https://sputnik.tj/20260608/bonk-rushd-avruosiyo-afzoish-mmd-tojikistonro-peshgui-1078155048.html
БРАО афзоиши ММД-и Тоҷикистонро аз 8% зиёд пешгӯӣ мекунад
БРАО афзоиши ММД-и Тоҷикистонро аз 8% зиёд пешгӯӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи таҳлилгарон, талаботи қавии дохилӣ омили асосии иқтисоди Тоҷикистон боқӣ мемонад
2026-06-08T14:31+0500
2026-06-08T14:31+0500
2026-06-08T14:31+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
бонки авруосиёгии рушд
ммд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102233/53/1022335388_0:0:1500:844_1920x0_80_0_0_94daf2e4fdd8a3ebc2293a9be799c7ca.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июн - Sputnik. Афзоиши ММД-и Тоҷикистон то охири соли 2026 метавонад аз суръати 8%-е, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ мушоҳида шудааст, зиёдтар бошад. Ин пешгӯӣ дар баррасии ҳарҳафтаинаи макроиқтисодии Бонки Рушди Авруосиё (БРАО) мавҷуд аст. Таҳлилгарони бонк қайд карданд, ки иқтисоди кишвар дар чор моҳи аввали соли 2026 суръати баланди афзоиши пайвастаро нишон додааст. Ба гуфтаи коршиносон, талаботи дохилӣ омили асосии рушди иқтисодӣ боқӣ мемонад. Ин хулосаро афзоиши назарраси нишондиҳандаҳои асосӣ дастгирӣ мекунад: савдои чакана 30,3% ва сармоягузорӣ 21,7% афзоиш ёфтааст. БРАО инчунин қайд кард, ки фаъолияти сармоягузорӣ ба саноати кишвар дастгирии назаррас мерасонад. Ин пеш аз ҳама ба саноати истеҳсолӣ ва масолеҳи сохтмонӣ дахл дорад. Тавре ки дар баррасӣ нишон дода шудааст, ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии кишвар дар давраи ҳисоботӣ 13% афзоиш ёфтааст. Дар айни замон, истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ 23,2% афзоиш ёфтааст. Ғайр аз ин, истеҳсоли металл 15% ва истеҳсоли ғайриметаллӣ 23,7% афзоиш ёфтааст.Барои муқоиса, дар моҳи феврали соли 2026, дар баррасии ҳарҳафтаинаи макроиқтисодии худ, БАОР афзоиши ММД-и Тоҷикистонро дар соли ҷорӣ дар сатҳи 8,1% баланд нигоҳ дошта буд. Пешгӯии нав нишон медиҳад, ки ин рақам метавонад аз он зиёдтар бошад.
https://sputnik.tj/20260608/nisf-manzil-navbunyod-tojikiston-dushanbe-omor-1078144977.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102233/53/1022335388_188:0:1313:844_1920x0_80_0_0_4ef5c2d250bc0d26aa59791ab70e2259.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иқтисод, бонки авруосиёгии рушд, ммд
дар тоҷикистон, иқтисод, бонки авруосиёгии рушд, ммд
БРАО афзоиши ММД-и Тоҷикистонро аз 8% зиёд пешгӯӣ мекунад
Ба гуфтаи таҳлилгарон, талаботи қавии дохилӣ омили асосии иқтисоди Тоҷикистон боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 8 июн - Sputnik. Афзоиши ММД-и Тоҷикистон то охири соли 2026 метавонад аз суръати 8%-е, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ мушоҳида шудааст, зиёдтар бошад.
Ин пешгӯӣ дар баррасии ҳарҳафтаинаи макроиқтисодии Бонки Рушди Авруосиё (БРАО) мавҷуд аст.
Таҳлилгарони бонк қайд карданд, ки иқтисоди кишвар дар чор моҳи аввали соли 2026 суръати баланди афзоиши пайвастаро нишон додааст.
Ба гуфтаи коршиносон, талаботи дохилӣ омили асосии рушди иқтисодӣ боқӣ мемонад.
Ин хулосаро афзоиши назарраси нишондиҳандаҳои асосӣ дастгирӣ мекунад: савдои чакана 30,3% ва сармоягузорӣ 21,7% афзоиш ёфтааст.
"Мо интизорем, ки ба шарофати талаботи қавии дохилӣ, афзоиши ММД дар соли 2026 аз 8% зиёд хоҳад шуд",- гуфта мешавад дар гузориш.
БРАО инчунин қайд кард, ки фаъолияти сармоягузорӣ ба саноати кишвар дастгирии назаррас мерасонад. Ин пеш аз ҳама ба саноати истеҳсолӣ ва масолеҳи сохтмонӣ дахл дорад.
Тавре ки дар баррасӣ нишон дода шудааст, ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии кишвар дар давраи ҳисоботӣ 13% афзоиш ёфтааст. Дар айни замон, истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ 23,2% афзоиш ёфтааст.
Ғайр аз ин, истеҳсоли металл 15% ва истеҳсоли ғайриметаллӣ 23,7% афзоиш ёфтааст.
Барои муқоиса, дар моҳи феврали соли 2026, дар баррасии ҳарҳафтаинаи макроиқтисодии худ, БАОР афзоиши ММД-и Тоҷикистонро дар соли ҷорӣ дар сатҳи 8,1% баланд нигоҳ дошта буд. Пешгӯии нав нишон медиҳад, ки ин рақам метавонад аз он зиёдтар бошад.