https://sputnik.tj/20260609/tojikiston-istehsol-mahsulot-sanoat-afzudaast-beshtar-sughd-1078163167.html
Дар Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 13% афзудааст: бештараш дар Суғд
Дар Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 13% афзудааст: бештараш дар Суғд
Sputnik Тоҷикистон
Таъкид мешавад, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар сари аҳолӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ 2066,89 сомониро ташкил медиҳад
2026-06-09T09:32+0500
2026-06-09T09:32+0500
2026-06-09T09:32+0500
дар тоҷикистон
саноат
суғд
истеҳсол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/09/1064253084_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_1e2dcc4aae064c26ed28d660fe768e0c.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июн - Sputnik. Корхонаҳои саноатии Тоҷикистон якҷо бо соҳибкорони хусусӣ дар моҳи январи соли ҷорӣ қариб 21,8 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.Ба гузориши Оҷонсии омор, ин нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 13% зиёд аст.Омили асосии рушди суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми саноати коркард – 28%, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво – 13,3%, таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа – 17,3%ба амал омадааст.Ба гузориши ин ниҳод, дар сохтори ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати ҷумҳурӣ ҳиссаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати вилоятҳои Суғд 62,8% ва Хатлон 17,9% афзалият доранд.Ҳамчунин дар ин давра, ҳиссаи шаҳри Душанбе дар саноати кишвар 11,7%, НТМ 7,36% ва ВМКБ 0,3% будааст.Таъкид мешавад, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар сари аҳолӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ 2066,89 сомониро ташкил медиҳад.Агар истеҳсол ба ҳар сари аҳолӣ дар доираи минтақа таҳлил шавад, Суғд пешсаф буда, 4595 сомонӣ ба ҳар сари аҳолӣ рост меояд. Нишонҳиҳанда дар Душанбе 2000, дар Хатлон 1027, НТМ 696 ва дар ВМКБ бошд, 284 сомонию аст."Амалишавии пай дар пайи чорабиниҳо оид ба рушди соҳаи саноат дар кишвар ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатии минтақаҳои ҷумҳурӣ мусоидат намуд, ки суръати рушди соҳаи саноат дар вилояти Суғд (115% нисбат ба январ – апрели соли 2025), вилояти Хатлон (111%), шаҳри Душанбе (121,5%) баланд гардида, дар НТҶ ба 87,9% ва ВМКБ бошад, ба 110,6% баробар гардид.",- афзудаст манбаъ.Таъкид мешавад, ки дар давраи ҳисоботӣ 3983 корхонаҳои истеҳсолӣ аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ 364 адад, коркард 3445 адад, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 72 адад ва таъминоти об ва коркарди партовҳо 101 адад фаъолият намудаанд.Аз ин шумора 1325 адад ба вилояти Суғд, 929 адад ба вилояти Хатлон, 836 адад ба Душанбе, 693 адад ба НТҶ ва 200 адад ба ВМКБ рост меоянд.рост меоянд.
https://sputnik.tj/20260608/bonk-rushd-avruosiyo-afzoish-mmd-tojikistonro-peshgui-1078155048.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/09/1064253084_0:0:1137:853_1920x0_80_0_0_0d5f83325c113684933818927e122ae5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, саноат, суғд, истеҳсол
дар тоҷикистон, саноат, суғд, истеҳсол
Дар Тоҷикистон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 13% афзудааст: бештараш дар Суғд
Таъкид мешавад, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар сари аҳолӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ 2066,89 сомониро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 9 июн - Sputnik. Корхонаҳои саноатии Тоҷикистон якҷо бо соҳибкорони хусусӣ дар моҳи январи соли ҷорӣ қариб 21,8 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.
Ба гузориши Оҷонсии омор, ин нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 13% зиёд аст.
Омили асосии рушди суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми саноати коркард – 28%, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво – 13,3%, таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа – 17,3%ба амал омадааст.
Ба гузориши ин ниҳод, дар сохтори ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати ҷумҳурӣ ҳиссаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати вилоятҳои Суғд 62,8% ва Хатлон 17,9% афзалият доранд.
Ҳамчунин дар ин давра, ҳиссаи шаҳри Душанбе дар саноати кишвар 11,7%, НТМ 7,36% ва ВМКБ 0,3% будааст.
Таъкид мешавад, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар сари аҳолӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ 2066,89 сомониро ташкил медиҳад.
Агар истеҳсол ба ҳар сари аҳолӣ дар доираи минтақа таҳлил шавад, Суғд пешсаф буда, 4595 сомонӣ ба ҳар сари аҳолӣ рост меояд. Нишонҳиҳанда дар Душанбе 2000, дар Хатлон 1027, НТМ 696 ва дар ВМКБ бошд, 284 сомонию аст.
"Амалишавии пай дар пайи чорабиниҳо оид ба рушди соҳаи саноат дар кишвар ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатии минтақаҳои ҷумҳурӣ мусоидат намуд, ки суръати рушди соҳаи саноат дар вилояти Суғд (115% нисбат ба январ – апрели соли 2025), вилояти Хатлон (111%), шаҳри Душанбе (121,5%) баланд гардида, дар НТҶ ба 87,9% ва ВМКБ бошад, ба 110,6% баробар гардид.",- афзудаст манбаъ.
Таъкид мешавад, ки дар давраи ҳисоботӣ 3983 корхонаҳои истеҳсолӣ аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ 364 адад, коркард 3445 адад, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 72 адад ва таъминоти об ва коркарди партовҳо 101 адад фаъолият намудаанд.
Аз ин шумора 1325 адад ба вилояти Суғд, 929 адад ба вилояти Хатлон, 836 адад ба Душанбе, 693 адад ба НТҶ ва 200 адад ба ВМКБ рост меоянд.рост меоянд.