русия дар ҳама самтҳо дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ пешравӣ доранд.Дар ҳамин ҳол, вай ба кӯшишҳои пайвастаи Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина барои ҳамла ба қаламрави Русия ишора кард.Ин, идома дод Путин, нишон медиҳад, ки Русия бояд системаи падофанди ҳавоии худро тақвият диҳад ва ин кор анҷом дода мешавад.Владимир Путин изҳор дошт, ки Русия имкон дорад онҳоеро, ки кӯшиши нобуд кардани Каленинградро доранд, ба замин яксон хоҳанд шуд.Президенти Русия бо ишора ба фоҷиаи Старобелск, инъикоси ҳамлаи Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина ба Старобелскро дар расонаҳои аврупоӣ шармандагӣ ва даҳшат номид.Путин ба хабарнигорон гуфт: "Як калима ҳам, танҳо як калима ҳам дар бораи фоҷиа дар Старобелск, дар бораи марги кӯдакон, дар бораи куштори қасдании кӯдакони мо. Як калима ҳам, гӯё ки вуҷуд надорад."Раҳбари давлат қайд кард, ки чунин амалияҳоро "на бо расонаҳо, балки бо фиреби оммавӣ" муқоиса кардан мумкин аст.Дар айни замон, ба гуфтаи Путин, расонаҳои ғарбӣ дар бораи ҳамлаи ҷавобии Нерӯҳои Мусаллаҳи Русия ба минтақаи Киев "аз субҳ то шом" хабар доданд.Равобит бо АврупоПрезиденти Русия изҳороти баъзе сиёсатмадорони аврупоиро дар бораи омодагӣ ба ҷанг бо Русия бемаънӣ номид.Вай афзуд, ки сиёсатмадорони ғарбӣ мехоҳанд муқовиматро бо Русия идома диҳанд."Русия ҳеҷ гоҳ ба кишварҳои аврупоӣ таҳдид накардааст ва таҳдид намекунад. Ҳама чизе, ки онҳо (сиёсатмадорони ғарбӣ) мекунанд, танҳо барои идомаи муқовимат бо Русия ва сафед кардани хароҷоти аз ҳад зиёд аз буҷаи миллии худ аст, дар ҳоле ки андозсупорандагони кишварҳои аврупоиро ғорат мекунанд", - гуфт Путин.Раҳбари Русия ба ёд овард, ки чӣ тавр Ғарб Русияро бо иддао кардани он, ки НАТО як қадам ҳам ба самти шарқ нахоҳад гузошт, фиреб дод. Ба гуфтаи президент, фоҷиа дар Украина натиҷаи амалҳои сиёсатмадорони ғарбӣ аст.Путин ба хабарнигорон гуфт: "Фоҷиае, ки дар Украина рух медиҳад, кори онҳо (сиёсатмадорони ғарбӣ) аст, натиҷаи сиёсати онҳост. Онҳо касоне буданд, ки онро ба табаддулоти давлатӣ дар Киев дар соли 2014 оварда расонданд."Президенти Русия изҳор дошт, ки айни замон дар бораи Украина чунин гуфтушунид вуҷуд надорад, гарчанде ки баъзе тамосҳо боқӣ мондаанд.Ҳамзамон оқои Путин таъкид, ки Русия омода аст, ки музокиротро дар бораи Украина идома диҳад ва ҳеҷ гоҳ онҳоро рад накардааст.Вай инчунин ба ёд овард, ки Аврупо, аз ҷумла Олмон, бо рад кардани таъминоти энержӣ аз Русия, бохтааст."Мо лӯлаи гази Маҷрои шимолро сохтем. Пас, оё ин барои давлати Олмон, барои иқтисоди Олмон бад аст? Ва акнун, ки онҳо аз энержии мо даст кашидан, оё беҳтар шуд? Онҳо кӯшиш мекунанд, ки аз Қазоқистон нафт гиранд, аммо лӯлаҳо то ҳол аз мо мегузаранд", - гуфт Путин ба хабарнигорон.Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков дар моҳи апрел изҳор дошт, ки амалиёти вижаи низомӣ то он даме, ки Владимир Зеленский ҷуръати бастани созишномаи сулҳро бо Русия пайдо накунад, идома хоҳад ёфт. Вай қайд кард, ки Маскав на оташбас, балки сулҳи пойдор ва устуворро мехоҳад.
https://sputnik.tj/20260529/putin-hush-masnui-joyguzini-kormandon-gardad-1077917928.html
https://sputnik.tj/20260528/sarmoyaguzori-dastgirii-zaboni-rusi-muzokiroti-putin-toqaev-1077895542.html
https://sputnik.tj/20260529/olmon-tahlukai-zelenskiy-hamlahoi-artishi-rusiya-1077917136.html
русия
украина
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/1d/1077928012_108:0:2839:2048_1920x0_80_0_0_e856580f1b690d7ff6a44f52ba00310b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, дар русия, владимир путин, сиёсат , амалиёти вижа, украина, музокирот, низоъ, қазоқистон, дар ҷаҳон
русия, дар русия, владимир путин, сиёсат , амалиёти вижа, украина, музокирот, низоъ, қазоқистон, дар ҷаҳон
Анҷоми низоъ дар Украина, музокирот бо Ғарб: Нуктаҳои калидӣ аз суханронии Путин
Раҳбари Русия дар нишасти матбуотӣ пас аз сафари давлатии худ ба Қазоқистон бархе масъалаҳоро ба рӯзноманигорон шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 30 май - Sputnik. Дар асоси таҳлили вазъ дар майдони ҷанг дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ мо метавонем, бигӯем, ки низоъ дар Украина ба охир мерасад.
Владимир Путин дар ин бора дар нишасти матбуотӣ пас аз сафари давлатии худ ба Қазоқистон баён кард.
Раҳбари Русия инчунин дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар Остона иштирок кард.
"Вазъият дар майдони ҷанг чунон шудааст, ки мо метавонем бигӯем, ки низоъ ба охир мерасад", - гуфт ӯ.
Аммо, президент қайд кард, ки дар шароити идомаи амалиёти низомӣ муайян кардани мӯҳлати мушаххас барои анҷоми ин низоъ ғайриимкон аст.
Путин таъкид кард, ки артиши Русия дар ҳама самтҳо дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ пешравӣ доранд.
Дар ҳамин ҳол, вай ба кӯшишҳои пайвастаи Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина барои ҳамла ба қаламрави Русия ишора кард.
Ин, идома дод Путин, нишон медиҳад, ки Русия бояд системаи падофанди ҳавоии худро тақвият диҳад ва ин кор анҷом дода мешавад.
Владимир Путин изҳор дошт, ки Русия имкон дорад онҳоеро, ки кӯшиши нобуд кардани Каленинградро доранд, ба замин яксон хоҳанд шуд.
Президенти Русия бо ишора ба фоҷиаи Старобелск, инъикоси ҳамлаи Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина ба Старобелскро дар расонаҳои аврупоӣ шармандагӣ ва даҳшат номид.
Путин ба хабарнигорон гуфт: "Як калима ҳам, танҳо як калима ҳам дар бораи фоҷиа дар Старобелск, дар бораи марги кӯдакон, дар бораи куштори қасдании кӯдакони мо. Як калима ҳам, гӯё ки вуҷуд надорад."
Раҳбари давлат қайд кард, ки чунин амалияҳоро "на бо расонаҳо, балки бо фиреби оммавӣ" муқоиса кардан мумкин аст.
Дар айни замон, ба гуфтаи Путин, расонаҳои ғарбӣ дар бораи ҳамлаи ҷавобии Нерӯҳои Мусаллаҳи Русия ба минтақаи Киев "аз субҳ то шом" хабар доданд.
Президенти Русия изҳороти баъзе сиёсатмадорони аврупоиро дар бораи омодагӣ ба ҷанг бо Русия бемаънӣ номид.
"Дар мавриди изҳороти сиёсатмадорони аврупоӣ дар бораи омодагӣ ба ҷанг бо Русия, ин бемаънӣ аст. Ин гӯё аз нақшаҳои хашмгинонаи Русия нисбати Ғарб ва кишварҳои Аврупо вобаста аст. Ин дурӯғ аст", - гуфт Путин дар нишасти матбуотӣ пас аз нишасти ИиАО дар Қазоқистон.
Вай афзуд, ки сиёсатмадорони ғарбӣ мехоҳанд муқовиматро бо Русия идома диҳанд.
"Русия ҳеҷ гоҳ ба кишварҳои аврупоӣ таҳдид накардааст ва таҳдид намекунад. Ҳама чизе, ки онҳо (сиёсатмадорони ғарбӣ) мекунанд, танҳо барои идомаи муқовимат бо Русия ва сафед кардани хароҷоти аз ҳад зиёд аз буҷаи миллии худ аст, дар ҳоле ки андозсупорандагони кишварҳои аврупоиро ғорат мекунанд", - гуфт Путин.
Раҳбари Русия ба ёд овард, ки чӣ тавр Ғарб Русияро бо иддао кардани он, ки НАТО як қадам ҳам ба самти шарқ нахоҳад гузошт, фиреб дод. Ба гуфтаи президент, фоҷиа дар Украина натиҷаи амалҳои сиёсатмадорони ғарбӣ аст.
Путин ба хабарнигорон гуфт: "Фоҷиае, ки дар Украина рух медиҳад, кори онҳо (сиёсатмадорони ғарбӣ) аст, натиҷаи сиёсати онҳост. Онҳо касоне буданд, ки онро ба табаддулоти давлатӣ дар Киев дар соли 2014 оварда расонданд."
Президенти Русия изҳор дошт, ки айни замон дар бораи Украина чунин гуфтушунид вуҷуд надорад, гарчанде ки баъзе тамосҳо боқӣ мондаанд.
Ҳамзамон оқои Путин таъкид, ки Русия омода аст, ки музокиротро дар бораи Украина идома диҳад ва ҳеҷ гоҳ онҳоро рад накардааст.
Вай инчунин ба ёд овард, ки Аврупо, аз ҷумла Олмон, бо рад кардани таъминоти энержӣ аз Русия, бохтааст.
"Мо лӯлаи гази Маҷрои шимолро сохтем. Пас, оё ин барои давлати Олмон, барои иқтисоди Олмон бад аст? Ва акнун, ки онҳо аз энержии мо даст кашидан, оё беҳтар шуд? Онҳо кӯшиш мекунанд, ки аз Қазоқистон нафт гиранд, аммо лӯлаҳо то ҳол аз мо мегузаранд", - гуфт Путин ба хабарнигорон.
Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков дар моҳи апрел изҳор дошт, ки амалиёти вижаи низомӣ то он даме, ки Владимир Зеленский ҷуръати бастани созишномаи сулҳро бо Русия пайдо накунад, идома хоҳад ёфт. Вай қайд кард, ки Маскав на оташбас, балки сулҳи пойдор ва устуворро мехоҳад.