https://sputnik.tj/20260612/muhojiron-rusiya-afzoish-chandkaratai-pardok-rubaru-1078251344.html
Муҳоҷирон дар Русия бо афзоиши чандкаратаи боҷ рӯбарӯ мешаванд
Муҳоҷирон дар Русия бо афзоиши чандкаратаи боҷ рӯбарӯ мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Қонун дар бораи афзоиши чандкаратаи пардохтҳои муҳоҷиратӣ имсол ба буҷаи Русия 7,9 млрд рубл ва аз соли 2027 сар карда 15,8 млрд рубл ворид хоҳад кард
2026-06-12T14:36+0500
2026-06-12T14:36+0500
2026-06-12T14:36+0500
муҳоҷират
русия
боҷ
муҳоҷир
муҳоҷирони корӣ
рвп
иҷозатнома
иқомат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/0b/1078242190_0:305:3072:2033_1920x0_80_0_0_894f779413db1717ef0500993d4c8da2.jpg
ДУШАНБЕ, 12 июн - Sputnik. Думаи давлатии Русия қонунеро қабул кард, ки аксари пардохтҳоро барои шаҳрвандони хориҷӣ ба таври назаррас афзоиш медиҳад ва як қатор пардохтҳои навро ҷорӣ мекунад.Мувофиқи қонун, иваз кардани иҷозатномаи истиқомат барои муҳоҷирон 6 ҳаз. рубл ва гирифтани иҷозатномаи муваққатии истиқомати такрорӣ 5 ҳаз. рубл арзиш дорад.Дигар пардохтҳо низ ба таври назаррас афзоиш ёфтанд. Ҳамин тариқ, нархи раводиди бисёркарата аз 1920 то 6 ҳаз. рубл, даъватномаи вуруд аз 1960 то 8 ҳаз. рубл ва худи иҷозатномаи истиқомат аз 6 ҳаз. то 3 ҳаз. рубл афзоиш хоҳад ёфт.Ғайр аз ин, ҳаққи хизмат барои додани иҷозатномаи муваққатии истиқомат, киро кардани коргарони хориҷӣ ва иҷозатномаҳои корӣ афзоиш хоҳад ёфт.Тартиби гирифтани шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он аз 4200 то 50 ҳаз. рубл ва тамдиди мӯҳлати раводид аз 1200 то 2 ҳаз. рубл афзоиш хоҳад ёфт.Қонун инчунин имтиёзҳоро пешбинӣ мекунад. Баъзе категорияҳои муҳоҷирон ва шахсони бешаҳрванд аз пардохти ҳаққи шаҳрвандӣ озод карда шудаанд. Ҳамчунин, аз онҳое, ки бо фармони президент барои Русия манфиатдор дониста мешаванд, боҷ барои иҷозатномаи муваққатии истиқомат ё иҷозатномаи истиқомат ситонида намешаванд.Ғайр аз ин, барои муҳоҷироне, ки бо Вазорати дифоъ шартнома бастаанд, пардохтҳо барои муқаррар кардани шаҳрвандии Русия, қабули онҳо барои шаҳрвандӣ ва додани иҷозатномаи истиқомат бекор карда мешаванд.Қонун як моҳ пас аз нашри расмии он эътибор пайдо мекунад. Интизор меравад, ки даромади иловагии буҷаи федералӣ аз ҳисоби муҳоҷират имсол тақрибан 7,9 млрд рубл ва аз соли 2027 сар карда, солона 15,8 млрд рублро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20260606/rusiya-qoida-muoinai-tibbi-muhojiron-1078076034.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/0b/1078242190_199:0:2930:2048_1920x0_80_0_0_00b1ef4a4b4663220bcbc726b09d7b11.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷират, русия, боҷ, муҳоҷир, муҳоҷирони корӣ, рвп, иҷозатнома, иқомат
муҳоҷират, русия, боҷ, муҳоҷир, муҳоҷирони корӣ, рвп, иҷозатнома, иқомат
Муҳоҷирон дар Русия бо афзоиши чандкаратаи боҷ рӯбарӯ мешаванд
Қонун дар бораи афзоиши чандкаратаи пардохтҳои муҳоҷиратӣ имсол ба буҷаи Русия 7,9 млрд рубл ва аз соли 2027 сар карда 15,8 млрд рубл ворид хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 12 июн - Sputnik. Думаи давлатии Русия қонунеро қабул кард, ки аксари пардохтҳоро барои шаҳрвандони хориҷӣ ба таври назаррас афзоиш медиҳад ва як қатор пардохтҳои навро ҷорӣ мекунад.
Мувофиқи қонун, иваз кардани иҷозатномаи истиқомат барои муҳоҷирон 6 ҳаз. рубл ва гирифтани иҷозатномаи муваққатии истиқомати такрорӣ 5 ҳаз. рубл арзиш дорад.
Дигар пардохтҳо низ ба таври назаррас афзоиш ёфтанд. Ҳамин тариқ, нархи раводиди бисёркарата аз 1920 то 6 ҳаз. рубл, даъватномаи вуруд аз 1960 то 8 ҳаз. рубл ва худи иҷозатномаи истиқомат аз 6 ҳаз. то 3 ҳаз. рубл афзоиш хоҳад ёфт.
Ғайр аз ин, ҳаққи хизмат барои додани иҷозатномаи муваққатии истиқомат, киро кардани коргарони хориҷӣ ва иҷозатномаҳои корӣ афзоиш хоҳад ёфт.
Тартиби гирифтани шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он аз 4200 то 50 ҳаз. рубл ва тамдиди мӯҳлати раводид аз 1200 то 2 ҳаз. рубл афзоиш хоҳад ёфт.
Қонун инчунин имтиёзҳоро пешбинӣ мекунад. Баъзе категорияҳои муҳоҷирон ва шахсони бешаҳрванд аз пардохти ҳаққи шаҳрвандӣ озод карда шудаанд.
Ҳамчунин, аз онҳое, ки бо фармони президент барои Русия манфиатдор дониста мешаванд, боҷ барои иҷозатномаи муваққатии истиқомат ё иҷозатномаи истиқомат ситонида намешаванд.
Ғайр аз ин, барои муҳоҷироне, ки бо Вазорати дифоъ шартнома бастаанд, пардохтҳо барои муқаррар кардани шаҳрвандии Русия, қабули онҳо барои шаҳрвандӣ ва додани иҷозатномаи истиқомат бекор карда мешаванд.
Қонун як моҳ пас аз нашри расмии он эътибор пайдо мекунад. Интизор меравад, ки даромади иловагии буҷаи федералӣ аз ҳисоби муҳоҷират имсол тақрибан 7,9 млрд рубл ва аз соли 2027 сар карда, солона 15,8 млрд рублро ташкил медиҳад.