"Кукнор-2026": Дар ноҳияи Мастчоҳ 4 ҳаз. бех растании бангдона нобуд карда шуд
16:02 09.06.2026 (Навсозишуда: 16:03 09.06.2026)

© Sputnik / Алексей Майшев
/ Обуна шудан
Ин амалиёт барои пешгирӣ ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар равона шудааст
ДУШАНБЕ, 9 июн - Sputnik. Дар ноҳияи Мастчоҳ амалиёти ҷумҳуриявии "Кукнор-2026" гузаронида шуд.
Тибқи иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар доираи амалиёти мазкур аз ҷониби кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар заминҳои бекорхобидаи ҳудуди шаҳраки Бӯстон амалиёт гузаронида шуд.
Дар паи амалиёт аз ин заминҳо, беш аз 4 ҳазор бех растании худрӯи бангдона ошкор гардида, нобуд карда шуд.
Вазни умумии растаниҳои дарёфтшуда 48 кг ташкил додааст.
Масъулини мақомоти корҳои дохилӣ таъкид менамоянд, ки корҳои санҷишӣ ва рейд дар ҳудуди ноҳия идома дошта, ҷиҳати ошкор ва аз байн бурдани растаниҳои нашъадор, инчунин пешгирии ҳолатҳои парвариши ғайриқонунии онҳо тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ мешаванд.
Ба гуфтаи мутахассисон, ҷалби фаъоли аҳолӣ ба пешгирии қонуншиканиҳо ва ҳамкории зич бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ яке аз омилҳои муҳими пешгирии паҳншавии маводи мухаддир ба шумор меравад.

Аз ин рӯ, шаҳрвандон даъват мешаванд, ки дар сурати мушоҳидаи ҳолатҳои парвариш, нигоҳдорӣ ё муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба мақомоти дахлдор сари вақт хабар диҳанд.
Амалиёти "Кукнор-2026" дар доираи татбиқи Стратегияи миллии назорати маводи нашъаовар дар Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030 роҳандозӣ гардида, ҳадафи он пешгирии парвариши растаниҳои нашъадор ва маҳдуд намудани манбаъҳои ашёи хоми маводи мухаддир арзёбӣ мешавад.